Categories Uncategorized

Оё 4 масҷид ҷавобгӯи ду миллион мусалмони Маскав аст?

Дар ҳоле ки шаҳрдории Маскав ахиран эълом кард, ки ниёзманди сохтани масҷиди нав дар ин шаҳр нестем, мусалмонони Русия аз камбуди масҷид дар ин кишвар нороҳат ҳастанд.

Ба гузориши “islamworldnews”, ба нақл аз манобеъи арабӣ, Дамир Иззатулин, муовини Шӯрои муфтиҳои Русия дар бораи мавзеъи шаҳрдорӣ, мабнӣ бар ин ки ниёзманди сохти масҷид нестем, ба хабаргузорие гуфта, ки мо дар Маскав 4 масҷид дорем ва мусалмонон дар рӯзҳои ид ва намози ҷумъа, ҳамчунин муносибатҳои динии дигар бо мушкил мувоҷеҳ ҳастанд, ки ин мушкил бояд бартараф шавад.

Абдурраҳмон Азизов, як шаҳрванди тоҷик дар робита ба камбудии норасоии ҷой дар вақти адои намозҳои ид ва ҷумъа иброз доштааст, ки мо бештар вақт дар вақти анҷоми ибодатҳои худ бештар дар берун намозҳои худро адо мекунем.

Вай гуфтааст, ки мо аз шаҳрдории шаҳри Маскав мехоҳем, ки барои рафъи мушкил бо муфтӣ ҳамоҳанг бошанд ва барои мардуми мусалмони он шароит муҳайё намоянд.

Раул Айниддин, раиси Шӯрои муфтиҳои Русия эълом карда, ки ман пеш аз ин аз шаҳрдорӣ хостам, то 10 қитъа заминро барои сохти масҷиди нав дар минтақаҳои мухталифи Русия ихтисос диҳад.

Вай таъкид кард, ки тавсеаи 4 масҷид дар Маскав мушкилеро ҳал намекунад.

More From Author

You May Also Like