Categories Uncategorized

Хоруғ Вижа

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

Аз пиёда шудани амалиёти низомӣ болои мардуми осоиштаи Хоруғ як сол гузашт, вале дурустӣ ё иштибоҳ будани он то ба имрӯз ошкор нашудааст.

Вақте кадом ҷонибе дар ба шаҳодат расидани мардуми мулкӣ худро гунаҳкор намедонад ва исботи ҳуқуқии ин масъала ҳам аз сӯйи ниҳодҳои зирабти кишвар кашф нашуд ва ё эҳтимол онҳо намехоҳанд кашф шавад, доираҳои манфиъатхоҳ амалкарди низомиёни мақомотро дар ин ҳодисаи нангин ҳақ медонанд.

Аммо Оразшоҳ Пояндашоҳев, як тан аз афсаронони саршинос дар умури амниятии шӯравии собиқ ва Тоҷикистон рӯзи 24-уми июлро, ки мардуми Хоруғ дар ҳамин рӯз ба хун кашида шуданд, «сешанбеи сиёҳ» ном гузошта, онро «иштибоҳи бузурги сиёсӣ ва ахлоқӣ» арзёбӣ мекунад.

Далели ӯ дар ин маврид ҳам хеле ҷолиб аст, яъне ҳеҷ касе ба хотири чаҳор нафар – «сарони гурӯҳҳои муташаккил» дар маркази вилояти худмухтор ва ҳамсарҳад бо Афғонистон чунин як амалиёти густарадаро набояд пиёда мекард.

Бале, амалиёт гӯё ду рӯз идома пайдо кард, вале паёмадҳои он ба таври тӯлонӣ боқӣ хоҳанд монд. Агар имрӯз аҳли ҷомеъаи кишвар, дар умум, дар мавриди амалиёти низомии порсолаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ чизи аниқу дақиқеро дарёфт накарда бошанд ҳам, барои сокинони Бадахшон, бахусус хоруғиён ҷузъитарин ҷанбаҳои ин масъала ошкоранд.

Ҳамин аст, ки сокинони Хоруғ даҳшатҳои нангини он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯянд: «Вақте тирпарронӣ сар шуд, мо дар хона ҳамроҳи фарзандон будем ва аз тарс аз ҷоямон наҷунбидем. Шавҳарам хесту пардаро кушод, то ба берун нигоҳ кунад, аммо афтод рӯйи фарш. Мо дигар намедонистем чӣ кор кунем, сари мурдаи ӯ ду рӯз мондем» ё «ман пагоҳӣ хестаму чой нӯшидам. Набераам пеши амааш буд, омаду хона даромад ва боз баромад, хост ба туалет равад, вале ӯро тир заданд», «бародарам ба нияти намоз барои таҳорат кардан ба ҳавлӣ баромад, ки вайро заданд. То ба ҳол касе ба ин савол ҷавоб надодааст, ки кӣ ӯро зад».

Ин ҳарфҳо доғи ниҳоние дар қалби мардуми Бадахшонанд ва ҳадди ақал гӯяндагони ин ҳарфҳо ифшо шудани сабабу омилони ин ҳаводиси шумро интизоранд. Аммо бадтарину сангинтарин амалу гуфтор ин аст, ки фарзанд ва ё бародареро агар ба ҳалокат расонида бошанд ҳам, болои он шаҳиди гулгункафан тамағаи терорист ҳам задаанд.

Бубинед, нафаре аз шоҳидони таҳқиқи ҳодисаи Хоруғ чӣ мегӯяд: «Як моҳ баъд аз анҷоми амалиёти низомӣ як модари сиёҳпӯш наздам омаду гуфт: ман фақат як масъала ва шикоят дорам. Чаро писари маро террорист меноманд? Писари ин зан рӯзи 24 июл дар асари амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ қурбон шудааст ва бадбахтиаш он аст, ки писар аз даст рафтааст, вале боз ӯро силоҳбадасту террорист меноманд. Ба хотири он ки рӯҳи писараш ором бошад, назди ман омада изҳор дошт, ки «писарамро террорист нагӯянд!». Ман ба ин зани дардманд ҷавоб додам, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ писари шуморо дар ягон васоити ахбори омма террорист намегӯяд».

Низомиёни ҳукуматӣ Сабзалӣ Муҳаммадризоев, як тан аз наҳзатии фаъолро, ки масъулияти шуъбаи вилоятии ҳизбро ба дӯш дошт, бо истифода аз таҳқиру тавҳин, ҷаллодона ба шаҳодат расониданд, он ҳам бо як «далел», «дар дасташ силоҳ дошт». Вале аҳли хонавода ва ҳар нафаре, ки ин ҷавони ҳақталошу ростқавлро мешинохт, ин иттиҳоми бепояро комилан қабул надорад.

Бародар Сабзалӣ танҳо ба хотири дар назди бинои ҳукумати ВМКБ садо баланд карданаш аз мушкилоти мардум ба шаҳодат расонида шуд, на чизи дигар. Аз ин хотир, аз забони шоъир гуфтанием:

Ҳанӯз сер нагашта зи хуни мардуми ман,

Ҳанӯз хун талабад ин низоми хунбунёд.

Диёри ман зи Худо интизори меҳмон дошт,

На интизори камондору қотилу ҷаллод.

More From Author

You May Also Like