Як мизи гирд, ки дар мавзуи «Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва эктримизм» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳур баргузор гардид, Худойбердӣ Холиқназаров, раиси ин ниҳод аз манъи либосҳои бегона ва пушаймонии ҷавонони тоҷик дар Ироқу Сурия сухан кард.
Ҳамчунин ӯ пешниҳод кард, ки вуруди либосҳои бегона барои фарҳанги тоҷикон тариқи гумрук манъ карда шаваду аз мақомоти интизомӣ хост пеши роҳи инҳоро бигиранд. Холиқназаров изҳор дошт, ки барои ҷилавгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротии диннӣ дар макотиби умуми кишвар фанни “Таърихи Ислом” роҳандозӣ карда шавад.
Чизи дигаре, ки номбурда ишора кард ин таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои исломии хориҷ буд, ки гуфт “донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои исломӣ дар хориҷро бештар ба ҳайси гумоштаҳо омода мекунанд”.
Ин дар ҳоле аст, ки аксари ҷавонони дар Сурия будаи тоҷик на аз донишгоҳҳои исломӣ, балки аз Русия ва ҳатто Тоҷикистон рафтаанд ва дар байнашон фарзандони генерали собиқу сарватманд ҳам ҳаст.