Дар таърих бештари олимонеро, ки то имрӯз мешиносанду онҳоро қадрдонӣ мекунанд, аксари таърихнигорон бузургии онҳоро аз хӯрдӣ таъкид менамоянд. Яъне бештари ин олимҳо аз хурдӣ дар худ нишона ва аломатеро доро будаанд. Аз ҷумла бархеи онҳоро ба доштани зеҳни буро ва фаҳму дарки хуб муаррифӣ менамоянд. Баъзеи даигарашонро бо доштани хислатҳои кунҷковӣ ва бартарӣ дар нисбати ҳамдарсонашон ва ғ…. Имом Розиро низ муаррихон дар нигоштаҳои худ чунин нигошта ва шуҳрати ӯро аз даврони ҷавонӣ баҳогузорӣ кардаанд. Барои мисол бештари таърихнависон бар он ақидаанд, ки Розӣ аз ҷавонӣ миёни мардум шахси шинохта ва соҳибқадр буд. Чунки ӯ дар он замон, яъне пеш аз он ки ӯро ҳамчун олим ва шахсияте бишиносанд, ӯро ҳамчун уднавозе мешинохтанд. Розӣ дар навохтани ӯд бисёр маҳорати хуб доштааст. Инчунин дар баробари навохтани ӯд гоҳ – гоҳе суруд ҳам месароидааст.
Ин корнамоии даврони ҷавонии Розӣ диққати мардумро ба санъати касб кардааш ҷалб карда будааст, ки мардум дар ин росто ба ӯ бисёр эҳтиром доштаанд. Баъзан аз навозиш ва сурудхонии ӯ баҳра ҳам мебурдаанд. Вале баъдҳо Розӣ касби дигареро низ барои худ интихоб мекунад, ки заргарӣ буд. Заргарӣ касбе буд, ки дар замони зиндагии Розӣ бисёр мавқеъ дошт ва заргарӣ дар он вақт бисёр касби бомаҳорате ба ҳисоб мерафт. Баъди гузашт аз айём зиракӣ ва фаҳму дарки Розӣ ӯро дар як ҳолат қарор надод. ӯ як замон ба омӯзиши илми кимиё рӯй овард ва дар илми кимиё то андозае меҳнат кард ва онро аз худ кард. ӯ дар илми кимиё Ҷобир писари Ҳайёнро устоди худ медонад. Дар соҳаи илми кимиё маҳорати худро низ нишон додаст. Замоне ӯ барои сохтани «Ҳаҷарулфалсафӣ», ки мисро табдил ба тилло мекард, заҳматҳои зиёд кашид. Ҳатто бо асароти он чашмони худро беморӣ сохт. Муҳаққиқон сабаби беморӣ пайдо кардан дар чашмони Розиро чунин қайд кардаанд, ки ҳангоми кашфи «Ҳаҷаруфалсафӣ», ки он аз буҳо ва гозҳои кимиёӣ иборат буд ба чашмони Розӣ дардро афзуд. Албатта, гуфтан ба маврид аст, ки Розӣ пеш аз он ки илмеро ҳамчун касби доимӣ кардааст, то он замон ӯ аз бештари илмҳои замони худ, ки фанҳо ва илмҳои гуногунро дар бар мегиранд, бархӯрдор гардида буд. Аз ҷумла дар илми тиб низ ҷойгоҳи волоеро касб кардааст, ки баъдтар дар ин бора баён хоҳҳем дошт.
Ахлоқ ва сифоти Розӣ
Дар сифоти Розӣ гуфтаанд, ки вай бисёр марди хушхислат ва хушрафтор будааст. Хусусан, дар вақти сӯҳбат бо бемрон як таваҷҷӯҳ ва рафтори иҷиберо дар худ доштааст, ки ин рафтор бештар писанди беморон мегаштааст. ӯ то замони ба анҷом расидани ташхиси тиббиаш аз беморон даст намебардоштааст. Бо мардуме, ки зиндагии қашоқона ва миёна доштаанд, ҳамеша ҳалим ва бомеҳр рафтор мекардааст. Розӣ бар хилофи бисёре аз пизишкон, ки бештар моил ба дармони подшоҳон ва амирону бузургон буданд, бо мардуми оддӣ бешатр сару кор мегирифтааст.
