Чанде қабл Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сафари бомуваффақ ва зарурие анҷом дод ба кишвари Арабистони Саудӣ. Ва дар он ҷо дидору мулоқотҳое дошт бо доираҳои расмӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама, Ҷидда ва Риёз.
Суол: Ҳузури раҳбари муҳтарами Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон салом арз медорем ва доир шудани сӯҳбат дар дафтари нашрияи Наҷотро фоли нек мегирем. Қабл аз ҳама мехостем ба хонандагони ин нашрия ва торнамои наҳзат.тҷ мегуфтед, ки қасд аз сафар ба Арабистони Саудӣ ва омилҳои он чӣ буд?
Муҳиддин Кабирӣ: Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Ташаккур. Ҳадаф аз сафари мо ба кишвари Арабистони саъудӣ ширкат дар Конгреcси осиёии ҳандбол буд, ки дар шаҳри Ҷидда баргузор гардид, инчунин анҷоми маросими Умра ва дидору вохwриҳо бо доираҳои гуногуни Арабистони Саъудӣ ва донишҷӯёни тоҷик.
****
Суол: Вазъи ҳандболро ҳамчун раиси федеротсиюни ҳандбол дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Дар Осиёи Марказӣ кадом кишвар дар ин соҳа пешрафт дорад?
Муҳиддин Кабирӣ: Дар конгресс гузориши Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон шунида шуд ва дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа, бо дарназардошти имконоти заъифи мо фаъолияти он хуб баҳогузорӣ шуд. Зимни гузориш аз ҷониби мо чанд пешниҳоди мушаххас оид ба рушди ин навъи варзиш дар кишвар ироъа гардид. Ва раҳбарияти Федератсияи байналмилии ҳандбол аз мо даъват карданд, ки барои баррасии муфассали пешниҳодҳо моҳи март ба дафтари марказии ин созмон ба шаҳри Базели Шветсария сафари корӣ дошта бошем.
Аммо дар Осиёи Марказӣ вазъи ҳандбол дар Қазоқистон ва Узбекистон беҳтар аст, далел маблағгузории калони давлатӣ ва инфраструктураи қавӣ мебошад. Дар кишвари мо, ҳатто толори алоҳида ва базаи худро надорем, вале боз ҳам натиҷаи фаъолияти ин намуди варзиш дар нисбати кишварҳои дигар беҳтар аст. Аллакай дар чанд мусобиқаи байналмилал тими миллии Тоҷикистон ширкат намуда, натиҷаҳои хуб ба даст овард. Масалан, дар соли гузашта, ҳандболчиёни мо дар Покистон ҷои саввумро касб карданд, ки инро метавон натиҷаи хуб гуфт.
****
Суол: Таври маълум, мардуми тоҷик зиёдтар ба варзишҳое мисли гуштингирӣ, футбол, волейболу теннис майл доранд. Шояд бисёре аз тоҷикон надонанд, ки ҳандбол чист. Чаро Шумо ҷиҳати рушди бозии ҳандбол саъю талош меварзед?
Муҳиддин Кабирӣ: Бале, ҳандбол намуди маъруфи варзиш дар кишвари мо нест, агарчи варзиши олимпӣ мебошад ва дар баъзе кишварҳо пас аз футбол варзиши дуввум ҳам ба ҳисоб меравад. Дар даврони Шӯравӣ аксари бозигарони Тоҷикистонро мардуми ғайритоҷик ташкил медод. Ҳоло мо такя бар чанд кадри миллӣ менамоем, ки аз он замон боқӣ мондаанд.
Таваҷҷӯҳ доштанам ба ҳандбол заминаи худро дорад. Солҳои хидмати аскарӣ дар тими ҳандболи дивизия барои дарёфти ҷоми округи ҳарбии Кафқоз бозӣ карда будам, он ҳам қариб тасодуфӣ буд. Эълон карданд, ки моҳи оянда дар Краснодар мусобиқа баргузор мегардад ва бояд тими ҳандболи дивизия ширкат намояд. Ҳар нафаре ба ин варзиш ҳавас дошт ба машқ ё тамрин ҷалб карданд. Ҳамин тавр мо ҳам ба ҳандбол ошно гаштем, ба ҳар ҳол онро бозии ҷолиб ёфтам.
Дигар паҳлӯи масъала ба ташаббуси бародар Саид Маҳмудов, собиқ ҷонишини раиси Кумитаи варзиш бастагӣ дорад, ки таъсиси федератсияи ҳандболро пешниҳод кард ва фаҳмонд, ки ин навъи варзиш маъруф нест ва ниёз ба сарпарасту талоши зиёд дорад. Ҳамин тавр мо корро аз сифр оғоз кардем ва Худоро шукр, ки тими миллии ҳандболи тоҷик то сатҳи байналмилалӣ баромад.
