Categories ҶОМЕА

Раҳмон ба номи Худо ва ҷони беш аз 8 миллион савганд хурд

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 16 – ноябр дар марсоими савгандёдкунии худ гуфт, ки ҷаҳду талоши худро минбаъд низ ба он равона месозад, ки Тоҷикистон чун давлати куҳанбунёд ва соҳиби тамаддуни пурифтихор мақому манзалати шоистаи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад, то ҳар як фарзанди он дар кадом гӯшаи сайёраамон набошад, аз тоҷик ва тоҷикистонӣ буданаш ифтихор карда, худро чун шаҳрванди ин кишвари сарбаланд муаррифӣ намояд.

Эмомоалӣ Раҳмон иброзт намуд, ки агар ҳамаи мо ҳаммарому муттаҳид бошем, ба мақсадҳоямон ҳатман ноил хоҳем шуд: “Мо ба мақсадҳои наҷибу бузургамон ҳатман ноил хоҳем гашт, агар ҳамаамон ҳаммарому муттаҳид бошем, ба Ватани азизамон содиқона хизмат кунем, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандро таҳкими бештар бахшем, ширкати фаъолонаи онҳоро дар идоракунии давлат таъмин гардонем, арзишҳои волои фарҳангӣ ва маънавии халқамон, таърихи қадимаи он ва суннату ойинҳои неки миллиамонро ҳарчи бештар азхуд намоем ва муҳимтар аз ҳама, манфиатҳои милливу давлатиамонро аз тамоми манофеи дигар афзал шуморем.”

Ҳамчунин ӯ ба номи поки Худованд ва ба номи Тоҷикистон савганд ёд намуд, ки фикру зикрашро фидои имрӯзу фардои неки халқи Тоҷикистон месозад: “Ман имрӯз бори дигар бо амри дилу виҷдони худ ба номи поки Худованди мутаол, ба номи неку муқаддаси Тоҷикистон, ба кӯҳҳои пурганҷ ва осмонбӯси он, ба водиҳои зарнисору боғу бӯстонҳои хуррами он, ба хотири эҳтироми падарону модарон, наврасону ҷавонон, тифлакони гаҳвора ва умуман ба ҷони беш аз ҳашт миллион шаҳрванди кишвар савганд ёд мекунам, ки тамоми ҳаётамро, орзуву андешаҳоямро ва фикру зикрамро фидои имрӯзу фардои неки халқи азизам ва Тоҷикистони маҳбубам месозам.”

Дар ҳамин ҳол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комисюни маркази интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, дар Кохи Миллат ба ӯ шаҳодатномаи президентиро супорид.

Ҳамчунин Маҳкам Маҳмудов, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои раисиҷумҳури кишвар, ливо ва нишони президентро тақдим кард.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, маҳз 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд, зимни иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари давлат интихоб шуда буд. Инак пас аз 21-сол Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карда, дигарбора зимоми қудратро дар Тоҷикистон барои ҳафт соли оянда ба даст гирифт.

More From Author

You May Also Like