Categories ҶОМЕА

Ришва-бузургтарин офати иҷтимоӣ

М.Қодирӣ

Ришва ва ришвахорӣ яке аз бало ва офатҳои иҷтимоъист, ки ҷомеъаро бештар ба фасод ва нобаробарӣ мебарад. Ришва дар баробари офат буданаш, хиёнати ахлоқӣ ва имонӣ ҳам ҳаст, ки гурӯҳе аз мардуми мазлумро аз ҳаққи худ маҳрум ва ноадолатиро дар расидан ба ҳаққи ҳалол афзоиш мебахшад. Хусусан, вақте ришва ба фарҳанги давлатмардон ва мақомоти давлатӣ табдил меёбад, барои ҷомеъа дарди бештареро ба вуҷуд меорад ва фасоду зулм асли низоми давлатдорӣ қарор мегирад. Феълан ришва ва ришвахорӣ дар афкор ва коргузории мақомоти аксари ҷомеъаҳои дунё як роҳи зиндагӣ ва халосӣ аз мушкилӣ ба шумор меравад. Аммо ришва ва ришвахорӣ дар кишвари мо пас аз ба даст овардани истиқлолият роҳи авҷи хешро касб кард, ки ин падида дар Тоҷикистон айни замон ҳоким аст. Коршиносон ва соҳибназарон ҳам дар мавриди ин падида назару андешаи хешро борҳо матраҳ кардаанд ва мо ҳам онро дар ҳаёти рузмарраи худ озода ба мушоҳида гирифтаем. Ҳатто мувофиқи таҳлилҳои яке аз коршиносон, фасод, ришвадиҳӣ ё ришваситонӣ дар Тоҷикистон аз боғчаи бачагона то идораҳои давлатӣ густариш ёфтааст, ки ҳар фарде мутобиқ ба имконоти худ аз ин падида истифода мебарад. Ҳамзамон бархе аз ҷомеъашиносон бар онанд, ки сабаби аслии афзоиши ришва дар Тоҷикистон набудани вазъи хуби зиндагии мардум ва пастии ҳадди ақали маъош мебошад. Ғайр аз ин тибқи гузорише созмони “Транспаренси интернешнал” ё Шаффофияти байналмилал Тоҷикистонро дар радифи даҳ кишвари фасодзадатарини олам қарор додаву гуфта, ки густариши фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ таҳдид ба амнияти миллии ин кишвар дорад.

Ришва ё ришвахорӣ, яъне чӣ!

Ришва молеро мегӯянд, ки аз тарафи шахсе барои бароварда сохтани мушкили худ истифода мешавад. Ва ҳаром эълон гаштани ин мол дар он аст, ки дар баробари касби фоидаи ришвадиҳанда, ҳаққи ҳалоли нафари дигареро аз байн мебарад, яъне нисбат ба ҳаққи ҳалоли нафари дигар хиёнат содир мешавад. Ҳамзамон донишмандони исломӣ маънии ришваро чунин тафсир кардаанд, ки ришва иборат аст аз мол ва матоъе, ки дода мешавад барои ҳоким ва ғайриҳоким то ба нафъи ришвадиҳанда ҳукми хешро файсала кунад. Баҳси ришва ва ришвахорӣ дар дини Ислом мавриди назар буда, истифода ва амал бо онро маҳкум мекунад. Пеш аз ҳама дини Ислом ин молро, ки барои нақзи ҳуқуқи башар ва ё зулми касе сарф мегардад, ҳаром мешуморад. Барои мисол, чун муомилаи ришва бештар дар миёни ҳокимон ва давлатмардону қудратхоҳон роиҷ аст, маҳз ба ҳамин хотир Қуръони карим барои онҳо хитобан дар сураи “Бақара”: 188 мефармояд: “Молҳоятонро дар байни худ бо роҳи ҳаром нахӯред ва онро ба умаро ва қозиҳо тақдим накунед, то аз рӯи гуноҳ бахше аз амвол ва ҳаққи мардумро соҳиб шавед. Ин дар ҳолест, ки шумо аз ин кор бохабаред”.