Албатта, намудҳои оммавии варзишро рушд додан чандон кори душвор нест, зеро мардум худ ба он машғул аст ва аз байни ҳазорҳо бозигар чанд нафар пайдо кардан мумкин аст. Вале, намудҳои варзишӣ на чандон маъруф заҳмат ва талоши даҳчанд мехоҳад ва инро танҳо мутахассисон мефаҳманд. Ҳамин аст таърихи пайвастани мо ба ин навъи варзиш.
****
Суол: Бино ба хабаре, ки ба дафтари ҲНИТ аз Ҷидда расид ва дар торнамои наҳзат.тҷ нашр шуд, Шумо хостори сармоягузории бештари Арабистони Саудӣ дар Тоҷистон шудаед. Вале баъзе доираҳо мухолифи ҳамин навъ ҳамкориҳоянд. Дар фейсбук, нафаре баъди пахши хабари сафари Шумо ба Саудӣ навиштааст: «Арабистони Саудӣ маъруф ба густариши гароишҳои тундгароёна дар минтақа аст. Оё сармоягузории он кишвар дар Тоҷикистон боъиси тарвиҷи ин гуна равандҳо нахоҳад шуд?». Дар ин маврид, Шумо чӣ назар доред?
Муҳиддин Кабирӣ: Мо набояд ба масоил назари танг дошта бошем. Арабистони Саудӣ ягона кишвари арабист, ки дар мо сафорат дорад ва сатҳи муносибатҳои ду кишвар хеле баланд ва умедворкунанда мебошанд. Ин кишвар дорои имкониятҳои бузурги молӣ ва илмӣ ҳам ҳаст ва ҳайф аст агар кишвари мо аз он истифода накунад.
Мо мухолифи барномаҳои фарҳангӣ, хайриявӣ ва динӣ нестем, баръакс, хоҳиш дорем, ки онҳо боз ҳам рушд пайдо намоянд. Ду миллати мусалмон бояд ҳамкориҳои фарҳангӣ ва динӣ дошта бошанд, агар ин гуна муносибатҳо набошанд, ҷои нигаронист. Вале, ин ҷойи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро намегирад.
Агар дӯстони мо аз ҳар гӯшаи олами Ислом ободӣ ва рушди миллати тоҷик ва равнақи Исломро дар кившари мо мехоҳанд, бештар ба рушди иқтисод ва баланд намудани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷӯҳ намоянд. Фақр дари куфр ва фасодро боз мекунад ва аз тарафи дигар, зиндагии осудаву тенҷ имкониятро барои ибодати комил ва хидмат ба Исломро фароҳам месозад. Барои ҳамин аст, ки мо ҳамеша ба барномаҳои иқтисодӣ авлавият қоилем ва даъват мекунем, ки дӯстон бештар ба ин масоил аҳамият диҳанд. Чуноне, ки Ирон солҳои охир барномаҳои иқтисодии хешро дар робита ба кишвари мо бештар кардааст ва ин қобили дастгирист.
Аммо, касоне, ки аз рушди андешаҳои тунд ё бегона тавассути сармояҳои ин ё он кишвар ҳарос доранд, бояд бидонанд, ки ҳамаи сармоя ду ҳадаф дорад: даромад гирифтан ё ҳадафи сиёсиву диниеро пиёда кардан.
Бояд эътироф намоем, ки кишвари мо имрӯз барои сармояҳои сирф тиҷорӣ чандон марғуб нест ва танҳо конҳои тиллову дигар маъданҳо метавонанд ҷолиб бошанд. Нафту газ надорем, ки ба хотири даромади бузург ва сареъ хориҷиён таваккал ё риск намоянд. Аксари сармояи хориҷии воридшуда ҷанбаи сиёсӣ дорад ва аз ин ҳангома сохтан лозим нест. Онро бояд дуруст мудирият кард, то манфиъатҳои миллӣ ва агар лозим шавад, мазҳабиамон зарба набинанд. Авлавиятро бояд ба сармояи хориҷии хусусӣ дод, зеро он мазҳабу идеологияро намеписандад, сармояи давлатӣ аксаран сиёсатзада аст ва ин ҷо эҳтиёт бояд кард.
