Писари Нуриддин Раҳмонов, бародари калонии приезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раҳмон Умедҷон Нуриддин тибқи машварат бо сарвари кишвар ба симати прокурори ноҳияи Исломили Сомонии пойтахт таъин шуд.
Хабаргузории “Азия – Плюс” такя ба як манбаъи худ дар ҳукумати ҷумҳурӣ навиштааст, ки Раҳмон Умедҷон Нуриддин то ба ин симат расиданаш, вай ба ҳайси сардори маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ – криминалистии Вазорати адлияи ҶТ кору фаъолият доштааст.
Тибқи иттилоъи хабаргузориҳо, соли гузашта Раҳмон Умедҷон Нуриддин бо фармони президенти мамлакат бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.