Худованд дар ин оят таъкид ва дастур бар он медиҳад, ки набояд бархе аз мардум моли бархеро ба ноҳақ соҳиб шаванд ва ё истифода кунанд. Зеро ҳар ҷинояти инфиродӣ ва гурӯҳие, ки дар ҷомеъа буруз мекунад, дер ва ё зуд домангири тамоми ҷомеъа мегардад. Худованд ба ҳамин хотир, зимни баёни дастури “молҳоятонро дар байни худ бо роҳи ҳаром нахӯред…”, тамоми умматро аз истифодаи моли дигар бо роҳи ҳаром манъ кардааст. Дар робита ба шарҳи ин оят, аҳли тафсир гуфтаанд, ки дар ояти мазкур хитоб ба тамоми мардум аст, новобаста аз он ки дар кадом мақом қарор доранд, бояд аз истифодаи моли ноҳақ парҳез кунанд. Ғайр аз ин, таъкиди дигари оят барои тамоми мусалмонҳост, ки дини Ислом пайравони худро афроди як миллат медонад ва ба манзалаи як ҷасад мешуморад, пас молу дороӣ ва сарвати онҳо барои якдигар амонат мебошад. Агарчи имрӯз аз тарафи аксари мардум ришва гирифтан ва ё ришва додан то ҷое баҳои мусбат дода шуда, аммо дар асл ҳарду дар истифодаи он фасодкор ва гунаҳкор ҳисобида мешаванд. Чунки тибқи фармудаи сарчашмаҳои исломӣ ришвадиҳанда ва ришвагиранда ҳар ду хиёнаткор эълом шуда, ҳатто ба онҳо лаънат гуфта шудааст. Паёмбар (с) рошӣ ва мурташӣ (ришвадиҳанда ва ришвагиранда) – ро лаънату нафрин ва дар ин фасоди иҷтимоъӣ баробар муъаррифӣ карда, ҳамзамон касе, ки дар ин роҳ миёнарав ё заминагузори ин амали зишт мегардад, ӯро ҳам шарик дар ҷиноят медонад. Дар робита ба ин дар сунани Тирмизӣ рақами 1336 омадааст, ки Паёмбар (с) фармуд: “Худованд ришвадиҳанда ва ришвагирандаро лаънат кардааст”. Ибни Моҷа аз Абдуллоҳ писари Умар (р) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуд : “Лаънати Худо нозил бод бар ришвадеҳ ва ришвагир”. Дар ривояти Аҳмад ва Табаронӣ, ҳамчунин саҳеҳи Ибни Ҳуббон лафзи “Арроиш” низ изофа гардидааст, ки ба маънои восита ва даллол аст (касе, ки восита мешавад миёни ришвадиҳанда ва ришвагир).

Ришва танҳо пул аст ё …

Ришва додан шаклҳои гуногун дорад, ки он на танҳо тавассути пул амалӣ мешавад, балки метавонад бо роҳи гуногун, аз ҷумла тавассути пешкаши тӯҳфаву ҳадяҳо низ сурат гирад. Барои мисол, афродеро, ки дар мақомоти ҳукумат ифои вазифа доранд, гӯё онҳоро ришвагиранда гуфтан лозим нест, чун ҳар чизе ба онҳо пешкаш мешавад, тӯҳфа мебошад. Ҳатто худи нафари соҳибмақом вақте тӯҳфаи овардаи нафареро қабул менамояд, бар ин фикр аст, ки онро аз дили соф барои ӯ додааст. Ин дар ҳолест, ки тӯҳфаи мазкур ба ин шахси соҳибмақом бар ивази иҷрои коре дода шудааст ё бо дар назардошти вазифааш дар сатҳи баланди ҳукуматӣ, на аз дили соф. Ҳамин аст, ки дини Ислом ин гуна ҳадя ва тӯҳфаҳое, ки бар ивази иҷрои коре барои соҳибмақомон медиҳанд ва афроди соҳибмақом онро қабул мекунанд, маҳкум менамояд. Чунки ин гуна ҳадяҳо низ ришва мебошанд, зеро ҳадя ва тӯҳфаҳо танҳо ба хотири соҳибмансабии шахсе пешкаш шудаанд, на аз холисии қалб. Ҳамин тариқ асли ин гуна ҳадя ва тӯҳфаҳо ҳам ришва аст. Дар ин росто аз Абуҳамиди Соъидӣ (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) марде аз қабилаи Озодро, ки Ибни Лабтия ном дошт, маъмур гардонид, то ҷамъоварии моли садақот кунад. Он мард замоне ки аз ҷамъоварии садақот баргашт гуфт, ин моли шумо мебошад ва ин молро барои ман ҳадя додаанд. Паёмбар (с) бо шунидани ин сухан бар минбар баланд шуд ва баъд аз ҳамду санои Худованд фармуд: “… ман тибқи вазифае, ки Худованд бароям супурдааст, яке аз шуморо ба вазифа мегуморам ва замоне меояду мегӯяд, ки ин мол бароям ҳадя дода шудааст, имкони қабули он нест. Чунки агар ин мард рост мегӯяд, чаро дар хонаи падару модараш нанишасту ҳадяро ба онҳо тақдим накард. Ба Худо қасам, ҳар касе аз шумо чизеро бидуни ҳақ мегиред, фаромӯш накунед, ки вақте бо Худованд рӯ ба рӯ мешавед, онро бар дӯши худ ҳамл мекунед”.