****
Суол: Бино ба хабаре, ки дар боло ишора рафт, Шумо бо донишҷӯёни тоҷики муқими Арабистони Саудӣ чанд вохурӣ доштаед. Мегуфтед, ки ин гуна мулоқотҳо дар кадом шаҳрҳо доир гаштанд?
Муҳиддин Кабирӣ: Вохурӣ бо ҳамватанон ҷузъи барномаҳои доимии мост ва ҳадалимкон зимни сафарҳо талош мекунем, ки дар ҳама ҷо ин гуна дидору суҳбатҳо дошта бошем. Худоро шукр, ки бо донишҷӯёни тоҷик дар Арабистони Саудӣ ҳам дидору мулоқотҳое доштем. Афсӯс, ки фурсати ба Мадинаи мунаввара рафтан нашуд, то ҳамватанони муқими ин шаҳри фарҳангиро низ бубинем. Иншоаллоҳ, дар сафари оянда ҳатман ба зиёрати онҳо хоҳем рафт. Дар воқеъ дидору мулоқотҳо бо ҷавонони тоҷики муқими Арабистони Саъудӣ бароям маълумоти фаровоне доданд, ки хеле муфид буданд.
****
Суол: Шумо ба Аврупо, Шарқи Наздик, кишварҳои Араб ва Малайзиёву Индонезиё ва дигар нуқоти олам сафарҳо доштед ва бо муҳассилини тоҷик дар он ҷойҳо вохуриҳо ҳам анҷом гирифтанд. Оё дар мулоқот бо ҷавонони тоҷик дар Арабистони Саъудӣ кадом фарқияте ҷой дошт?
Муҳиддин Кабирӣ: Бале, тоҷик дар ҳама ҷо тоҷик аст ва дорои ҳамон меҳмоннавозӣ, чеҳраи гарм ва самимият. Вале интизор надоштам, ки дар фурудгоҳ моро ба як шукуҳи хос пешвоз мегиранд. Агар аз қабл медонистам хоҳиш мекардам, ки ба фурудгоҳ нафарони зиёд наоянд, ба ҳар сурат кишвари бегона аст. Ба ҳамин хотир, ҳангоми гусел розӣ нашудам, ки бародарон ба фурудгоҳ зиёд биёянд. Маълум буд, ки онҳо ташнаи дидор бо ҳамватанонанд ва ниёзе доранд ба сӯҳбатҳои самимиву бародарона. Мо фазоро дар он ҷо ҳамин гуна ёфтем.
Баъди ин вохӯриҳо аҳамияти онҳо бароям равшантар гардиданд ва тавсияи мо ба ҳамаи масъулин, бахусус сиёсатмадорон ин аст, ки робитаи хешро бо насли дар хориҷ будаи миллат бештар намоянд. Ин манфиъати ҷонибайн дорад.
****
Суол: Аз нигоҳи Шумо, ҷолибтарин нукта дар вохӯрӣ бо ҷавонони тоҷики муқими Арабистони Саудӣ чӣ буд?
Муҳиддин Кабирӣ: Масъалагузориҳои ошкор, самимона ва боодобонаи онҳо. Қариб масъалае набуд, ки матраҳ нашуда бошад, вале ҳама дар чаҳорчуби одобу фарҳанг буд. Эҳсос мешуд, ки воқеъиятҳоро аз овозаҳо ҷудо кардан мехоҳанд, ин хеле муҳим аст. Зеро баъзан як нафар то ҳадде ба шунидаи хеш бовар дорад ва таъассуб меварзад, ки дигар барои сӯҳбат ҷо намемонад.
Чун овозаҳое ҳастанд, ки донишҷӯёни тоҷик зери таъсири баъзе доираҳои салафии роиҷ дар ин кишвар мондаанд. Мо ҳам таҷрибаи талхи тундгароиҳои салафиёни маҳаллиро дар Тоҷикистон дорем ва бо таваҷҷӯҳ ба ин гуна овозаву амалҳо, то ҳадде омодаи муносибати тунд будем. Вале дарк кардем, ки мо аксаран гаравгони ҳамон овозаву тӯҳматҳое ҳастем, ки бо сабабҳои гуногун нисбати мусалмонон пахш мешаванд. Бо асосу беасос якеро салафӣ мехонему дигареро шиъа ва саввумиро ба ҳизбӣ нисбат медиҳему чорумиро зиддиҳизбӣ. Вале як нишаст кофист, то бифаҳмем, ки ҳама фарзанди як миллат ва пайрави як динем. Агар ҳар кадоми мо масъаларо аз зовияи дигаре мебинад, фоҷиъа нест, балки шояд раҳмат ҳам бошад. Худоро шукр, ҷавонони тоҷикро дар Арабистони Саудӣ хеле мӯътадил ва самимӣ ёфтам.
