Лигаи олии тими «Истиқлол»-и Душанбе бо легионери русиягӣ Роберт Жилин «хайру хуш» кардааст.
Шоҳрух Саидов, президенти клуб гуфтааст, ки бозингари русиягӣ интизороти аз ӯ доштаро бароварда накард, аз ин хотир ин тасмим гирифта шуд.
Сомнаи расмии тими “Истиқлол” гуфтааст, ки Жилин бо эҳтимоли зиёд идомаи карераашро дар клуби ССКА «Помир» -и Душанбе идома медиҳад.
15 – июн дар аввалин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» аз тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид.
Баъди ин бохт масъулони бошгоҳи “Истиқлол” Никола Кавазович, сармураббии ин дастаро аз мақомаш барканор карданд.
Шоҳрух Саидов, президенти клуб далели барканории Кавазовичро дар суҳбат ба торнамои «Истиқлол» «натиҷаи ғайриқаноатбахши кори ӯ» гуфта буд.
Ҳамчунин баъд аз ин бохт капитани даста Дилшод Восиев низ аз вазифааш сабукдуш гардид.
Масъулони “Истиқлол” далели барканории Восиев аз мавқеъи капитониро низ “бозии ғайриқаноатбахши” тим дар даври аввали Лиаги олии кишвар унвон карда буданд.