Аз ҳадиси боло бармеояд, ки гирифтани пул аз мардум дар вақти ӯҳдадорӣ ва қудрати расмӣ ё давлатӣ ноҷоиз аст, агарчи онро миёни мардум тӯҳфа, ширинӣ, бахшиш ва ғайра ном мебаранд. Зеро ба тағйири ном наметавон моли ҳаромро ҳалол кард. Ин дар ҳолест, ки тақдими ин гуна ҳадя ва тӯҳфаҳо аз тарафи мардум дар ҳолатҳои гуногун мушоҳида мешавад.

Ришваситонӣ- фасодтарин омили ҷомеъа

Аз он ки дар бораи ришва ва таърифи он сухан рафт, маълум гардид, ки он аз моли ҳаром будааст ва ришва дар дини Ислом, хусусан ҷомеъаи мусалмонӣ яке аз омилҳои ғайри қобили қабул муъаррифӣ шудааст. Аммо ришваситонӣ, ки бештар дар он зулм дар нисбати як фарди дигар дида мешавад, яке аз балоҳои бузург ва фасоди иҷтимоъист. Ба гуфтаи коршиносон ва донишмандони исломӣ ришваситонӣ аз замони қадим домангири ҷомеъаи башарӣ будааст, вале имрӯз дар кишварҳо ба шиддат авҷ мегирад. Балои асосие, ки тавассути ришва дар ҷомеъа сар мезанад, риъоя нашудани ҳуқуқ ва беадолатии байни мардумро густариш дуруст аст. Ҳамин аст, ки дар ҷомеъае, ки дарҳои ришваситонӣ бозанду он яке аз роҳҳо ва омили асосии дарёфти зиндагӣ мебошад, ширинӣ ва осоиштагии зиндагии мардум аз байн меравад. Дар ин росто, агар мо ба хурдтарин корхонаву идораҳо дар Тоҷикистон назар намоем, мебинем, ки дар он истифодаи ришва ба дараҷаи аъло расидааст.

Дар баробари ин, яке аз бузургтарин маконҳое, ки дар он ришва ситонида мешавад, муассисаҳои таълимиву табобатӣ ва додгоҳҳои кишвар ба шумор мераванд. Ин дар ҳолест, ки ин идораҳо ҳам бояд аз ин гуна ришваситонӣ дар амон бошанд. Чунки шаклгирии зиндагии миллат бештар дар дасти онҳост. Барои мисол, агар муассисаҳои таълимӣ ва сиҳҳати омма оқибатҳои таълими ояндаи миллат ва боварии мардумро ба низоми сиҳҳатӣ бар ӯҳда доранд, додгоҳҳо ҳимояти ҳуқуқ ва адолатро бояд пиёда кунанд.

Албатта, ришваситонӣ дар дигар соҳаҳои кишвар низ ба мушоҳида мерасад. Вале то ба имрӯз он чи ҳукумат чораандешӣ кардааст, дар ин росто кадом беҳбудие эҳсос намешавад. Ва суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳукумат дар назди парлумон аз тавонмандӣ ва нотавонмандии хеш дар ин маврид ба таври ошкор чизеро матраҳ намекунад? Эҳтимол мушкилоти печидаи иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки имрӯз Тоҷикистон мувоҷеҳи он аст, боиси он бошад, ки ин ҳукумат дигар имкони пиёда кардани ниёзи мардумро надошта бошад.

(Наҷот)

More From Author

You May Also Like