Дар вохурии навбатии худ бо ҷавонон Муҳиддин Кабирӣ ба ҳаводиси ҷаҳони араб ва таъсири он бар минтақа пардохт. Ҳаводисе, ки мустақим ё ғайри мустақим аксари ҷаҳонро таҳти таъсир қарор додааст. Раҳбари ҲНИТ дар ин нишаст аз гуфтугӯи намояндагони ҳаракатҳои исломӣ бо кишварҳои Ғарбӣ ёдовар шуданд. Дар гуфтугӯе, ки дар он ҳаракатҳои исломӣ аз Ғарб хостанд то мавқеияти худро мушаххас намоянд.
Замоне, ҳодисаи 11- сентиябр рух дод, ғарб аз ҳаракатҳо ва ҳатто аз кишварҳои исломӣ хост, то мавқеияти худро дар баробари ин ҳодиса ошкор ва равшан баён намоянд. Эълон кунанд, ки бо «Алқоида» ва «Толибон» ҳастанд ё бо Амрико ва Ғарб. Ҳоло ҳамон вазъиятро худи онҳо доранд. Онҳо бояд мавқеъгирии ошкор ва равшане дошта бошанд ва бигӯянд, ки бо мардуми озодихоҳ ҳастанд ё бо диктаторҳо. Ин ҳодисаҳо чандин афсонаро шикаст ва аз ҷумла афсонаи демократияро. Ғарб бо шиорҳои зебову дилангези дифоъ аз ҳуқӯқи башар, матбуоти озод ва ғайра худро пештоз ва роҳнами демократия муаррифӣ карда буд, бинобарин як гурӯҳи мардум дар кишварҳои ҷаҳони саввум аз ин шиорҳо хушҳол буданд. Аммо василаи имтиҳони ин иддаоҳо барои ин мардум вуҷуд надошт. Худованд бо ин ҳаводис ҳамин василаи имтиҳони ин муддаиёнро ба мардуми ин кишварҳо ҳадя намуд, то битавонанд воқеияти ин иддаоҳоро дарк намоянд. Ҳоло мардум метавонанд бибинанд, ки оё Ғарб ба он шиорҳои зебои худ содиқ ва пойбанд ҳаст ё не?
Чун худованд «муҳаввилул ҳол» ва «муқаллибул қулуб» аст, ин фурсатро барои мардуми ҷаҳони саввум ва махсусан ҷаҳони ислом фароҳам овардааст. Афсонаи Алқоидаву Толибон ва силоҳҳои химиявии Саддом Ҳусейн барои мардум ошкор шуда буд, аммо афсонаи демократия ҳам бо шиорҳои зебову дилфиребаш шояд ошкор шавад. Вақте Қаззофӣ мардуми худро бо ҳавопаймову танку туп қатли ом мекунад ва сармояи мардумашро ғасб мекунад, Ғарб ҳанӯз ҷаласа баргузор мекунаду фикр мекунад, ки бояд чӣ кор кунад. Яъне фикр мекунад, ки манофеаш дар чист ва чигуна онро ҳифз кунанд.
Ин ба он маъност, ки онҳо манофеъ ва аҳдофи худро хуб мешиносанд ва ошоҳона таҳлил мекунанду қадам бармедоранд. Ҳукуматҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ҳама барои манофеъи миллиашон талош мекунанд. Аммо мутаассифона фосилаи байни ҳизбҳо бо якдигар ва ниҳодҳои ҳукуматӣ бо ҳизбҳо дар кишвари мо хеле зиёд аст. Бояд ин фосилаҳоро аз байн бурд. Бояд рақобатҳо сабаби дур шудани гурӯҳҳо нашаванд, балки бо шинохти аҳдоф ва андешаҳои ҳамдигар самти кори моро ба сӯи рушди кишвар ҳидоят намояд. Ба хотири суботу амният ва рушди кишвар хоҳем ё нахоҳем бояд ин фосилаҳоро камтар кунем.
