Роҳкории амалӣ барои ёрии Фаластин

Худованди мутаъол мефармояд : “Мегӯянд он [пирӯзӣ] кай хоҳад буд, бигу басо наздик бошад”, [сураи Исро:51]

Субҳаналлоҳ, хеле аҷиб аст, чун ҳамаи мо дар интизори рӯйдоде қарор дорем. Яъне фаро расидани вақтеро интизорем, ки баъд аз хоби гарон бедор шудан Фаластинро озоду сарбаланд бубинем, ки кадом ишғолгаре он ҷо вуҷуд надошта бошад. Аммо воқеъият дигар аст, ҳар субҳ дар ҳоле аз хоб бармехезем, ки бахшҳое аз ин сарзаминро ғорат кардаанд.
Дар воқеъ, бояд донист, ки аъзои як баданем, чуноне аз Нуъмон бинни Башир (р) ривоят шуда, ки расули Худо (с) фармуд: Мисоли муъмин дар дӯстиву меҳрбонӣ ва утуфате, ки байни якдигар доранд, монанди бадани ягонааст, агар яке аз аъзои он ба дард ояд, дигар аъзо дучори шаббедорӣ ва дардманд мешаванд.
Дар ривояти дигаре ҳам омадааст: Мисоли муъминон ба монанди як инсон аст, агар чашмаш ба дард ояд, ҳамаи бадананаш ба дард хоҳад омад ва агар сарашро дарде гирифт, ҳамаи вуҷудаш дардманд хоҳад шуд.
Оре, ҳамаи мо ба монанди як тан ҳастем, аммо акнун бештар ба аҷзои ҷудо аз ҳам ва бо дардҳои бисёр…
Бисёре аз мо фарёд меоварему кӯмак мехоҳем, ки ёрии Худованд кай хоҳад буд? Шабу рӯз ба муноҷоти Парвардгор мепардозему ба тазаррӯъ дар пешгоҳи боргоҳаш рӯи ниёз меорем, ки оё роҳи хурӯҷе аз ин бунбаст нест?!
Эй ҳама дӯстдорони Худо ва расулаш, эй касоне, ки уммати хешро дӯст медоред, эй онҳое, ки дӯстдори биҳиштеду шавқи онро доред ва эй касоне, ки барои ҳурмати Худованд ҳар субҳу шом бар ибодат мепардозеду ғайратмандед!
Биёед, ҳама бо ҳам барои якпорчагии мусалмонони Фаластин талош кунем, зеро ин захмҳо беш аз ҳад сар боз кардаанд. Имрӯз ё фардо ҳатман ба мо ҳам мерасанд. Пас биёед дубора ҳамон бадани ягона шавем, биёед, бо ҳам ҷойгоҳи ҳамдигарро бидонем, ки нақши ҳар кадоме аз мо куҷосту вазифаи ҳар кадоме чист? Биёед, даст аз манфиъатгароӣ бардорем!
Худованди таборак ва таъоло мефармояд: “Дар ҳақиқат Аллоҳ (ҷ) ҳоли қавмеро тағйир намедиҳад, то онон (худи мардум) ҳоли худро тағйир диҳанд, [сураи Раъд:11]
Дар ҷойи дигар: “Эй касоне, ки имон овардаед, агар Аллоҳро кӯмак кунед, кӯмакатон мекунад ва шуморо собитқадам медорад”, [сураи Муҳаммад: 7]
Пас бояд нахуст Худовандро дар ботини хеш ёрӣ кунем, зеро ҷиҳод бо нафс бузургтарин ҷиҳод аст. Ҳар нафаре битавонад бар нафси хеш ғалаба кунад, дар ҷиҳод бо дигаре тавонтар хоҳад буд.
То вақте ҳар кадоме аз мо ба якпорчагии ботинии худ напардозем, пирӯзӣ ва қудрат барои ин уммат ҳосил нахоҳад шуд ва уммати парокандаро якпорча сохтан мушкил мегардад.
Бояд ҳар рӯз аз худ пурсид: Оё намози субҳро саривақтӣ бар ҷой овардем, оё зикрҳои рӯзонаро анҷом додаем, оё кори худро бо диққат ва ба хубӣ ба анҷом расонидаем, оё китоби Худоро хонда, ба он амал ва ба сӯяш даъват кардаем, оё барои тарбияи насли раббонии худопараст талоше варзидаем, оё ҳаққи ҳар соҳиби ҳақро адо намудаем, оё шаб дар ҳоле сар ба болин гузоштаем, ки ба ҳеҷ мусалмоне ситам накардаем?
Дар воқеъ, ин гуна пурсишҳо, ки аз он гурез дорем, хеле зиёданд.
Пас мутмаин бошем, ки пирӯз нахоҳем буд, магар ҳангоме дар ин набарди нахуст бар нафси хеш пирӯз шавем ва онро тавре бояд абадӣ кунем ва он чиро ба суди он ҳаст, биомӯзем.
Пирӯзӣ худ намеояд ва қудратманд нахоҳем буд, дубора уммати ягонаву якпорча нахоҳем гашт, магар ҳангоме нафси парокандаи хешро якпорча ва мулзам ба калимаи тақво намуда, ба холиқаш наздик созем.
Қабл аз дар бораи ҳар чизи дигаре сухан гуфтан, бояд нуктаи муҳимро ба ёд биёварем. Ин нукта Фаластин – сарзамини исломист. Бояд бидонем, он ҷоеро Исроил мегӯянд, аз як дурӯғе беш нест, ки онро иддае бо дуздӣ дар сарзамини Фаластин барпо кардаанд.

