Роналдо ҳафтумин «ҳет-трик»-ро зад

Футболбози машҳури дастаи «Реал Мадрид»- и Испания, КристианоРоналдо шаби гузашта дар бозӣ ба муқобили ҳарифи дерина, дастаи «Атлетико»-и Мадрид се тӯб зад. «Реал» ба ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуд.

Ин ҳафтумин «ҳеттрик» -и Роналдо дар лигаи имсолаи Испания ба шумор меравад, ки ин як дастоварди хеле бузург аст. Роналдо дар ин бозӣ голи 40-уми худро ба самар расонд ва дар сабқати голзанҳо дар ин лига ҷойи аввалро ишғол карда, аз Лионел Месси як гол зиёдтар задааст.

More From Author

You May Also Like