Categories Uncategorized

Раҳмон ва Путин: Аз якдигар чӣ мехоҳанд? Вижа

Салоҳиддин Умарӣ


Баъд аз пайдо шудани овозаҳо дар робита ба сафари қарибулвуқуъи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия, ин сафар ҳадди ақал аз ду ҷиҳат аҳамият дорад.

Аввал ин, ки вақтҳои охир бино ба қавли коршиносон ва расонаҳои ду кишвар муносиботи сиёсии ду тараф дар сатҳи начандон хуб қарор дошта, новобаста аз ин, ки сабаби аслӣ ва пушти пардаии ин масъала дар чист ва агарчӣ эҳтимолан аз диди нозирони умур то андозае пинҳон монда бошад ҳам, вале бешак қазияи пойгоҳи низомии 201-Русия дар Тоҷикистон, яке аз масоили муҳиме аст, ки дар ин сардии муносибатҳо асар дорад ва тарафҳо зимни мулоқот дар ин сафар оиди он баҳс хоҳанд кард ва оддитарин фарди ҷомеа ҳам ба ин шак надорад.

Аммо масъалаи дуввуме, ки ин сафарро пураҳамият кардааст, ба поён расидани як мӯҳлати дигари президентии Эмомалӣ Раҳмон ва гарм шудани фазои сиёсӣ дар арафаи интихоботи президентии қарибулвуқуъ аст, ки агар масъалаи аввалӣ бештар ба манфиати геополитикӣ ва амниятии Русия рабт дошта бошад, масъалаи дувум бевосита ба шахси раисиҷумҳури Тоҷикистон алоқаманд аст.

Дар маҷмӯъ ду тараф бо пухтани гапҳояшон сари шинохти манфиатҳои якдигар эҳтимолан ба ин тавофуқ хоҳанд расид, ки Русия ба шарте аз номзадии Э. Раҳмон барои як давраи дигар пуштибонӣ мекунад, ки ахирӣ ҳам манфиатҳои Русияро бечунучаро дар кишвари матбуаш, аз ҷумла дар масъалаи пойгоҳи низомии 201-Русия, ҳифз намояд.

Бинобар ин, ҳар ду масъала ба ҳамдигар пайвастагии зиёд доранд ва бе тавофуқ сари яке дарсади мувофиқат бар сари дигарӣ хеле поин меравад.

Натиҷаи куллии ин сафар, ки эҳтимолан ҷузъиёти он барои расонаҳо пинҳон хоҳад монд, ин хоҳад буд, ки яке аз тарафҳо кишваре хохад буд, ки дар яке аз мамлакатҳое, ки тибқи Сарқонунаш мустақил эълон шудааст, барои муддатҳои тӯлонӣ соҳиби пойгоҳи низомӣ мешавад, вале тарафи дигар барои як давраи дигар яъне ҳафт сол дар қудрати сиёсӣ боқӣ хоҳад монд.

Аммо масъалае, ки каме саволбарангез боқӣ мемонад, ин аст, ки президенти Русия Валадимир Путин чанд сол пеш барои дар қудрат монданаш аз тактикае истифода бурд, ки дар ҷаҳон ҳеле кам иттифоқ меафтад ва бо вуҷуди он, ки оддитарин фарде, ки ба масоили сиёсӣ сарукор дорад, барои дубора ба мақоми президентии Русия баргаштани Путин баъд аз чаҳор сол тардид надошт, вале ин тактика ба қавле “бегапухабар” анҷом дода шуд ва ҳатто хориҷиҳо ҳам ба маҳорати дипломатии Путин тан доданд.

Аммо оё Путин аз ин тактика фақат барои афкори умумии дохили кишвари худ ва қоил кардани бегонаҳое, ки бо пешрафти технологияи иттилоотӣ, ҳатто роҳ рафтани мӯрча ҳам дар зери замин аз чашмашон пинҳон намемонад, истифода кард ва ё ба дигарон ҳам насиҳати дипломатӣ мекунад, ки барои ҳифзи имиҷ ва обрӯяшон лозим аст, то як муддат аз саҳна канор раванд?

Ин масъалаест, ки ҳатман ҳафтаҳои оянда оиди он баҳсҳои доғ сурат мегирад ва баъд аз баргузории анҷуманҳои ҳизбҳо ва нерӯҳои сиёсие, ки дар моҳи сентябр барои интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ мекунанд, ин қазия равшан мешавад, ки оё “тактикаи бегапухабар”- и Русия дар дигар кишварҳо ҳам қобили амал хоҳад буд ва ё аз он танҳо дипломатҳои ҳирфаӣ ва бо маҳорат барои ҳифзи обрӯи шахсӣ ва ҳам кишвари худ истифода карда метавонанду бас!

Манбаъ: nahzat.tj

More From Author

You May Also Like