Categories Uncategorized

Роҳбарони боэътимод: Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматилло Зойиров

Тибқи як назарсанҷии Оҷонсии иттилоотии TojNews Муҳиддин Кабирӣ ва Раҳматилло Зойиров миёни раисони аҳзоб ҳамчун роҳбарони боэътимод шинохта шудаанд.

Дар ҷавоб ба пурсишномаи TojNews – «Ба роҳбари кадом ҳизби Тоҷикистон эътимод доред?» 230 нафар (31,1%) эътимодашонро ба роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баён карда, 221 нафар (29,9%) ба роҳбари Ҳизби сотсиал-демократӣ изҳори бовар намудаанд.

Дар ин миён 166 нафар (22,4%) баён доштаанд, ки ба роҳбари ягон ҳизб эътимод надоранд.

Ба роҳбари Ҳизби халқӣ-демократӣ 48 нафар (6,5%) эътимод бастаанд. 31 нафар аз истифодабарандагон (4,2%) бо эътимод ба роҳбари Ҳизби аграрӣ овоз додаанд ва 22 нафар (3%) роҳбари Ҳизби демократиро ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар ин назарсанҷӣ роҳбари Ҳизби коммунистӣ 19 нафар (2,6%) ҷонибдор пайдо кардааст. Ба роҳбари Ҳизби сотсиалистӣ 2 нафар (0,3%) изҳори бовар кардаанду дар шароити ҳолати нигаронкунадаи иқтисодиёти кишавар танҳо 1 нафар (0,1%) ба роҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ эътимод бастааст.

Ногуфта намонад, ки ин назарсанҷӣ 14-уми марти соли ҷорӣ оғоз шуда, дар он 740 нафар истифодабарандаи сомона изҳори назар кардаанд.

Мушкинисо АСОЗОДА / TojNews /

More From Author

You May Also Like