Ибни Надим дар китоби «Алфеҳрас» – и худ мегӯяд: Вай марде карим ва некӯкор буд. Ба мардум хайрхоҳ ва бо фуқарову бузургон бо ҳусни адаб рафтор мекард ва кӯшиши зиёд мекард, то дар илму таҳсил ва касби маърифат бештар моил бошад. Розӣ дар китобе бо номи «Сифоти бемористон» чунин нигоштааст, ки: ҳар кас лоиқи табобат нест ва ақида доштааст, ки табиб бояд дорои сифоте бошад, ки битавонад номи табиб бар худ гузорад. ӯ аввалин касе аст, ки дар бораи ҷоҳили олимнамо зеҳни оммаи мардумро мутаваҷҷеҳ сохтааст. ӯ бо афроди камсавод, ки худро табиб меномиданд ва атрофиёни бемор, ки дар табобат дахолат мекарданд ба сахтӣ мухолифат карда буд ва ба ҳамин сабаб барои худ душманонеро низ пайдо карда буд.
Пизишкӣ
Муҳаммад Закариёи Розӣ эҳтимолан дар синни 30 солагӣ омӯхтани илми тибро оғоз кард. Омӯхтани ибтидоии илми тибро дар Рай шурӯъ карда буд ва сипас ба Бағдод мусофират кард. Зеро дар қарни саввуми ҳиҷрӣ дар Бағдод тарҷумаи китобҳои тиббӣ ва тамоми улум зиёд буд. Таъсиси бемористонҳо ва ҷамъшавии олимони бузург дар Бағдод сабаб гардида буд, ки илм ҳам барои худ маконеро пайдо намояд. Аз ҷумла олимони бузурги он замон, ки хусусан дар соҳаи илми тиб маҳорат ва шӯҳрати махсус дошатанд, дар Бағдод гирд омада фаъолият мекарданд. Барои мисол Яъқуб писари Исҳоқи Кундӣ ва Авлодибахтишӯъ, ки дар бемористони «Ҳорунӣ» ба тадриси ин илм машғул буданд, шӯҳрати бисёр дошатнд. Розӣ аз шунидани ин шӯҳрат ва маҳорати баланди табибон рӯ ба Бағдод овард ва ба он ҷо сафар кард.
Розӣ илми тибро аз тариқи мушоҳидаҳо ва мулоҳизаҳояш омӯхт. ӯ дар ин росто устоди хосе надошт ва ё ин ки ин илмро аз пеши кадом устоди махсусе наомӯхтааст, балки бо мадади кӯшишҳо ва мутолиъаи китобҳову таҷрибаҳояш аз худ кардааст. Баъди сафар ба Бағдод Розӣ шӯҳрат пайдо мекунаду табобатро зери қабзаи худ қарор медиҳад. Ин шӯҳратварзии Розӣ сабаб гашт, ки кина ва адоватро миёни ӯ ва дигар табибон афзун намояд. Ба ҳамин тариқ ӯ баъди чанде аз фаъолият дар соли 290 ҳ ба Рай баргашт ва бемористонеро таъсис карду раёсаташро шахсан бар ӯҳдаи худ гирифт. Дар баробари он ки бемористони Рай дармонгоҳи маризон ва беморон ба ҳисоб мерафт, дар айни замон макони илм ва таҳсил низ ҳисобида мешуд. Зеро Розӣ ғайр аз ташхиси беморон ба тадрис ҳам машғул мешуд. Барои муоинаи беморон Розӣ шогирдони зиёдеро таълим дода буд, ки аввал аз назорати шогирдон мегузаштанд ва баъди оҷиз мондани онҳо Розӣ худ пайи табобати беморон мегардид.
