Categories Uncategorized

Дархости мусалмонони Русия барои сохти масҷидҳои нав

Мусалмонони Москов аз мақомоти Русия хостаанд, то масҷидҳое васеътар ва бузургтаре барои онҳо сохта шавад.

Ба гузориши “islamworldnews”, мусалмонони Москов хостори таъсиси бештари масҷидҳое шуданд, ки бузургтару васеътар бошанд, то мусалмонҳо тавонанд бидуни мушкилие ибодатҳои худро дар дохили масҷид анҷом диҳанд.

Ба гузориши манбаъ, яке аз мусалмонони Москов дар ин бора гуфт, ки мусалмонони Русия аз ҷумла Москов ба хотири адои ибодатҳои динияшон эҳтиёҷ ба шароити муносибанд, то битавонанд дар назофат ва покизагӣ намози худро адо кунанд на дар хиёбонҳову кӯчаҳо.

Айни замон теъдоди мусалмонони Русия бо идомаи вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Миёна афзоиш меёбад. Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки мусалмонон дар Москов дар ҳоли ҳозир теъдодашон ба ду миллион нафар мерасад.

More From Author

You May Also Like