Рамазон Раҳимзода: Нисбати қазияи Расули Амонулло 7 – ташхис гузаронидем

Рамазон Раҳимзода: Нисбати қазияи Расули Амонулло 7 - ташхис гузаронидемcolorstart:#000000Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки нисбати Расули Амонулло 7 – ташхис гузаронидем, ки ташхиси техникии садама гунаҳгории писари Ҳукуматуллоҳи Амонулло, собиқ раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро гунаҳгор надонист.

Ӯ ин нуктаро дар рӯбарӯ бо хабарнигорони дохиливу хориҷии кишвар тазаккур дод, ки чун Расули Амонулло дар ин садама гунаҳкор нест, аз ин рӯ ҳамин парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ қисман маҳкам карда шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи 11 октябри соли 2013 матбуотии ВУД тафсилот аз ҷараёни садама, ки тахминан соати 02:30-и шаби 8-ум ба 9-уми октябрдар чорроҳаи Рӯдакӣ-Шоҳтемури маркази шаҳри Душанбе рух дода буд, нашр карда, гуфт ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатиаш 20-20 РТ 01, шаҳрванд Расули Амонулло, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ босуръати баланд ҳаракат карда, ба мошини тамғаи «ВАЗ-21014», бархӯрда, боиси садамаи нақлиётӣ гардидааст.

Раҳимзода нисбати фирор шудани Низомхон Ҷураев, раиси собиқи корхонаи кимиёвии Исфара, ки ба сирқати маблағҳои давлатӣ муттаҳам шудааст, изҳори беиттилоъӣ намуда гуфт, аз мақомоти мубориза ба коррупсия пурсед, дар сурати дархост мо дунболи ҷусутҷӯи номбурда мешавем.
Дар масъалаи фаъолияти ғайриқонунии кормандони “Шаҳри бехатар” ӯ гуфт, ки 11 – нафарро аз кор сабукдӯш шудааст. Ва дар ҳоли ҳозир дар беш аз 70 кӯчаҳои шаҳри Душанбе камераҳои назоратӣ насб гардида, дар назар аст, ки дар дигар шаҳрро ҳам камераҳо насб шаванд ва ин кор барои дастгир намудани ҷинояткорон мусоъидат мекунад.

Ҳамчунин дар ин нишасти хабарӣ вазири умури дохилӣ нигаронӣ аз сатҳи болоравии ҷинояткорон намуда, қайд кард, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 9 ҳазору 300 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз он зиёда аз 7 ҳазору 900 ададаш ошкор гардида, сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо наздики 90 фоизро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи генерал дар шашмоҳаи аввали сол 14 – гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо аъзогии 61 нафар муайян ва дастгир карда шуда, ки дар содир намудани 98 ҷинояти махсусан вазнин даст доштаанд.

Рамазон Ҳамро илова намуда, гуфт, ки дунболи амалиётҳои ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 49 нафар аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, 39 узви гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 9 узви гурӯҳи бандитӣ дастгир шудааст, ки аз ҷониби онҳо 169 ҷиноят содир шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи мақомоти умури дохилӣ 5 ҳолати амали террористӣ пешгирӣ карда шуда, як ҷинояти терористӣ ошкор карда шуд, афзуд вазири умури дохилӣ.

Дар ин нишасти матуботӣ ба гуфтаи мақомоти умури дохила, дар самти ҷиноятҳои вобаста ба ахлоқ, фоҳишагӣ ва даллагӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 593 ҷиноят ошкор шудааст. Аз ин ҷумла 1777 фоҳиша, ки аз онҳо 30 нафар ноболиғон, 2502 далла ва нигаҳдорандагони фоҳишахона ва 259 нафар ҳамҷинсгароён (мард бо мард ва зан бо зан) ошкор шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра 157 нафар афроде, ки ба интиқоли занону духтарон ба хориҷи кишвар бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ машғуланд, ошкор шуда ва дар қайдҳои алоҳидаи вазорати корҳои дохилӣ гирифта шудаанд./colorend

More From Author

You May Also Like