Categories ҲНИТ

Рақобати ҲНИТ-и Кӯлоб ва Синои Кӯлоб ба нафъи наҳзатиҳо анҷом ёфт

Рақобати солим дар ҳар заминае, ки бошад барои фарҳангсозии ҷомеа аҳамияти зиёд дорад. Боиси хушҳолист, ки дар кишвари мо ҳам дар арсаҳои мухталиф мардум оҳиста оҳиста ба рақобати солим руй меоваранд. Дар шаҳри бостонии Кӯлоб дирӯз мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни сарқонун оғоз ёфтааст. Дар бозиҳои рӯзи аввал тими “тавҳид”-наҳзат дар Кӯлоб бо тими Синои шаҳри Кӯлоб рақобат намуданд. Тими наҳзат тавонист дар ин бозӣ ба дарвозаи тими ҳариф 6 туб ворид намояд. Тими Синои шаҳри Кӯлоб боошад тавонист фақат ба 3 туби тими наҳзати шаҳри Кӯлоб ҷавоб гардонад. Ба ҳамин тартиб бозӣ бо ҳисоби 6 бар 3 ба нафъи тими Тавҳиди наҳзат ба поён расид.

Ин мусобиқа ба муносибати ҷашни Сарқонуни кишвар баргузор мешавад ва имрӯз ҳам идома хоҳад ёфт. Аз ҷузъиёти дигари ин мусобиқа ҳам баъдан хабар хоҳем дод.

PS: Аз шаҳри Кӯлоб ҳамин ҳоло ба мо хабар доданд, ки тими рақиби наҳзат ВКД набуда, балки тими Сино будааст, ки дар он чанд нафар кормандони ВКД низ бозӣ мекардаанд. Бинобарин хабар ислоҳ карда мешавад.

More From Author

You May Also Like