****
Суол: Аксари донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои исломӣ дар риштаҳои динӣ мехонанд ва адади хеле кӯчак дар соҳаи улуми дақиқ ва мудирият. Оё ҳамин вазъ ба онҳо ҳам рост меояд? Камбудӣ дар худи мост ё воқеъан коргузории донишгоҳҳои Саудӣ иҷозат намедиҳад, ки хориҷиҳо дар дигар риштаҳо бихонанд?
Муҳиддин Кабирӣ: Ҳамин саволро аз донишҷуён кардам, ки чаро аксаран дар улуми динӣ таҳсил мекунед? На ба маънои он, ки ин хуб нест, баръакс мо ниёзи шадид дорем ба кадрҳои динии муъосир. Ва иштибоҳ мекунад агар нафаре бигӯяд, ки мо дигар ба ин гуна кадр ниёз надорем, балки бояд тавозун бошад.
Мо ниёз ба кадрҳои муъосири дунявӣ ҳам дорем, ки дар донишгоҳҳои мо ин талабот ба таври пурра қаноъатмандкунанда нест. Масъала сари он аст, ки танҳо ҳамин сол мақомоти Саудӣ иҷозат додаанд, ки донишҷӯёни хориҷӣ дар риштаҳои ғайридинӣ ҳам таҳсил намоянд ва мутмаинам, ки сафи ҷавонони тоҷик дар ин риштаҳо меафзояд ва мо тавсияи худро ҳам додем.
****
Суол: Алоқаи донишҷӯёни тоҷик бо сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Муҳиддин Кабирӣ: Кош ҳама ҷо ҳамин тавр мебуд. Ҳис кардам, ки сафорат хонаи ҳамаи тоҷикони он ҷост ва кормандони сафорат пуштибон, сарпарасту роҳбалади онҳо. Обрӯи як миллат дар хориҷ ҳамин гуна ба даст меояд.
****
Суол: Оё сафорат чунин муносибатро дар шахси Шумо ҳам анҷом дод?
Муҳиддин Кабирӣ: Бале, ҳамчун як тоҷик ва баъдан раиси ҳизбу вакили парлумон, на кам ва на беш. Шояд дар роҳандозии ин гуна муносибатҳо бештар фаросат ва таҷрибаи сафир таъсир гузошта бошад. Чунки таҷрибаи дигареро ҳам дар сафарҳо доштем.
****
Суол: Дар хабаре, ки дар сомонаи наҳзат.тҷ нашр шуд, гуфтаед, ки доктор Солеҳ заковат ва ҳушмандии донишҷуёни тоҷикро таъриф кард. Оё дар ин ҳарфҳо кадом муҷомала ва дипломатияе нест ё воқеъан донишҷуёни тоҷик дар талаби илм ва фаъолиятҳои донишгоҳӣ беҳтаранд?
Муҳиддин Кабирӣ: Агар ин ҳарфро як нафар мегуфт, шояд муҷомала ба шод кардани меҳмон фаҳмида шавад. Вале, инро аз забони чандин масъул шунидам ва бо далел мегуфтанд. Доктор Солеҳ касе нест, ки бо донишҷуён иртиботи шахсии доимӣ дошта бошад, ҳатман аз дигарон шунидааст ва ин аллакай як воқеъияти исботшударо мемонад.
Аз як тараф майли фитрии тоҷикон ба дониш ва аз тарафи дигар, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоъӣ дар ватан онҳоро водор мекунад, ки ба ҳама мушкилот сабр кунанд ва ҷиддан аз пайи илму дониш бошанд, то аз донишгоҳ ронда нашаванд. Худи мизбонҳо ба ин назаранд, ки дигар миллатҳо дар нисбати тоҷикон сабру тоқати камтар дошта, таҳсилро то ба охир намерасонанд.
****
Суол: Шумо аз иқдоми Президенти кишвар роҷеъ ба табъу нашри «Ҳидояи шариф» бо забони тоҷикӣ аз тарафи Ассамблеяи байналмилалии ҷавонони мусалмон пуштибонӣ кардед, оё ин дар қавӣ гардонидани алоқа байни Тоҷикистон ва Саудӣ таъсире хоҳад дошт?
