Categories Uncategorized

Рози комёбӣ

«Ва ҳар кӣ ҷаҳду кӯшиш намояд, ба яқин ба нафъи худ мекунад,  Худованд дар ҳақиқат аз ҷаҳониён бениёз аст» (сураи “Анкабут”, ояти 6).

Ин оят рӯйи суханро ба афроди боимон гардонда, ҳамзамон бо ишора ба рози аслии расидан ба комёбӣ дар барномаи озмоиш ва парвариши Худованд, иллати аслии онро баён менамояд. Чунончи дар боло зикр шуд, Худованд барои мӯъминон барномаи озмоиш муқаррар намуда, онҳоро вазифадор кардааст, ки дар таҳаммули машаққатҳо барои устуворсозии нафсҳояшон бо онҳо мубориза баранд. Зеро ҷиҳоди бо нафс қалбу нафси муҷоҳидро дар дунё ислоҳ намуда, уфуқи тасаввурот ва қуллаҳои маърифаташро боло мебарад ва истеъдодҳои нуҳуфтаашро кашф намуда, сайқал медиҳад.

Аз ин рӯ, ҳар касе дар ҷиҳоду мубориза бо нафс дар таҳаммули сахтиҳо ва мусибатҳо барои ҳифзи имон ва тақво дар роҳи поксозии нафс, камолоти имонӣ ва ислоҳи ҳаёти хеш ва пешбурди аҳдофи ҷомеъаи исломӣ ҷиҳоду талош ва кӯшиш ба харҷ диҳад, бидуни шак ба нафъи худи ӯ анҷом меёбад.

Маънои калимаи ҷиҳод ниҳоят васеъ буда, ҳар гуна ҷаҳду талошро, ки дар роҳи Худо ва барои Ӯ таъоло ва бо мақсади расидан ба аҳдофи илоҳӣ сурат гирад, шомил мебошад, хоҳ ҷиҳод бо нафс ва инкори хостаҳои қалб ва мубориза бо ҳавасҳои саркаш бошад, ё дар роҳи касби маърифат ва анҷоми корҳои нек, ё сабр бар тоъат ё шикебоӣ дар баробари васвасаҳои шайтонӣ, ё пайкор бо душмани золиму ситамгар, ё дар роҳи кӯмак ба афроди мустазъаф ва ё анҷоми  ҳар кори неки  дигар.

Дар ояти мавриди баҳс, чунончи аз мавзӯъи ояҳои боло бармеояд, манзур ҷиҳоду мубориза бо нафсу шайтон аст. Ва ҷиҳод бо нафс бинобар дараҷабандии уламои исломӣ чаҳор зина дорад: Ҷиҳод дар роҳи касби маърифат, баъди ба даст омадани маърифат ба он амал намудан, сипас дигаронро ба он даъват кардан ва дар душвориҳои даъват сабрро пешаи худ қарор додан.

Ва ҷиҳод бо шайтон бар ду зина аст: яке барои дафъи шубҳаҳо ва дигар барои дафъи шаҳватҳое, ки шайтон дар дили одамӣ меандозад. 

Ин оят паёми  лутфу марҳамати Худоро ба аҳли имон мерасонад, ки  дастуроти Худованданд ҳама ва ҳама ба хотири тарбияи моддӣ ва маънавӣ ва камолоти худи инсон ва ба нафъи ҷомеъаи башарӣ аст, Худованд дар воқеъ заррае эҳтиёҷ ба чизе надорад.

More From Author

You May Also Like