Ҷ. Ҳокӣ
Расул Боқиев, гуштингири тоҷик дирӯз дар нишасти хабарии тими олимпии Тоҷикистон барои нокомиаш дар сабқати гуштини Дзюдо дар бозиҳои олимпии «Лондон – 2012» аз мухлисони худ узр пурсид. Мавсуф иброз дошт, ки падараш қабл аз марг васият кардааст, ки дар Лондон барои нишони тилло талош кунад, вале ба ин ноил нагардидааст.
Ёдовар мешавем, аз 16 варзишгарони тоҷик, ки ба бозиҳои Лондон сафарбар карда шудаанд, танҳо як нафар муштзан Мавзуна Чориева соҳиби медали биринҷӣ гардид.