Абдулатифи Ҳаммод
nahzat.tj
Кош, дигарон ҳам аз тарси Худо ақаллан қонуну фармонҳои зиддиисломӣ содир намекарданд…
Муҳаммад Мурсӣ, Президенти тозаинтихоби Миср ин саҳар 13-уми июл, ҳангом намози бомдод дар хонаи Худо, Каъбаи мушаррафа бо дидаи тар мегирист.
Вакте Мурсӣ ашк мерехт, имом ояти 45-и сураи Иброҳимро тиловат мекард: «Шумо дар хонаҳои касоне ҷой гирифтаед, ки бар ҷони худ ситам мекарданд ва донистед, ки чи гуна бо онҳо рафтор кардем ва бароятон мисолҳо овардем.»
Призидент баъд аз адои умра дар эҳром буд ва дар чеҳраи ӯ таъсири шадид аз тиловати оятҳои Қуръонӣ дида шуд.
Сурат ва навори ӯ имрӯз ҳамаи саҳифаҳои сомонаҳои интернетӣ, аз қабили Фейсбук, Твиттер ва Ютубро фаро гирифта буд.
Дар муддати ду соат ин наворро ҳазорон нафар диданд ва бархе аз онҳо назарҳои аҷиб навишта буданд. Яке аз онҳо ҳадиси Паёмбари ислом (с)-ро овардааст: «Ду чашмро оташи ҷаҳаннам ламс намекунад, чашме ки аз тарси Худо мегиряд ва чашме ки дар роҳи Худо постбонӣ мекунад.»
Дигаре навишта буд: «Дар назар мерасад, ин оятҳо Мурсиро хитоб мекунанд. Субҳоналлоҳ.»
Мурсӣ ҳангоме ки дохили Каъбаи мушаррафа гардид, бо зиёде аз ҳозирон салом кард ва нахост, ки дар бари ӯ амниятиҳо зиёд бошанд, то ба намозгузорон халал расонанд.
Ҳамаи камераҳо гиряи ӯро ба навор мегирифтанд ва телевизиони «Қуръони карим» имрӯз он қисмро такрор ба такрор мегузошт.
Ин аввалин сафари хориҷии Мурсӣ буд, ки дар ин маврид гуфт: «Хостам аввалин сафарам ба Арабистони Саъудӣ бошад, чунки ҷойи нузули ваҳй ва ҷамъкунандаи дилҳост.»
Матлаб аз «Ал-Арабия»