Categories Uncategorized

Эрон ълом кард: “мо ҷавоби ҳар гуна иқдоми низомиро хоҳем дод”

Исҳоқ Олиҳабиб, муовини намояндаи доими Эрон дар СММ, дар вокуниш ба суханони Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил, ки барои барномаи ҳастаии Эрон хати қирмиз таъйин кард, гуфт, ки Эрон ба ҳар гуна ҳамлаи низомӣ посухи ҷавобӣ хоҳад дод.

Олиҳабиб иброз дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон қудрати лозимро дорад, то аз худ дифоъ кунад ва ин ҳақро барои худ маҳфуз медонад, ки ҳар гуна ҳамларо бо тамоми қувва посух диҳад.

Муовини намояндаи Эрон дар СММ ҳамчунин суханони нахуствазири Исроил дар мавриди барномаи ҳасатии Эронро иттиҳоме бепоя ва беасосу пуч арзёбӣ кард. Вай ҳамзамон таъкид кард, ки барномаи ҳастаии Эрон сулҳомез аст.

More From Author

You May Also Like