19-уми январи соли 2015 дар шуъбаи ҲНИТ минтақаи Қурғонтеппа конфронси
8-уми ҳисоботии навбатии бахши ҲНИТ дар шаҳри Қурғонтеппа доир гашт. Дар кори
конфронс 25 вакил даъват шуда, аз онҳо 19 нафарашон ширкат доштанд.
Конфронс бо тиловати чанд аз ояти муборака шуруъ шуд.
Сипас, Қурбонов Анвар, раиси бахши ҳизб дар шаҳри Қурғонтеппа аз 2-сола
фаъолияти хеш гузориш дод.
Вакилон дубора Қурбонов Анварро раиси бахш ва Сафаров
Фаррухро раиси комиссияи тафтишотӣ дар шаҳри мазкур интихоб намуданд.
Дар кори конфронс раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақа Қамариддин
Афзалӣ ва яке аз муассисони ҲНИТ ҳоҷӣ Қаландари Садриддин ширкат доштанд.