Афсонаи дигаре, ки дар ҳам шикаст ва ошкор шуд таваҳҳуми деве буд, ки аз ислом сохта буданд. Кор ба ҷое расида аст, ки писари Қаззофӣ ба Ғарб ва ҷомеаҳои дунявӣ хитоб карда мегуфт, ки оё шумо мехоҳед дар Либия ҳам исломиҳо ғалаба кунанд? Ҳамонгуна, ки дар Мисру Тунис ғалаба карданд.
Аҷиб аст, ки мусалмон ғайри мусалмонро аз ислом метарсонад. Вақте сухан дар бораи тарсондан меравад, мо бояд эҳтиёт бошем. Дар кишвари мо ҳам мутаассифона ҳамингуна фазосозиву тарсонданҳо вуҷуд доранд. Иштибоҳи дигаронро дар кишвари мо ҳам такрор карда истодаанд.
Аммо мо бовар дорем, ки як рӯз масъулон ва гурӯҳҳои сиёсии кишвари мо ҳам ин чизро дарк мекунанд, ки мо маҳкум ба ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ дар ин кишвар ҳастем. Бад кардани ислом ва тарсондани мардум аз ислом ин тарсондан аз худамон аст. Барои як Ғарбӣ ва ё Амрикоӣ ҳеҷ фарқе байни мо нест. Онҳо моро мусалмон мешиносанд ва ҳеҷ фарқе ҳам байни мо қоил нестанд. Пас бо тарсондани дигарон аз ислом чизе насиби касе намешавад. Балки зарараш ба кишвар ва миллати мо мерасад.
Дар посух ба саволи яке аз ҷавонон раҳбири ҲНИТ гӯфт, ки роҳи заиф кардани ҳизби мо хеле осон ва равшан аст. Агар мехоҳанд мардум ба ҳизби мо гароиш надошта бошанд ва ба мо напайванданд, беҳтар ва бештар ба мардум хидмат кунанд. Агар мардум бинанд, ки озодӣ доранд, адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа барқарор аст, эътиқодоти мардум мавриди эҳтиром аст, корупсия нест, матбуот озоданд ва сатҳи зиндагии онҳо болост, дигар ниёзе ба мо нахоҳанд пайваст. Зеро хидмат ба мардум, худ беҳтарин ибодат аст ва мардуми мо онқадар ҳақшиносу амин ҳастанд, ки дар ин ҳолат бо ҳукумат ҳамроҳ ва ҳамгом мешаванд. Инро дар қазияи «Роғун» ҳам исбот карданд. Пас беҳтар аст худашонро хаста накунанд ва ба ҷои бадгӯӣ ва тарсондани мардум ба мардум содиқона хидмат кунанд. Мутмаин бошед, ки ин танҳо роҳи заиф кардани ҳизби мост.
Чоп кардани суханони Бозор Собир дар тамоми нашрияҳо ва дар пушти он пинҳон шудан роҳи дуруст нест. Бозор Собир бо дин мушкил дорад, на бо наҳзат. Ин иқдом ҳам аз тарафи касоне сурат мегирад, ки бо дин мушкил доранд, вагарна Бозор Собир суханони бадтар ва сахттареро нисбати ҳукумат ва дигарон гуфтааст, ки қобили муқоиса нест.
Мутаассифона мушкил дар он аст, ки ин гурӯҳ як сухани эҳсосотиву шоиронаро ба идеалогияи давлатӣ табдил кардан мехоҳанд. Боз ҳам ҳамон тарсондани дигарон ва фазосозиҳост.
Ба назари мо агар масъулон аз воқеияти ислом ба дурустӣ огоҳ шаванд ва онро ҳамчун дини аксарияти мардуми кишвар қабул ва эҳтиром кунанд, хеле аз мушкилоти мардум ҳал мешаванд.
Ислом дини муҳаббат, дӯстӣ ва ухувват аст. Дини сулҳу оромишу талош аст. Аз чунин дине набояд тарсид, балки бояд онро ҳамчун ҳадяи илоҳӣ пазируфт ва барои рушду тараққӣ аз он истифода намуд.