Асбоби зиёд шудани ризқ, ки аз тариқи шаръ ҳосил мегардад ва онҳо ба шаҳри зайл мебошанд:
- Истиғфору тавба: “Ва гуфтам аз Парвардигоратон омӯрзиш бихоҳед, ки ҳамвора омӯрзанда аст, то бар шумо аз осмон борони пай дар пай фиристад ва шуморо ба амволу писарон ёрӣ кунад ва бароятон боғҳо қарор диҳаду наҳрҳо барои шумо муҳайё намояд.” Сураи Нуҳ ояти 12 – 10. Донишмандон дар тафсири ин оят мегӯянд: “Ҳар гоҳ тавба ва истиғфору тоъати Худо намудед, Худованд ризқро бар шумо зиёд мекунад”. Мутаассифоан инсонҳои зиёде доимо дар ҳоли истиғфоранд, ки қалб бо забон ҳамроҳ нест ва ё агар тавба мекунанд, тавбашон ноқис аст, зеро ки аз гуноҳ пушаймон намешаванд ва агар пушаймон ҳам шаванд, дубора рӯй меоранд.
- Тақвову парзезгорӣ омили дигарест барои зиёд шудани ризқе, ки уламо аз он ба маънои даст гирифтан ба умури илоҳӣ ва дур шудан аз манҳиёти вай маънӣ намудаанд. Ҳар кас тоъати Худоро ба ҷой оварад ва аз манҳиёт парҳез намояд, ин ибодотро боиси афзунии ризқи вай мекунад: “Ва ҳар кас аз Худо битарсад ва тақвову парҳезгорӣ намояд, Худованд бар ӯ роҳи халосӣ ва беруншавӣ аз мушкилот насиб мегардонад ва ба ӯ ризқу рӯзӣ медиҳад, ки ҳеҷ дар фикраш набуд..”.
- Таваккал бар Худо ва умед аз ӯ низ сабаби зиёд гардидани ризқ дар зиндагии инсон хоҳад буд. Худованд дар сураи Анкабут ояти 18 мефармояд: “Пас рӯзиро пеши Худо биҷӯед”. Яъне бояд дар касби ризқ бар Аллоҳ таваккал намуд ва ризқро аз касе ё чизе талаб накунем ғайр аз Аллоҳ ва фақат умед дошта бошем, ки Худованд рӯзиямонро ато мекунад. Ҳамчунин Паёмбар (с) фармуданд: “Агар шумо он чи ки шоистаи Аллоҳ аст бар вай таваккал кунед, дар ҳақиқат Худованд ризқатонро медиҳад, чунон ки парандаро зизқ мерасонад”.
- Инфоқ дар роҳи Худо, Худованд мефармояд: “Бигӯ, дар ҳақиқат Парвардигори ман аст, ки рӯзиро барои ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад гушода ё барои ӯ танг мегардонад ва ҳар чиро инфоқ кардед ивазашро ӯ медиҳад ва ӯ беҳтарин рӯзидиҳандагон аст.” Сураи Сабаъ ояти 39.
- Силаи раҳм (рафту омад ва меҳру муҳаббат бо наздикон) боиси зиёдшавии рӯзӣ аст. Ҳазрати Анас (р) мегӯяд, ки шунидам Паёмбар (с) мефармуд: “Ҳар кас мехоҳад рӯзияш зиёд гардад ва умраш тӯлонӣ шавад, бояд ки силаи раҳм дошта бошад”.