Роҳкориҳои амалӣ барои Фаластин:

1. Дониши воқеъӣ нисбат ба қазияи Фаластин доштан. Яъне бояд ҳарчи бештар ахбореро дар бораи бародарону хоҳарони Фаластин дошта бошем, дар бораи душманон низ огоҳии воқеъӣ пайдо намуда, бидонем, ки чӣ балову таҷовузҳое бар сари ин сарзамин омадааст.

2. Мунташир намудани қазияи Фаластин ба ҳар шакли мумкин. Лозим аст, ки ин масъаларо ҳамеша дар баробари худ дошта бошем ва аз он ғафлат наварзем. Ба ёд биёрем, ки «роҳнамоӣ ба сӯи хайр ба монанди касест, ки онро анҷом додааст». Мунташир намудани қазияи мусалмонон беҳтарин далел барои аҳамият додани шахс бар уммати мусалмон ва бозгардонидани дубораи он ба баданаи уммат аст.
Нақши модар дар хонааш ин аст, ки кӯдакони худро нисбат ба душманон ва қазияи уммат огоҳӣ диҳад ва ҳамин тавр нақши муаллим дар мавриди омӯзондани дониш ва нақши имоми масҷид ва дар умум ҳар яке аз мо ба манзалаи ҷойгоҳе, ки дар ҷомеъа дорем, бояд онро собит созем.
Расули Худо (с) мефармояд: Маҳбубтарин мардум назди Худованд касонеанд, ки беш аз ҳама ба мардум суде расонанд ва дӯстдоштатарин корҳо назди Худованди азза ва ҷалла шодӣ ва сурур аст, ки дар [дили] мусулмоне ворид созӣ ё сахтиву нигарониеро аз ӯ дур созӣ ва ё қарзе аз ӯ адо намоиву гуруснагиашро аз ӯ рафъ гардонӣ».
Паҳн намудани қазияи Фаластин барои бародарону хоҳарони мо дар ин маврид муфид аст, то бадин васила ҳамаи дунё бидонад, ки чӣ касе ғосиб ва оне, ки мавриди таҷовуз қарор гирифтааст, кист…?!

3. Дуъо намудан. Бале, дуъо силоҳи муъмин аст, махсусан дар вақти субҳгоҳон, яъне дар соъатҳои иҷобати дуъо бошад. Расули гиромӣ (с) мефармояд: Парвардигори азза ва ҷал аҳли ҳаё ва карам аст. Шарм мекунад вақте бандагони Ӯ бандҳои дастонашонро ба сӯяш баланд намуда, чизе дархост менамоянд ва дастҳояшонро холӣ баргардонад.

4. Кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ. Ҳабиби Худо (с) мефармояд: “Некӣ инсонро аз марги бад ҳифз мекунад ва садақа хашми Парвардгорро фурӯ мебарад, силаи раҳм умрро афзоиш мебахшад».
Аз он Ҳазрат (с) дар бораи ин ки кадоме аз аъмол беҳтар аст, пурсида шуд, ӯ фармуд: Ворид кардани шодӣ ба қалби муъмин, ғизо додан ва бароварда сохтани эҳтиёҷоташ.
Кӯмаки молӣ агарчи кам бошад, метавонад боиси рӯҳбаландии як бемор шавад ва ё эҳтиёҷи як ниёзмандро бароварда созад. Ҳатмиву лозим нест, ки бо пӯли бисёре кафолати як ятимро бар ӯҳдаи хеш бигирем, балки кофист, ки ҳадди имкон ин кор амалӣ шавад. Масалан, теъдоде аз бародарону хоҳарон ба ин сурат тавофуқ кунанд, ки ҳар кадоме аз онҳо маблағи моҳона, агарчи андак бошад ҳам, барои рафъи иддае аз мушкилоти мусалмонон метавонад кӯмак кунад, зеро “қатра – қатра баҳре шавад”.
Ҷаноби расулуллоҳ (с) мефармояд: Ман кафолаткунандаи ятим дар биҳишт, ба монанди ин ду ҳастам, сипас ба ишораангушт ва ангушти васати худ ишора кард.
Ҳамчунин метавонем бо моли худ як муҷоҳиди дар роҳи Худоро муҷаҳҳаз бигардонем. Ҳабиби Худо (с) мефармояд: Ҳар ки як муҷоҳиди дар роҳи Худоро муҷаҳҳаз гардонад, дар воқеъ худаш ҷиҳод кардааст.

5. Мутолиъаи таърихи Фаластин ва ҷамъоварии иттилоъоти дуруст дар бораи қазияи Фаластин, то ба ин васила битавонем бар асоси донишу қудрат барои Фаластин кӯшише намоем.

6. Кӯмаки расонаҳо барои Фаластин ба ҳар сурат мумкин аст. Аз ҷумла, бо тарроҳии як нақши содда ё мунташир намудани дилхоҳ аксҳои марбут ба мушкилоти Фаластин ва қазияи он, ҳатто аз тариқи навиштан дар мавриди Фаластин дар саҳифаҳои нашриёти даврӣ ва интернетӣ ё бо фиристонидани як паёмаки кӯтоҳ.

7. Таҳрими молӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва сиёсӣ. Ба ёд дошта бошем, ки саҳюнистҳо ва ёронашон танҳо бо чанд моҳи таҳрими иқтисодӣ, ки алайҳи онҳо сурат гирифт ба зиёнҳои бузурге мутаҳаммил шуданд. Фикр мекунед, агар онҳо чанд соли дигаре таҳрим шаванд, чӣ хоҳад шуд?

8. Дунбол кардани охирин ахбору рӯйдодҳо дар бораи Фаластин. Ҳамчунин ташвиқ ва кӯмак ба сайту расонаҳои фаластинӣ, монанди торнамои маркази иттилоърасонии Фаластин, канали фазоии “Алақсо” ва дигари аз ин гуна расонаҳо ва ширкат кардан дар фаъолиятҳои марбут ба Фаластин, чӣ дар дунёи воқеъӣ ва чӣ дар интернет.

9. Таъкид бар рӯй ин ҳақиқат, ки пирӯзӣ дар ниҳоят аз мусалмонон аст ва яқин бар он ва ин ки саҳюнистҳо гурӯҳи андаке беш нестанд, ба зӯдӣ дар ҳам шикаста хоҳанд шуд.

Бо ин амал шояд ману шумо рӯзе ба дидори Парвардгор меравем, дар ҳузӯраш шармнок нагардем.
Дуъогӯии онем, ки Худованд мусалмононро муттаҳиду якпорча ва онҳоро шоистаи пирӯзӣ ба ваҳдат зери парчами тавҳид бигардонад.

Таҳияи Абдурраҳмони Сиддиқшоҳ

More From Author

You May Also Like