Categories Uncategorized

Рекорди ҳофизи 12 – сола, дар қироати Қуръон

Дар Ҳиндустон ноболиғи 12 сола дар қироати Қуръони Карим рекорд гузошт.

Сокини шаҳри Аҳмаднагори иёлати Махараштраи Ӽиндустон, Ҳофиз Муҳаммад Ҳабибуллоҳи 12 – сола бетанаффус аз соати 8 – и субҳ то соати 20 – и шом Қуръонро бидуни назора ба китоб қироат кардааст.

Зимни қироати ӯ сарвари мактаб ва муаллимон ҳам иштирок кардаанд. Ҳофиз Муҳаммад Ҳабибуллоҳ гуфтааст, ӯ ояҳои китоби муқаддасро дар муддати ҳашт моҳ аз ёд кардааст.

Роҳбарияти мактаб изҳор доштаанд, ки Ҳофизи 12 соларо қадрдонӣ мекунанд.

Ҳамчунин, барои расман ба қайд гирифтани рекорди гузоштаи ӯ унвонии Китоби рекордҳои Гиннес дархост фиристодаанд.

More From Author

You May Also Like