Categories СИЁСАТ

Розҳои нокушодаи солҳои ҷанг: Латифиро кӣ кушт?

Розҳои нокушодаи солҳои ҷанг: Латифиро кӣ кушт?

16 сол қабл, 22 сентябри соли 1998, узви Комиссияи оштии миллӣ ва яке аз журналистони маъруф Отахони Латифӣ дар натиҷаи як сӯиқасд кушта шуд. Ва то ҳол маълум нест, ки фармони қатли Латифиро кӣ дода буд?
Отахони Латифӣ, узви КОМ ва муовини собиқи сарвазири Тоҷикистонро субҳи 22 сентябри соли 1998, дар назди манзилаш дар фосилаи наздик ба 2 км аз меҳмонхонаи “Вахш”, мақари КОМ куштанд. Бо амри тасодуф ё амри тақдир ҳамон рӯз Латифӣ ҳам ронандаву ҳам ҳарду муҳофизашро ҷавоб дода, пойи пиёда ва танҳо буд…
Ҳукумати Тоҷикистон дар пай Отахон Латифиро аз тарафдорони собити ҷараёни сулҳ номида, қатли ӯро талоши латма задан ба ин ҷараён унвон кард. Ҷониби мухолифин дар пайи ин куштор фаъолияташро дар КОМ барои тақрибан як ҳафта мутаваққиф сохта, таъмини амнияти аъзои КОМ, таҳқиқи мунсифонаи куштори Латифӣ ва намояндагони дигари оппозисиюнро тақозо карданд…
Аммо бо гузашти инак 16 сол аз қатли ин хабарнигор ва сиёсатмадори маъруф ва бо вуҷуди эълони расмии чанд “боевик” ба унвони қотилони Отахон Латифӣ, ин парванда пур аз роз боқӣ мемонад ва маълум нест, ки фармони қатли ӯро кӣ ва барои чӣ дода буд?
Отахон Латифӣ соли 1938 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, баъди хатми риштаи журналистикаи донишгоҳи шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург)-и Русия, дар солҳои 60-уми асри гузашта вориди майдони матбуот шуд. Ӯ ибтидо дар рӯзномаи “Комсомолская правда” ва баъдан то поёни солҳои 80-ум ба ҳайси хабарнигори тоҷикистонии рӯзномаи “Правда”, органи КПСС, ҳизби коммунисти Шӯравӣ, ҳокими яккатоз, фаъолият мекунад ва ҳамчун як хабарнигори забардаст дар майдони матбуъоти вақт муаррифӣ мешавад.
Нуфузи Латифӣ ба ҳадде буд, ки аксари мансабдорони вақти ҷумҳурӣ аз ӯ метарсиданд ва ба ин далел Латифиро, ҳатто “котиби чоруми СеКа” ном мебурданд. “СеКа”, яъне кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки он вақт ҳамагӣ 3 котиб дошт.
Латифӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-ум, бо оғози сиёсати бозсозии горбачёвӣ, пой ба майдони сиёсати бузург гузошт. Аммо дар интихоботи вакилон ба Шӯрои олии СССР дар баҳори соли 1989, ки бори аввал ба сурати алтернативӣ мегузашт, ӯ дар ҳавзаи «Роҳиоҳан»-и Душанбе дар даври дуюм бо фарқи хеле ночизе, ки ба бовари тарафдоронаш натиҷаи тахаллуфи мақомот буд, аз Владимир Гиро ном халабон мағлуб шуд.
Дар ҳамон сол Отахон Латифӣ ба мақоми муъовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд ва дар ин мақом ду сол, то ибтидои соли 1991 кор кард.
Дар пайи истеъфояш аз ҳайати ҳукумат Латифӣ раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон интихоб шуд, ҳамзамон дар ҳамроҳӣ бо тоҷири тоҷиктабори муқими Финландия, Алексей Сафаров ширкатеро бо номи “Зарфин” таъсис дод, ки ба як ширкати хеле матраҳ дар майдони тиҷорати Тоҷикистон табдил ёфт.
