Телевизиони РЕН – тв дар гузориши ҳафтаинаи худ баён доштааст, ки Амрико дар шаклгирии созмонҳои террористии байналмилалӣ ширкати мустақим дошт.
Ин шабака хотирнишон карда, ки бархе созмонҳои террористӣ, аз ҷумла “ДИИШ” бо кӯмаки муттаҳидони Амрико дар минтақаи Ховари Миёна ба вуҷуд омадаанд.
Ба гузориши як хабаргузории хориҷӣ ба нақл аз шабакаи мазкур навиштааст, ки Амрико на танҳо ширкат ё дахолати худ дар шаклгирии ин гурӯҳҳои террористиро пинҳон мекунад, балки бо иқдомҳои намоишӣ, мисли бамбборон кардани макони ДИИШ дар Ироқу Сурия афкори умуми ҷаҳониро мехоҳад ором кунад.
Тибқи хабаргузориҳо, шабакаи русӣ дар идома баҳси ҳафтаинаи худ гуфтааст, ки Амрико бо ҳамла кардан ба кишварҳои Ироқу Либия, ин кишварҳоро ба маконҳои террористҳо табдил кард, ки дар ин иқдоми зиддибашарӣ Вошингтону муттаҳидонаш, мисли Англия ва Фаронса шарик ҳастанд.
Ҳамзамон РЕН – тв дар идомаи гузоришҳои худ, интиқод аз сиёсатҳои Фаронса кард ва баён дошта, ки Фаронса бо баҳонаи озодии баён ба расонаҳои ин кишвар иҷозати тавҳин ба Паёмбари Исломро додааст.
Дар поёни гузориш хотирнишон шуд, ки давлати Фаронса пас иқдомоти ахир дар Париж ва кушта шудани шуморе дар ҷараёни ҳамлаи гурӯҳӣ ба нашрияи Шарлӣ – Эбдо аз сиёсатҳои нобихрадонаи худ даст накашида ва ба ҷои чораандешӣ барои поён додан ба ин вазъият, ба чопи карикатураҳои тавҳинкунанда иҷозат ва вазъиятро боз ҳам ноором кардааст.