Миралӣ Назруддинов, масъули бахши ҲНИТ дар ноҳияи Вахш, яке аз собиқадорони ҳизб аст. Ӯ соли 1987, баъди хатми мактаби миёна ба сафи аъзои ҳизб пайвастааст. Замоне ки хонандаи мактаби миёна буд, аз омӯзиши улуми исломӣ канор нарафт, балки нахуст назди падар, сипас дар назди марҳум Абдулғаффор Бурҳонов, масъули онвақтаи бахши ҳизб дар ноҳияи Вахш омӯзиши Исломро идома дод. Соли 2011 ба масъули кумиссиюни тафтишотии бахши ҳизб ва соли 2013 ба вазифаи масъули бахши ҲНИТ дар ноҳияи Вахш баргузида шуд.
Дар идомаи силсиласуҳбатҳо бо масъулони ҳизбӣ мавсуфро ҳамсуҳбати навбатии худ интихоб намудем.
– Муҳтарам Миралӣ Назруддинов, ба назар мерасад, ки фаъолияти ҳизб дар ноҳия ба кундӣ пеш меравад. Лутфан бигӯед, ки кадом омилҳо сабаби заъфи фаъолияти бахши ҳизб шудаанд …
– Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ва салому дуруд ба Расули гиромӣ ( с)-ю асҳобаш.
Бояд гуфт, баъди бозгашт аз ҳиҷрат тамоми диққати мақомот ба минтақаи мо равона шуда буд. Ва ин минтақа ҳамчун маҳалли «хатар» ё “доғ” ба шумор мерафт, то ҳадде ки мардуми оддӣ ҳам чунин мепиндоштанд ва низ мепиндоранд . Ин яке аз омилҳои таъсиррасон дар фаъолияти мо шуд.
Дигар омили умдаи таъсиррасон ба фаъолияти ҳизбро метавон дар таблиғоти густардаи ВАО, бахусус намоишҳои телевезионӣ арзёбӣ кард, ҳол он ки хушбахтона, дар муддати чанд соли ахир мо тавонистем исбот кунем, ки ҳизби мо сулҳпарвар ва барои ободии давлату миллат саҳмгузор асту дар ин масъала талош меварзад.
– Фаъолият дар ҷамоъатҳо чӣ гуна аст?
-. Феълан дар бахши ноҳияи мо 4 нафар масъулият дорад . ТО имрӯз наздик Ба 1700 нафар узв дар ноҳия дорем . Ва аз ин теъдод беш аз 60 фоизи аъзоро бонувон ташкил медиҳанд Дар умум, бахши ноҳиявии ҳизб дар 7 ҷамоат фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро роҳандозӣ намудааст ва фаъолияти онҳо дар 6 ҷамоат хуб ба назар мерасад.
– Барномаи фаъолият дар ташкилотҳои ибтидоӣ чӣ гуна аст?
-. Барномаҳои фаъолият Дар ташкилотҳои ибтидоӣ Аз рӯи нақшаи солонаи корӣ Ба роҳ монда шудааст Ҳар моҳ мувофиқи барнома, қабули аъзо, ҷалби шаҳрвандон ба сафи ҳизб, ҷашнгирии ҷашну маросимҳо ва доир кардани мусобиқоти варзишӣ байни ҷавонон самтҳои фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии моро дар бар мегиранд.
– Омили заъифии ташкилотҳои ибтидоии ҷамоати ишоранамудаи Шумо дар чист?
-. Сабаби аввал дурии масофа аст, ки ташкилоти мазкур қариб 70 километр аз дур маркази ноҳия ҷойгир аст . Ин ҳам бошад, савхози Машъал аст, ки сокинони ОН ҳама чорводоранд Чанд маротиба Ба ОН ҷо Сафар намудем ВА бардоштамон Ин шуд, ки сокинон ба сиёсат кам таваҷҷуҳ доранд.
– Тавре мо иттилоъ дорем, дар гузашта бузургтарин ташкилоти ибтидоӣ дар ноҳияи шумо буд …
-. Бахши ноҳиявии мо дорои 30 ташкилоти ибтидоӣ АСТ . ДАР 22 ташкилоти ибтидоии ОН фаъолият Ба таври хуб Ба роҳ монда шудааст Инчунин метавон гуфт, ки байни ташкилотҳои ибтидоӣ мо мусобиқоти варзишӣ ташкил намудем, ки ин сабаби боз ҳам бештар ошноӣ пайдо кардани мардум ба аҳдофи ҳизб мегардад.