Ба ҳамин тариқ рӯз то рӯз дар баробари муоинаи беморон илм ва дигаргунӣ касби пизишкии Розиро фаро мегирифт. ӯ дар ин замина китобҳои бисёреро ба табъ расонид. ӯ нигоштаҳои худро аввал ба шогирдонаш тақдим мекард, то аз он баҳравар шаванд. Кӣ будану чи будани касби пизишкиро аз худ намоянд. Барои мисол китобҳои «Сирруттиб», «Хавосутталомизи» ва «Меҳнатуттиб» аз ҷумлаи китобҳое ҳастанд, ки дар онҳо панду ҳикматҳои тиббӣ ва маълумоту роҳнамоӣ барои табибон гуфта шудааст. Ғайр аз ин ӯ чанде аз эҷодиётеро дар роҳи табобат ба роҳ монда буд, ки ба мувафаққият расид.
Дар бораи ташреҳ ва вазоифи аъзо
Маълум аст, ки то даврони Розӣ ташреҳи ҷасад анҷом нашуда буд, вале аз осори вай бармеояд, ки аз дониши ташреҳ низ бебаҳра набудааст. ӯ ин амалиёти тиббиро бар рӯи маймун амалӣ намуда, барои имтиҳон доруҳои тайёркардаашро дар маймун таҷриба мегузаронад ва ба комёбӣ ноил мегардад. Розӣ дар китоби «Мансурӣ» тамоми аъзоро зикр карда онҳоро ташреҳ мекунад ва шарҳи ҳар якеро ҷудогона ва дар алоҳидагӣ ба маънои томаш баён медорад. ӯ дар ин китобаш аз манфиъатҳои аъзои (физикии) андомҳо низ сӯҳбат кардааст. Вай мегӯяд: Худованди олим мағзро марказу мабнои ҳис ва ҳаракти иродӣ халқ карда, аммо барои он ки асаби ҳиссӣ ба қисматҳои пойини бадан бирасад як масири тӯлонӣ тай мекунад ва барои ин қисмат Холиқи инсон дар поёни ҷумҷума сӯрохие офаридааст, ки тавассути он ба тамоми ҷавориҳ ва аъзои инсон ҳаракат ва ҳиссиёт пайдо мегардад. Умуман ӯ тамоми ҳаракот ва тағйироте, ки бадани инсонро фаро мегирад меомӯзад ва дар бораи он таҳқиқот мебарад.
Дар робита ба кори Розӣ яке аз олимони аврупоӣ Эм. Рену мегӯяд, ки: Розӣ дар ташреҳ бар соири пизишкон ва ташреҳкунандагони исломӣ бартарӣ дорад. Дар бораи мақоми Розӣ тамоми муаррихон иттифоқ бар он доранд, ки ӯ ҳуҷҷати ҷаҳони пизишкӣ дар дунёи мутамаддини Ислом ва Ғарб то қарни ҳабдаҳум дар Аврупо мебошад. Қозӣ Соиди Андалусӣ дар китоби худ бо номи «Табақотулаҳам», Розиро падари тибби араб ва дигар муҳаққиқон вайро Ҷолинуси тибби араб лақаб додаанд.
Дармони бемориҳои дохилӣ
Дармони Розӣ ба таври соддае будааст. Розӣ исроф дар доруро бисёр зараровар медонад. Вай ақида дошт, ки то мумкин аст даво ба воситаи ғизо сурат гирад ва дар ғайри он бо доруи мунфарид ва сода вагарна бо доруи мураккаб ба амал ояд. Розӣ мегӯяд: Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад бемориҳоро бо ғизо дармон кунад, ба саодат расидааст. ӯ бисёри доруҳоро рӯи ҳайвонот имтиҳон намуда ва асароти онҳоро дарк карда ва дар маворид истеъмоли онҳоро дониста онҳоро дар бораи инсон ба кор мебарад.