Муҳиддин Кабирӣ: Ин хабари хушро ба мо дар худи Ассамблея доданд ва сафири Тоҷикистон ҳам онро таъйид кард. Ин на танҳо боиси наздикии ду кишвар мегардад, балки кори савобе ҳам ҳаст, ки дар корномаи соҳиби ибтикор ва ношир сабт хоҳад гашт. Нашри ин гуна китобҳо бояд бештар шавад ва миллати мо бояд дини худро аз сарчашмаҳои мӯътамад ва мувофиқ ба мазҳаби ҳанафӣ биомӯзад.
****
Суол: Боз дар бораи варзиш. Тибқи хабар Шумо дар ҳайати ду тими футболе, ки қувваозмоӣ мекарданд, бозӣ кардед. Ин чӣ гуна сурат гирифт?
Муҳиддин Кабирӣ: Чун вохӯрии мо дар як макони тафреҳӣ-варзишӣ мегузашт, донишҷӯён пешниҳод карданд, ки бозии футбол доир намоянд ва ба ду тим тақсим шуданд. Агарчӣ футболбозиро дӯст медорам, вале дигар он тавони пешина нест. Барои ҳамин дар ҳайати ҳар кадоме аз тимҳо чанд дакиқаӣ бозӣ кардам. Таъассуроти хубе боқӣ монд аз он нишаст ва бозӣ ҳамроҳи донишҷӯён. Ҳама чиз буд: баҳс, варзиш, зиёфат, хандаву шӯхӣ.
****
Суол: Фикр мекунам ҲНИТ дар кишвар ягона ҳизбест, ки бо ирсоли ҳайат ва сафарҳои масъулини ҳизбӣ ба Русия аз аҳволи муҳоҷирини тоҷик хабар мегирад. Инчунин, раҳбарияти он бо донишҷуёни тоҷик дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон вохӯриҳо доштааст. Оё ҲНИТ дар оянда барномаҳое дорад, ки барои қариб кардани фосила ва нигоҳ доштани эътидол байни якдигар, ин гуна мулоқотҳоро бештар намояд?
Муҳиддин Кабирӣ: Албатта, дар ин маврид мо ягона ҳизб нестем, шояд нисбати дигарон бо ҳамватанони бурунмарзӣ бештар дидору мулоқотҳо дошта бошем. Бисёр мехостам, ки бародарон аз дигар аҳзоб ҳам бираванд. Ҳамаи аҳзоби Тоҷикистон миёни муҳоҷирин ва донишҷӯён тарафдору интихобкунанда доранд. Беҳтар боз он аст, ки ҳайатҳои муштарак ташкил намоем, ин ҳассосиятро кам ва ҳамдигарфаҳмиро бештар мекунад. Зеро сафарҳои мо ба танҳоӣ назди ҳамватанон метавонад ҳассосиятро ба вуҷуд биёрад. Албатта, агар бо мо рафтан хоҳанд, хеле хуб, вале мо кори худро идома хоҳем дод.
Сафари ҳайатҳои мо асосан дар тобистон сурат мегиранд, вале аксари вохуриҳои мо дар ҳошияи дигар сафарҳои корӣ ва расмӣ анҷом мешаванд. Барои мисол, рӯзҳои наздик ба Ирон барои конфронси тақриби мазоҳиб сафар дорам ва кӯшиш мекунам, ки ҳадди ақал дар яке аз шаҳрҳои он бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ анҷом диҳам, иншоаллоҳ. Инчунин ба Миср ва Амрико ҳам нияти сафар дорем. Бисёриҳо ҳадафи аслии ин вохӯриҳоро сиёсӣ медонанд. Ин ҳам ҷо дорад, зеро имкон надорад, ки вохӯрии раиси як ҳизб бо мардум сиёсӣ набошад. Вале, қабл аз масъулиятҳои ҳизбӣ ҳам, даҳҳо вохӯрӣ бо ҳамватанон анҷом додаем. Чун худам солҳои Шӯравӣ таҷрибаи донишҷӯ будан дар хориҷро аз сар гузаронидаам ва ҳар киро аз Кавказу Балтикаву Сибир ҳам медидем хурсандиамон ҳад надошт, чӣ расад ба як тоҷикистонӣ. Ҷанбаи инсонии масъала ва қарзи ҳамватаниро низ фаромӯш набояд кард. Ҳама чизро бо тарозуи сиёсат баркашидан хуб нест.
Бинобар ин, вохӯриҳои мо идома хоҳанд дошт ва иншоаллоҳ, зиёд ҳам хоҳанд шуд. Худо кунад, ки ватани мо рӯзе ободу пешрафта шавад, то ҳамагон имкони таҳсилу корро инҷо пайдо намоянд ва дар хориҷ якдигарро танҳо ба сифати сайёҳ бинем.
Ташаккур, устод.