Тавре маълум аст, ҳафтаи сипаришуда яке аз масъалаҳое, ки таваҷҷӯҳи мардумро тавассути сомонаҳои интернетӣ ва ВАО ҷалб намуда буд, кушта шудани Ҳамза Икромзода дар маҳбаси № 1 -и пойтахт мебошад.
Ин дар ҳолест, ки хонаводаи Ҳамза Икормзода, пас аз гирифтани ҷасади беҷони фарзанди худ аз маҳбаси мазкур, ба хулосае омаданд, ки фарзанди онҳо дар ин маҳбасхона кушта шудааст.
Дар баробари ин зимни суҳбати хабарие, масъулони ин маҳбасхона кушта шудани Ҳамза Икромзодаро рад карда, марги ӯро худкушӣ унвон додаанд. Аммо ҷароҳату осори азобу шиканҷа дар бадани Ҳамза Икромзода баёнгари он аст, ки Ҳамза Икромзода дар ин маҳбаси № 1 кушта шудааст.
Наздикони Ҳамза Икромзода аз рӯзи кушта шудани фарзанди худ, шикоят карда буданд, то қотилон ва золимоне, ки фарзанди онҳоро ба қатл расонидаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Пайи даъвоҳои худ, наздикони Икромзода назди раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон, Иззатулло Шарифов шикоят бурданд ва бо ӯ дар ин хусус мулоқот ҳам кардаанд.
Иззатулло Шарифов дар суҳбат бо наздикони Ҳамза Икромзода баён дошт, ки рафти тафтишот идома дорад ва тибқи қонун пас аз таъйид шудани ҳодиса ва таҳқиқи омилҳои марги маҳбус метавон нисбати масъулон ва коркунони маҳбаси № 1 натиҷагирӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки модари Ҳамза Икромзода зимни шикоятҳои худ назди Иззатулло Шарифов даъво кардааст, ки Рустам Тоштемиров, сардори муассисаи илоҳии № 1 дар куштани фарзандаш гунаҳкор аст.