Ҷарроҳӣ
Гар чи Розӣ ба унвони пизишк машҳур аст, аммо баъзе олимон ӯро бо номи ҷарроҳ мешиносанд. Аз мутолиаи осори вай чуниМуҳаммади пизишк, файласуф ва кимёдон
Закариёи Розӣ олими барҷаста ва бузург аз ҷумлаи олимонест, ки олами эҷод ва осори гаронбаҳои ӯ ҳам дар шарқ ва ҳам дар ғарб ҷойгоҳи волое дорад. Дар шарқ ӯро Муҳаммад Закариёи Розӣ ном мебранд, вале дар ғарб ӯро бештар бо номи Разис (Razes) ё Al – Razi ёд кардаанд. Муҳаммад Закариё дар тӯли зинадгӣ ва ҳаёти худ чи дар мамолики шарқ ва чи дар мамолики ғарб шуҳрати бендозаеро касб кард, ки то имрӯз аз осори гаронбаҳои ӯ истифода мебаранду назару андешаҳои ӯро дар пешрафти кор ва илмашон намуна қарор медиҳанд. Номи вай Муҳаммад ва номи падараш Закариё мебошад. Абурайҳон Берунӣ дар мавриди таваллуди Муҳаммад гуфтааст, ки вай дар моҳи шаъбон соли 251 ҳ (865 м) дар Рай таваллуд ёфтааст. Бояд қайд кард, ки дар мавриди таваллуди Розӣ баҳсҳои зиёд миёни олимон вуҷуд дорад. Дар таърихи таваллуди ӯ рӯзи мӯайянеро зикр накардаанд. Рӯзҳои гуногуни таърихӣ дар бораи таваллуди Розӣ зикр гардидааст. Вале аксари онҳо ба ривояте, ки аз Беруни зикр гардидааст, иттифоқ кардаанд. Аммо қавлҳои гуногун низ вуҷуд дорад. Ба қавли Берунӣ даврони зиндагии наврасӣ ва ҷавонии Розӣ дар шаҳри Рай сипарӣ гаштааст.
Дар таърих бештари олимонеро, ки то имрӯз мешиносанду онҳоро қадрдонӣ мекунанд, аксари таърихнигорон бузургии онҳоро аз хӯрдӣ таъкид менамоянд. Яъне бештари ин олимҳо аз хурдӣ дар худ нишона ва аломатеро доро будаанд. Аз ҷумла бархеи онҳоро ба доштани зеҳни буро ва фаҳму дарки хуб муаррифӣ менамоянд. Баъзеи даигарашонро бо доштани хислатҳои кунҷковӣ ва бартарӣ дар нисбати ҳамдарсонашон ва ғ…. Имом Розиро низ муаррихон дар нигоштаҳои худ чунин нигошта ва шуҳрати ӯро аз даврони ҷавонӣ баҳогузорӣ кардаанд. Барои мисол бештари таърихнависон бар он ақидаанд, ки Розӣ аз ҷавонӣ миёни мардум шахси шинохта ва соҳибқадр буд. Чунки ӯ дар он замон, яъне пеш аз он ки ӯро ҳамчун олим ва шахсияте бишиносанд, ӯро ҳамчун уднавозе мешинохтанд. Розӣ дар навохтани ӯд бисёр маҳорати хуб доштааст. Инчунин дар баробари навохтани ӯд гоҳ – гоҳе суруд ҳам месароидааст.
