“Ташрифоварии шумо
ба кишвари мо мояи ифтихор аст ва гирди ҳам омадани ин ҷамъи бузурги донишмандон ва намояндагони ҳаракатҳои исломӣ
дар як ҷой танҳо дар Покистон имконпазир аст. Мо дар ҳукумати
Покистон саъй кардем, ки то ҳадди имкон аз
шумо пазироӣ кунем. Хуш
омадед!”- чунин гуфт Шаҳбоз Шариф, роҳбари вилояти Панҷоби Покистон
ва бародари Навоз Шариф, сарвазири ин кишвар дар нишасти расмие бо роҳабарон ва
намояндагони ҳаракатҳои исломӣ дар дафтарисарвазири Панҷоб.
Беш аз 100 раҳбар ва намояндагони ҳаракатҳои исломӣ, бо шумули Ҳизби наҳзати исломии
Тоҷикистон аз саросари дунё барои ширкат
дар таҷаммуъи бузурги Ҷамоати Исломии
Покистон, ки дар он садҳо ҳазор аз аъзо
ва ҷонибдорони ин ҳаракат ширкат намуданд, ба Покистон омадаанд. Ин барнома аз таърихи
21-уми ноябр то имруз, 24-уми ноябри соли 2014 идома дорад.
Сироҷулҳақ, роҳбари Ҷамоати Исломии
Покистон дар суханронии хеш дар ҷамъи садҳо ҳазор аз
тарафдоронаш ва расонаҳои Покистон аз
меҳмонони хориҷӣ истиқбол карда, гӯфт: “Ба
кишвари дуюми худатон хуш омадед! Ташрифоварии шумо, ки аз роҳҳои дур ба инҷо омадаед,
моро ташвиқ мекунад, ки
дар роҳи интихобкардаи худ собитқадам
бошем.”
Зуҳри дирӯз, 23-юми
ноябр Муҳаммад Шаҳбоз Шариф,
сарвазири вилояти Панҷоб ва ҳамзамон шахси
дуввуми ҳизби ҳокими ин
кишвар ҳамаи меҳмононро ба
дафтари хеш даъват карда, аз омадани онҳо ба кишвараш
ва ҳамчунин аз роҳбарияти Ҷамоати Исломии
Покистон барои даъвати меҳмонон ба
Покистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҷаноби Шаҳбоз Шариф дар
бораи сабабҳои ақибмонӣ ва рушднаёфтагии мусалмонон суҳбат карда,
афзуд: “Мо, мусалмонон ба ҷои ҷанг бо фасод,
фақр ва бесаводӣ, бо якдигар
даргир ҳастему ҷанг
мекунем.”
Баъди нишаст, Шаҳбоз Шариф,
сарвазири вилояти Панҷоб ва шахси
дуввуми ҳизби ҳокими
“Робитаи мусалмонони Покистон” ҳамроҳ бо Сироҷулҳақ, роҳбари Ҷамоати Исломӣ нишасти матбуотии
муштарак оиди таассуроти хеш аз нишаст бо меҳмонон баргузор карданд, ки он аз фарҳанги болои сиёсии ишон ва
фарҳанги ҳамкории зич ва
созанда байни аҳзоби мухталифи
Покистон дарак медиҳад.
Сипас, шоми дирӯз роҳбарон ва
намояндагони ҳаракатҳои исломӣ меҳмони Муҳаммад Сарвар
Чухдарӣ, волии вилояти Панҷоб ва собиқ вакили
парлумони Инглистон дар дафтари ӯ шуданд.
Ҷаноби Чухдарӣ, ки соли 1997
аввалин вакили мусалмон дар парлумони Инглистон интихоб шуд ва аввалин касе
аст, ки дар парлумони Инглистон бо Қуръони карим қасам ёд кардааст, аз
вохуриаш бо имомхатиби масҷиди Ал-ақсо дар солҳои навадум ёдоварӣ карда, гуфт:
“Соли 1997 ҳамчун вакили
мусалмон дар парлумони Инглистон ҳамроҳ бо ҳамкоронам ба Фаластин
рафтем ва бо имомхатиби масҷиди Ал-ақсо мулоқот кардам ва ба ӯ гуфтам чӣ паёме доред?
Ӯ гӯфт, ду паём дорам. Паёми аввал ба
масеҳиёни Инглистон
ва ҷаҳон ин аст, ки ҳазрати Исо дар
Фаластин таваллуд шуда, паёмаш меҳру муҳаббат ва сулҳу оромӣ аст, аммо
исроилиҳо дар
сарзамини у зулму ситам мекунанд ва кудакону занонро мекушанду хонаҳоро вайрон
мекунанд.”
Волии вилояти Панчоб афзуд: “Паёми дуввуми
имомхатиби масҷиди Ал-ақсо ба тамоми
мусалмонон буд. Имомхатиб гуфт, ки дифоъ аз Байтулмақдис танҳо вазифаи
фаластиниҳо нест, балки
он вазифаи динӣ ва инсонии
хамаи мусалмонон аст.”
Ҷаноби Сарвар
Чухдари эътирофи тарҳи давлати
Фаластин аз тарафи парлумони Ингилистонро аз ҷумлаи орзуҳояш хонд, ки
бо фазли Худованд соли ҷорӣ тақаққуқ пайдо кард. Ӯ гӯфт: “Вақте соли 1997
бори аввал вакил шудам, дар парлумони Инглистон танҳо 20 нафар
буданд, ки тарафдори фаластиниҳо буданд, вале
алҳамдулиллоҳ қабули тарҳи мазкур нишон
дод, ки ҳоло аксарияти
вакилони англис тарафдори эътирофи давлати Фаластин ҳастанд. Худоро
шукр.”
Имруз ҳамчун рӯзи ахири
барнома хосси харакатхои исломӣ буда, дар он
вазъи мусалмонон ва мушкилоти онҳо, бахусус
вазъи мавҷуда дар
Байтулмақдиси Фаластин
баҳсу баррасӣ мешавад.
Лозим ба ёдовари аст, ки
Ҷамоъати исломии Покистон ҳар чор ё панҷ сол баъд чунин таҷаммуъи бузурги
3-руза барои аъзо ва ҳаводоронашро баргузор мекунад, ки дар он садҳо ҳазор
нафар аз саросари ин кишвар ҷамъ мешаванд. Ҳадаф аз баргузории таҷаммуъро Ҷамоъати
исломӣ расондани паёми исломи ноб ва муътадил ба мардуми Покистон унвон мекунад.
Харчанд таҷаммуъи бузурги садҳо ҳазор нафар дар як ҷой ва он ҳам
барои 3 рӯз барои ҳар бинанда ҷои ҳайрат ва тақдир ҳам бошад, аммо барои ман
таомул ва ҳамкории хуби ҳизби ҳоким бо як ҳизби мухолиф ва такдиру мехмондории ҳизби
ҳоким нисбати меҳмонҳои рақибаш ҳайратовар буд.
М. Файзраҳмонов
Сухангуи ҲНИТ, Покистон.