– Мусобиқоти варзишие, ки гуфтед, ба чӣ хотир роҳандозӣ шудаанд?
– Албатта, ба хотири таблиғи варзишу саломатӣ. Бинобар ин ҳар ҷамоат гурӯҳи футболбозони худро дорад. Ин амал бо ташаббуси баъзе шаъсиятҳои саховатпеша роҳандозӣ шуд. Яъне шахсиятҳое барои ташкил намудани тимҳои футбол дасти кӯмак дароз намуданд.
– Чӣ гуна кӯмак?
– Кӯмакҳо аз қабили либоси футболбозӣ, тӯб, ҳавасмандкунии бозингарон ва ғайра.
– Бахши Шумо се вакили ноҳиявӣ дорад Бинобар Ин лутфан гӯед, ки вукалои Шумо то ҳол чӣ корҳоеро анҷом доданд ё чӣ барномаҳоеро амалӣ намуда истодаанд?
– Дуруст қайд кардед, ки аз бахши ноҳиявии ҳизб 3 вакил интихоб шудаанд ва онҳо барои ободонии ноҳия саҳми назаррас доранд. Хусусан дар ҷамоати Тоҷикобод барои сангфарш кардани роҳҳои хоҷагии деҳқонӣ ва бо оби нӯшокӣ таъмин кардани мардуми деҳа талоши зиёд намудаанд. Барои беҳдошти саломатии мардум як бунгоҳи тиббӣ сохтаанд, ки ин бунгоҳ бо мутахассисони варзида таъмин шудааст. Илова бар ин Эмаҳмад Тауров, муаллим ва вакили мо дар мусобиқоти фарҳангии ноҳия, ки бахшида ба ҷашни бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ баргузор шуда буд, дар бахши маснавихонӣ ҷои сазоворро ишғол намуд …
– Омодагӣ ба интихоботи парлумонии 2015 чӣ тавр аст?
-. Омодагии мо ба интихоботи парлумонии соли 2015 хуб Ба роҳ монда шудааст ТО имрӯз метавон гуфт, ки нозир ва аъзои участкаҳои интихоботӣ дар бахши мо 70 фоиз омодаанд ва то баргузории интихоботи парлумонӣ, иншоаллоҳ, мо тайёрии комил хоҳем дид ва шумораи намояндагони худро боло хоҳем бурд.
– Таваҷҷуҳи мардум ба ҳизб?
-. Таваҷуҳи мардум Ба ҳизб вобаста Ба фаъолияти худи Мост Ҳар қадар МО заҳмату талош баҳри ободонии ҷомеъа намоем, мардум низ ба ҳамон андоза бо мо наздик мешаванд.
– Дар бораи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва бо ҷомеа чӣ гуфта метавонед?
– Ҳамкории мо бо сохторҳои давлатӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар баъзе маҳфилҳои фарҳангии ноҳиявӣ намояндагони мо иштирок менамоянд. Дар умум, муносибати мо бо дигар аҳзоб, хусусан бо ҲХДТ хуб аст.
– Дар ҷашни Наврӯз чӣ чорабиниро дар назар доред?
– Дар ҷашни байналмилалии Наврӯз мо чорабиниҳои наврӯзӣ, Аз қабили гӯштигирӣ ВА дигар намуди бозиҳои варзиширо пешбинӣ намудаем.
Тавре медонем, дар солҳои қаблӣ дар ноҳия як чоҳи нафт пайдо шуда буд. Ҳоло ҷиҳати ин масъала чӣ мегӯед?
-. Бале, солҳои қаблӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати Тоҷикобод ба гумони он ки дар он ҷо нафт аст, базе аз техникаҳои лозимаро барои чоҳканӣ оварда, то андозаи муайян ин чоҳро канданд, вале ҳоло аз коркарди нафт хабаре нест . Атрофи ОН Дар майдони се га марзбандӣ шудааст Бояд гуфт, ки роҳҳои он ҷо қаблан ҳамвор буданд, вале ҳоло бо сабаби гузаштани техникаҳои вазнин роҳ вайрон шуда, ҳарчанд аз коркарди нафт дараке нест.
– Солҳои ахир чӣ навгуниҳо дар ноҳия ба назар мерасад?
– Феълан, аграчи мардум аз набудани ҷойи кори муносиб рӯ ба муҳоҷират ниҳодаанд, вале солҳои ахир роҳҳои дохилии ноҳия бо кӯшиши раиси ноҳия мумфаршу боғҳо обод шудаанд, ки имсол аввалин ҳосили боғҳо рӯёнида мешавад …
Мусоҳиб Умед С.