Мутавалиёни масҷиди Улуи шаҳри Анадолуи Туркия бо роҳандозии бахши “Қуръондармонӣ” ба табобати бемороне мепардозанд, ки аз мушкилоти рӯҳӣ ва равонӣ ранҷ мебаранд.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз расонаҳои Туркия, масҷиди Улу дар соли 1228 м дар ҳаҷми 280 м мураббаъ дар ин шаҳр сохта шуда ва бахше аз ин макони ибодиро барои табобати беморон ба савти дилнишини Қуръони карим ба номи “Дорушшифоъ” номгузорӣ кардааст.
Бинобар гузориши мазкур, ин масҷид дар соли 1985 м дар листи мероси фарҳангии ЮНЕСКО қарор гирифта ва аз лиҳози таърихӣ ва меъморӣ мавриди таваҷҷӯҳи зоирини ин кишвар шудааст. Дар қисмати “Дорушшифоъ” – и он утоқе барои духтур ва утоқҳое барои беморон вуҷуд дорад, ки мардум бо рафтан ба он ҷо метавонанд бо савти Қуръони карим ва шунидани оёти Худованд оромиши маънавии зиёд касб кунанд.