Ин корнамоии даврони ҷавонии Розӣ диққати мардумро ба санъати касб кардааш ҷалб карда будааст, ки мардум дар ин росто ба ӯ бисёр эҳтиром доштаанд. Баъзан аз навозиш ва сурудхонии ӯ баҳра ҳам мебурдаанд. Вале баъдҳо Розӣ касби дигареро низ барои худ интихоб мекунад, ки заргарӣ буд. Заргарӣ касбе буд, ки дар замони зиндагии Розӣ бисёр мавқеъ дошт ва заргарӣ дар он вақт бисёр касби бомаҳорате ба ҳисоб мерафт. Баъди гузашт аз айём зиракӣ ва фаҳму дарки Розӣ ӯро дар як ҳолат қарор надод. ӯ як замон ба омӯзиши илми кимиё рӯй овард ва дар илми кимиё то андозае меҳнат кард ва онро аз худ кард. ӯ дар илми кимиё Ҷобир писари Ҳайёнро устоди худ медонад. Дар соҳаи илми кимиё маҳорати худро низ нишон додаст. Замоне ӯ барои сохтани «Ҳаҷарулфалсафӣ», ки мисро табдил ба тилло мекард, заҳматҳои зиёд кашид. Ҳатто бо асароти он чашмони худро беморӣ сохт. Муҳаққиқон сабаби беморӣ пайдо кардан дар чашмони Розиро чунин қайд кардаанд, ки ҳангоми кашфи «Ҳаҷаруфалсафӣ», ки он аз буҳо ва гозҳои кимиёӣ иборат буд ба чашмони Розӣ дардро афзуд. Албатта, гуфтан ба маврид аст, ки Розӣ пеш аз он ки илмеро ҳамчун касби доимӣ кардааст, то он замон ӯ аз бештари илмҳои замони худ, ки фанҳо ва илмҳои гуногунро дар бар мегиранд, бархӯрдор гардида буд. Аз ҷумла дар илми тиб низ ҷойгоҳи волоеро касб кардааст, ки баъдтар дар ин бора баён хоҳҳем дошт.
Ахлоқ ва сифоти Розӣ
Дар сифоти Розӣ гуфтаанд, ки вай бисёр марди хушхислат ва хушрафтор будааст. Хусусан, дар вақти сӯҳбат бо бемрон як таваҷҷӯҳ ва рафтори иҷиберо дар худ доштааст, ки ин рафтор бештар писанди беморон мегаштааст. ӯ то замони ба анҷом расидани ташхиси тиббиаш аз беморон даст намебардоштааст. Бо мардуме, ки зиндагии қашоқона ва миёна доштаанд, ҳамеша ҳалим ва бомеҳр рафтор мекардааст. Розӣ бар хилофи бисёре аз пизишкон, ки бештар моил ба дармони подшоҳон ва амирону бузургон буданд, бо мардуми оддӣ бешатр сару кор мегирифтааст.
Ибни Надим дар китоби «Алфеҳрас» – и худ мегӯяд: Вай марде карим ва некӯкор буд. Ба мардум хайрхоҳ ва бо фуқарову бузургон бо ҳусни адаб рафтор мекард ва кӯшиши зиёд мекард, то дар илму таҳсил ва касби маърифат бештар моил бошад. Розӣ дар китобе бо номи «Сифоти бемористон» чунин нигоштааст, ки: ҳар кас лоиқи табобат нест ва ақида доштааст, ки табиб бояд дорои сифоте бошад, ки битавонад номи табиб бар худ гузорад. ӯ аввалин касе аст, ки дар бораи ҷоҳили олимнамо зеҳни оммаи мардумро мутаваҷҷеҳ сохтааст. ӯ бо афроди камсавод, ки худро табиб меномиданд ва атрофиёни бемор, ки дар табобат дахолат мекарданд ба сахтӣ мухолифат карда буд ва ба ҳамин сабаб барои худ душманонеро низ пайдо карда буд.
Пизишкӣ
Муҳаммад Закариёи Розӣ эҳтимолан дар синни 30 солагӣ омӯхтани илми тибро оғоз кард. Омӯхтани ибтидоии илми тибро дар Рай шурӯъ карда буд ва сипас ба Бағдод мусофират кард. Зеро дар қарни саввуми ҳиҷрӣ дар Бағдод тарҷумаи китобҳои тиббӣ ва тамоми улум зиёд буд. Таъсиси бемористонҳо ва ҷамъшавии олимони бузург дар Бағдод сабаб гардида буд, ки илм ҳам барои худ маконеро пайдо намояд. Аз ҷумла олимони бузурги он замон, ки хусусан дар соҳаи илми тиб маҳорат ва шӯҳрати махсус дошатанд, дар Бағдод гирд омада фаъолият мекарданд. Барои мисол Яъқуб писари Исҳоқи Кундӣ ва Авлодибахтишӯъ, ки дар бемористони «Ҳорунӣ» ба тадриси ин илм машғул буданд, шӯҳрати бисёр дошатнд. Розӣ аз шунидани ин шӯҳрат ва маҳорати баланди табибон рӯ ба Бағдод овард ва ба он ҷо сафар кард.
