[if gte mso 9]>
31.03.2012, 15:07
Идораи тими «Реал Мадрид»- и Испания қарореро расман қабул намуд, ки дар маҳсулот ва ҷойҳои махсуси тим дар кишварҳои Шарқи наздик аз шиори ин тим салибро бигиранд.
Рӯзномаи «Марка» таъкид намуд, ки ин қарор ба хотири эҳтироми дини Ислом қабул шудааст, чунки бештари сокинони минтақаи Шарқи наздик мусалмон мебошанд.
Рӯзнома зикр намудааст, ки раиси ин тим Флорентино Перес ба ҳокими Раъсул Хайма, шайх Суъуд сипари ин тимро ҳадя намуд, ки бедуни салиб буд. Ин дар ҳолест, ки салиб дар болои шиори ин тим вуҷуд дорад.
Ногуфта намонад, ки «Реал» дар Раъсул Хайма як лоиҳаеро дар назар дорад, ки як миллиард доллар арзиш дорад.