Зимни амалиёти кормандони милитсия дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонии пойтахт, старшинаи дидбонгоҳи №3 Қушунҳои сарҳадии ноҳияи Фархор бо ҷурми интиқоли маводи мухадир дастриг карда шуд.
Бино ба иттилоъи сухангӯй маркази матбуотии ВКД Маҳмадулло Асадуллоев, дар пайи амалиёт шаҳрванд Диловар Домодов 23 – сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати Чапаев, старшинаи дидбонгоҳи №3 Қушунҳои сарҳадии ноҳияи Фархор, дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори навъи ҳашиш, вазнаш 5-килою 434-грамм ва маводи нашъадори навъи афюн, вазнаш 1килою 126-грамм (ҷамъ 6-килою 560-грамм), дарёфт ва мусодира карда шуд. Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.