Дар баҳори соли 1992 Латифӣ барои муддате ба сиёсат баргашт. Маҳз бо миёнаравии ӯву Акбари Турсон, академик Рашид Раҳимов ва Лоиқ Шералӣ байни раҳбарони майдони Шаҳидон ва раисиҷумҳур Раҳмон Набиев музокироте анҷом ёфт, ки дар натиҷаи он ҳукумати муросои миллӣ рӯи кор омад ва ду моҳи майдоннишиниҳои мудавом дар шаҳри Душанбе ба поён расид.
Отахон Латифӣ дар поёни соли 1992 тарки Тоҷикистон кард ва ду соли муҳоҷират дар Маскаву се соли дигарро дар Теҳрон ба сар бурд. Ӯ дар ин 5 сол, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошт, раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози нирӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои муштаракулманофеъ буд. Дар нахустин даври музокироти сулҳи тоҷикон дар баҳори соли 1994 дар Маскав раҳбарии ҳайати Иттиҳоди мухолифини тоҷикро бар ӯҳда гирифт.
Баъди имзои созишномаи сулҳ дар 27 июни соли 1997 ва таъсиси КОМ, Отахон Латифӣ моҳи сентябри ҳамон сол ба Душанбе баргашт ва то замони кушта шуданаш дар таърихи 22 сентябри соли 1998 дар симати раиси зеркомиссиюни ҳуқуқии КОМ кор кард.
Дар таърихи 26 январи соли 1999 телевизиони Тоҷикистон навореро намоиш дод, ки дар он Равшан Ғафуров, аз саркаштарин фармондеҳони марбут ба гурӯҳи саркаши Саидмухтор Ёров, ки дар минтақаи «Ҳазрати Мавлоно», қисмати шарқии пойтахт амал мекард, баъди боздошт шуданаш масъулияти қатли Отахон Латифиро ба гардан гирифт ва бидуни бурдани ягон номи мушаххас гуфт, Латифиро бо амри раҳбарони мухолифин куштааст. Аммо баъди ҳамагӣ ду ҳафтаи нашри ин навор, Равшан Ғафуров ба таври мармуз зимни анҷоми як амалиёти тафтишотӣ гӯё ҳангоми талоши фирор кушта шуд ва ин сирро бо худ ба хок бурд.
Саидмухтор Ёров ва Нозим Воҳидов, як фармондеҳи дигари мухолифин дар минтақаи Кофарниҳон, ки ба гуфтаи мақомот, дар сӯиқасд ба ҷони Латифӣ мустақиман ширкат доштааст, дар ҷараёни амалиёти интизомии мақомот кушта шуда, аз ҷамъи афроди муттаҳам ба қатли Отахон Латифӣ танҳо парвандаи Абдуллоҳ Турсунов то ба додгоҳ расид. Рӯзи 7 июни соли 2000 Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдуллоҳ Турсунови он замон 21-соларо ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, маҳз Абдуллоҳ Турсунов ба сӯи Латифӣ тир холӣ карда буд.
Аммо ин ҳукм тарафдорону шогирдон ва наздикони Отахон Латифиро қаноъат надод. Манзура Яъқубова, ҳамсари Отахон Латифӣ дар як сӯҳбати қаблиаш бо «Озодӣ» дар ин бора гуфта буд: “Баъд аз ду сол буд, ки маро ба додситонӣ даъват карданду гуфтанд, мана ҳамин нафар куштааст Отахонро. Ман гуфтам, ки агар ба ман фармоишгарро пайдо кунед, ман бовар мекунам. Баъд суд карданд ё накарданд он нафарро, ман намедонам. Мо нарафтем дигар на ба додситонӣ ва на ба додгоҳ. Дигар моро даъват ҳам накарданд”
Рӯзи 22 сентябри соли 1998, ки Отахон Латифӣ дар синни 62 кушта шуд, Абдуллоҳ Турсунов, нафаре, ки бо ҷурми куштани ин сиёсатмадор ва журналисти шинохта ба зиндон рафт, ҳамагӣ 18 сол дошт ва бино ба эътирофи худаш дар додгоҳ, ҳатто намедонист, ки Латифӣ кист?
Мирзои Салимпур

More From Author

You May Also Like