Розӣ илми тибро аз тариқи мушоҳидаҳо ва мулоҳизаҳояш омӯхт. ӯ дар ин росто устоди хосе надошт ва ё ин ки ин илмро аз пеши кадом устоди махсусе наомӯхтааст, балки бо мадади кӯшишҳо ва мутолиъаи китобҳову таҷрибаҳояш аз худ кардааст. Баъди сафар ба Бағдод Розӣ шӯҳрат пайдо мекунаду табобатро зери қабзаи худ қарор медиҳад. Ин шӯҳратварзии Розӣ сабаб гашт, ки кина ва адоватро миёни ӯ ва дигар табибон афзун намояд. Ба ҳамин тариқ ӯ баъди чанде аз фаъолият дар соли 290 ҳ ба Рай баргашт ва бемористонеро таъсис карду раёсаташро шахсан бар ӯҳдаи худ гирифт. Дар баробари он ки бемористони Рай дармонгоҳи маризон ва беморон ба ҳисоб мерафт, дар айни замон макони илм ва таҳсил низ ҳисобида мешуд. Зеро Розӣ ғайр аз ташхиси беморон ба тадрис ҳам машғул мешуд. Барои муоинаи беморон Розӣ шогирдони зиёдеро таълим дода буд, ки аввал аз назорати шогирдон мегузаштанд ва баъди оҷиз мондани онҳо Розӣ худ пайи табобати беморон мегардид.
Ба ҳамин тариқ рӯз то рӯз дар баробари муоинаи беморон илм ва дигаргунӣ касби пизишкии Розиро фаро мегирифт. ӯ дар ин замина китобҳои бисёреро ба табъ расонид. ӯ нигоштаҳои худро аввал ба шогирдонаш тақдим мекард, то аз он баҳравар шаванд. Кӣ будану чи будани касби пизишкиро аз худ намоянд. Барои мисол китобҳои «Сирруттиб», «Хавосутталомизи» ва «Меҳнатуттиб» аз ҷумлаи китобҳое ҳастанд, ки дар онҳо панду ҳикматҳои тиббӣ ва маълумоту роҳнамоӣ барои табибон гуфта шудааст. Ғайр аз ин ӯ чанде аз эҷодиётеро дар роҳи табобат ба роҳ монда буд, ки ба мувафаққият расид.
Дар бораи ташреҳ ва вазоифи аъзо
Маълум аст, ки то даврони Розӣ ташреҳи ҷасад анҷом нашуда буд, вале аз осори вай бармеояд, ки аз дониши ташреҳ низ бебаҳра набудааст. ӯ ин амалиёти тиббиро бар рӯи маймун амалӣ намуда, барои имтиҳон доруҳои тайёркардаашро дар маймун таҷриба мегузаронад ва ба комёбӣ ноил мегардад. Розӣ дар китоби «Мансурӣ» тамоми аъзоро зикр карда онҳоро ташреҳ мекунад ва шарҳи ҳар якеро ҷудогона ва дар алоҳидагӣ ба маънои томаш баён медорад. ӯ дар ин китобаш аз манфиъатҳои аъзои (физикии) андомҳо низ сӯҳбат кардааст. Вай мегӯяд: Худованди олим мағзро марказу мабнои ҳис ва ҳаракти иродӣ халқ карда, аммо барои он ки асаби ҳиссӣ ба қисматҳои пойини бадан бирасад як масири тӯлонӣ тай мекунад ва барои ин қисмат Холиқи инсон дар поёни ҷумҷума сӯрохие офаридааст, ки тавассути он ба тамоми ҷавориҳ ва аъзои инсон ҳаракат ва ҳиссиёт пайдо мегардад. Умуман ӯ тамоми ҳаракот ва тағйироте, ки бадани инсонро фаро мегирад меомӯзад ва дар бораи он таҳқиқот мебарад.
