Замоне Ислом ва мусалмононро то ба ҳадде заъиф сохта буданд, ки ҳарф аз дини мубин задан танҳо дар кунҷи масоҷид имкон дошту бас, он ҳам агар дари масҷиде барои барпо доштани намоз барои пирамарде боз мемонд. Чун рафтани насли ҷавон ба чунин маконҳо ақибмондагӣ дониста мешуд.
Ҳар касе даъвои равшанфикрӣ мекард, танҳо аз Марксу Ленин ва дигаре аз арбобони низомҳои бединӣ ҳарф мезад. Ҳарф задан аз Исломро дар берун нишони ақибмондагӣ ва иртиҷоъӣ мегуфтанд.
Ин гуна воқеъиятҳо, новобаста ба низоми давлатдорӣ, тамоми ҷаҳони исломро фаро гирифта, номҳое мисли «Ҷавонони болшевик», «Ҷабҳаи халқ барои озодии Фаластин», «Ҷавонони коммунисти араб», «Ҳизби сотсиалистии араб», «Ҳизби баъси араб», «Парчам»-у «Халқиҳо» ва дигару дигарҳо пайдо шуданд.
Ҷаҳони Ислом бо Ислом мубориза мебурд ва ин дини покро бузургтарин монеъа ҷиҳати пешрафт медонист. Зиндонҳо аз Сибир то ба Миср моломол аз мусалмонҳо буд, танҳо бо гуноҳи эътиқод ба Ислом. Ҳатто як давлати таҳмилии Исроил, се давлати бузурги арабӣ: Мисру Урдун ва Суриёро дар як «ҷанги шашрӯза» ба шикасти сангин мувоҷҷеҳ сохт ва то ба имрӯз бахши бузурге аз ин се давлатро зери тасарруф нигоҳ медорад.
Аммо имрӯз ҳамон Исроили таҳмилӣ ва ғосиб тавони шикасти як ҳизби кӯчакеро бо номи ҲАМОС надорад, дар ҳоле, ки онро иддае аз кишварҳои қудратманд, ҳатто давлатҳои алоҳидаи арабӣ пуштибонӣ мекунанду ҲАМОС дар муҳосираи чандсола қарор дорад. Пас ин ҷо ҳувият ва ҳайсияти мусалмонист, ки душман тавонмандии шикасти ин ҳаракати муқоваматро надорад.
Имрӯз дар минбарҳои баланд ва кохҳои боҳашамат ҳарфи Ислом шунида мешавад, қудратҳои ҷаҳонӣ ва манфиъатхоҳони ҳайсиятгумкарда ҳайронанд, ки чӣ тасмиме барои барқарории субот дар Шарқи Миёна бигиранд. Кор ба ҷое расида, ки дар миёни рушанфикрон, бахусус онҳое, ки афкори хешро дар заминаи фарҳанги исломӣ комил кардаанд, сухан гуфтан аз ғайри Ислом ва мақтабу таълимоти ғайри исломӣ дигар маъное надорад. Дар ҳоле ки Ислом дар қалби Аврупо ва Амрико пешрафт дорад.
Агар душмани манфиъатхоҳе Қуръонро ба оташ мекашад, боз ҳам пурфуруштарин китоб дар Ғарб, Қуръони Карим аст. Пас ҳарф аз дин ва Ислом намоди рушангариву рушанфикрӣ ва озодаву мубориз будан қарор гирифтааст.
Растохези исломӣ наздик аст, алҳамдулиллоҳ
Абдуллоҳи Ҳайдар