Дар робита ба кори Розӣ яке аз олимони аврупоӣ Эм. Рену мегӯяд, ки: Розӣ дар ташреҳ бар соири пизишкон ва ташреҳкунандагони исломӣ бартарӣ дорад. Дар бораи мақоми Розӣ тамоми муаррихон иттифоқ бар он доранд, ки ӯ ҳуҷҷати ҷаҳони пизишкӣ дар дунёи мутамаддини Ислом ва Ғарб то қарни ҳабдаҳум дар Аврупо мебошад. Қозӣ Соиди Андалусӣ дар китоби худ бо номи «Табақотулаҳам», Розиро падари тибби араб ва дигар муҳаққиқон вайро Ҷолинуси тибби араб лақаб додаанд.
Дармони бемориҳои дохилӣ
Дармони Розӣ ба таври соддае будааст. Розӣ исроф дар доруро бисёр зараровар медонад. Вай ақида дошт, ки то мумкин аст даво ба воситаи ғизо сурат гирад ва дар ғайри он бо доруи мунфарид ва сода вагарна бо доруи мураккаб ба амал ояд. Розӣ мегӯяд: Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад бемориҳоро бо ғизо дармон кунад, ба саодат расидааст. ӯ бисёри доруҳоро рӯи ҳайвонот имтиҳон намуда ва асароти онҳоро дарк карда ва дар маворид истеъмоли онҳоро дониста онҳоро дар бораи инсон ба кор мебарад.
Ҷарроҳӣ
Гар чи Розӣ ба унвони пизишк машҳур аст, аммо баъзе олимон ӯро бо номн бармеояд, ки дар ҷарроҳӣ соҳиби назар будааст. Вай дар бораи санги гурдаҳо ва масона(пешобдон) китобе нигошта ва дар он таъкид кардааст, ки дар сурате, ки дармони санги масона бо роҳи тиббӣ мақдур набошад, бояд ба амали ҷарроҳӣ пардохт ва дар ин китоб аз асбобе, ки бо он амали санги масонаро анҷом медодааст ном мебарад. Инчунин ӯ дар бемориҳои шикастабандӣ ва дигар бемориҳо назари хоси худ ва осореро дар ин бора ба табъ расонидааст. Ғайр аз ин Розӣ дар сохтани доруҳо низ саҳми хуби худро доштааст. Инчунин дар ин росто осореро низ нигошта ва амалҳои худро дар ин ҷода шарҳу тавзеҳ намудааст.
Фалсафа
Розӣ аз тафаккуроти фалсафии роиҷи асри худ, ки фалсафаи Арасту ва Афлотун буд, пайравӣ намекард ва ақоиди хоси худро дошт, ки дар натиҷа мавриди бадгӯии аҳли фалсафаи ҳамасру пас аз худ қарор гирифт. Инчунин ақидаҳое, ки дар бораи динҳо иброз дошт сабаб шуд мавриди такфири аҳли мазҳаб гардад. Аз ин рӯ бештар осори вай дар ин замина аз байн рафтааст. Розиро метавон барҷастатарин чеҳраи хирадгароӣ ва таҷрибагароӣ дар фарҳанги иронӣ ва исломӣ номид. Ба қавле Розӣ дар фалсафа ба Суқурот ва Афлотун мутамоил буд ва таъсироте аз афкори ҳиндӣ ва монавӣ дар фалсафаи вай ба чашм мехӯрд. Вафоти Розӣ
Дар мавриди даргузашти Розӣ низ ихтилофи зиёде вуҷуд дорад. Дар фарҳанги «Мӯъин» пас аз зикри 313 ҳ навишта шудааст «Ва ба қавле 323ҳ» ва дар «Луғатномаи Деҳхудо» низ зикри 313 ҳ дар мавриди даргузашти Розӣ омадааст, «Заркалӣ аз Ибни Надим марги ӯро дар 311 ҳ навиштааст». Дар умум чунин қайд бояд кард, ки Розӣ таърихи дақиқи даргузашт надорад, ҳар чи ки дар бораи ӯ зикр кардаанд эҳтимол аст.