Categories Uncategorized

Русия ҳам барои муҳоҷирини тоҷик танг шудааст

Аъзамшоҳ Қуқаншоҳ

15.04.2012, 08:00

Мавсим нави муҳоҷират ва ё боз ҳамон ҳолат

Тоҷикистон дар ҷойи дувум аст ё аввал?

Тоҷикон худ низ гунаҳкоранд

Тоҷик барои дигарон таҳқир аст

Мавсим нави муҳоҷират ва ё боз ҳамон ҳолат

Ҳамасола бо фарорасии баҳору шукуфоии боғу роғи Ватан лашкари бешумори муҳоҷирини бесарлашкари тоҷик нафаси тозае аз баҳори нозанинро накашида, ночор роҳ ба сӯйи Русия мегиранд. Ба назар мерасад, ки муҳоҷират барои аксар ҷавонону занону духтарони тоҷик анъанаи наве шудааст. Надоштани ҷойи кори муносибу мушкилоти рӯзгору қашшоқӣ дар Ватан, беш аз як миллион мардуми моро барои дарёфти пораи ноне имрӯз дар ба дар кардаву аксар рӯй ба дигар кишварҳо овардаанд.

Дар бораи шароити зисту заданҳову куштанҳои муҳоҷирин ҳама рӯза як хабаре шунидаву навишта расонда мешавад. Аммо бо ин ҳама хабару овозаҳо мушоҳида мекунем, ки боз мардуми тоҷик рӯй суйи «қиблаи умед»- Русия доранд. Ё кӯтоҳи сухан, тоҷик дигар илоҷ надорад.

Корҷӯёни тоҷик аз ҳама бештар дар кишвари Русия ба сар мебаранд, ки тибқи гузориши расонаҳо беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар кору фаъолият дорад. Аз ин рӯ, тоҷики навин низ Русияро бештар ба ҳамин маъно мешиносад: паноҳгоҳ, коргоҳ ва бӯйи умед, бо ҳама он сахтиву шиканҷаҳои калаку милисаву миёнравонаш. Суоле, ки пеш меояд ин аст, ки дар ин кишвар муҳоҷирини моро имсол чӣ паёмаде дар пеш аст?

Тоҷикистон дар ҷойи дувум аст ё аввал?

Дар байни кишварҳои ОМ нахустин шуда муҳоҷирони тоҷик ба Русия ворид шуданд, ки сабабаш ҷанги шаҳрвандиву дертар надоштани ҷойи кори муносиб дар ватан буд. Аммо бо ҳама сахтиҳое ки тоҷик дошт пайдо кардани ҷойи кор мушкилие намекашид, вале солҳои ахир пайдо кардани ҷойи кор дар Русия то рафт душвортар шудааст.

Сабабашро коршиносон ва муҳоҷирини корӣ дар ворид шудани корҷӯёни зиёде аз Узбакистон ва Қирғизистон медонанд. Баъди соли 2006 теъдоди муҳоҷирини кории ин ду кишвар ба маротиб афзудааст. Тибқи омори ғайрирасмӣ, имрӯз наздик ба се миллион узбакистонӣ ва наздик ба яку ним миллион муҳоҷири қирғиз дар Русия кор мекунанд ва пӯшида нест, ки бозори корҷӯёни тоҷикро танг кардаанд.

Ҷалолиддин Мирзоев, муҳоҷир аз Питер мегӯяд: «Мардуми тоҷик ин шабу рӯз аксарияташон дар ин ҷо бекоранд. Сабабаш дар он аст ки миллати узбак хело зиёд гаштааст ва онҳо дар қиёс ба муҳоҷирини мо чанд баробар қимати коро пасттар мекунанд”. Бояд зикр кард, ки тоҷикон дар Русия чун қувваи арзон истифода мешуданд ва корҳои ба қавле “сиёҳ”-ро мекарданд. Аммо бо рехтани корҷӯёни узбакситонӣ ва қирғиз ба ин кишвар тайи се соли ахир шароити муҳоҷирини тоҷикро номусоид сохтааст. Зеро онҳо низ танҳо ҳамин ҳунарҳоеро доранд, ки тоҷикон доштанд, мисли боркашиву регкашиву аробакашӣ ва амсоли он.

Масъулин ин соҳа дар Русия мегуянд, ки аз теъдоди муҳоҷирини Осиёи Миёна шаҳрвандони Узбакистон дар ҷойи аввал мебошанд ва тоҷикистониён бошанд, дар ҷойи дуввум қарор дораед. Аммо бояд инро низ гуфт, ки Узбакистон беш аз 25 миллион нуфус дораду Тоҷикистон танҳо 6,5 миллион. Пас аз сари аҳолӣ муҳоҷири куҷо бештар будааст қазоват ба хонандаи азиз.

Тоҷикон худ низ гунаҳкоранд

Таҳлилгарон мегӯянд, ки муҳоҷирини тоҷик аксаран дар ғайри ихтисоси худ кору фаъолият мекунанд, ки сабабҳое дорад. Ба гуфтаи Виктор Себелев – намояндаи Хадамоти Муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон, наздик ба 98% тоҷикон ба корҳои ғайри тахассусӣ машғуланд.

“Муҳоҷирини мо аксаран на аз рӯи ихтисос балки ба таври стихиявӣ (бидуни омодагӣ) рафта, бештар ба корҳои дараҷаи дуввум дар сохтмонҳо лойю хишткашӣ ва дар бозорҳо аробакашӣ мекунанд. Дар байни онҳо муаллимон, духтурон, хатмкардагони мактабҳои олӣ низ мебошанд, ки аз бекорӣ дар Ватан рафта ба ин корҳо даст мезананд. Каме аз теъдоди тоҷиконанд, ки рафта аз рӯйи ихтисос ва ё ба тиҷорат машғул мешаванд.”- мегӯяд Амонуллоҳи Қадам, муҳоҷири собиқадори тоҷик дар Маскав.

«Яке аз сабаби мушкил шудани ҷойи кор ин бетайёрӣ рафтани ҷавонони мо мебошад. Зеро насли пешин ҳар чӣ набошад дар маданияти муштараки умумишӯравӣ ба воя расидаасту аз анъанаҳои он мардум огаҳ аст. Вале ин ҷавонони мо ба ҷуз зодгоҳи худ ва фурудгоҳи Маскав ҷойеро надидаанду ҳарфе ҳам ба русӣ гуфтан наметавонанд. Аз ин рӯ, на ҷойи кори муносибе пайдо мекунанду на ҷойи хоби дурусте. Пас маҷбуранд рафта, «Таваккал бар Худо» дар зери дасти ягон бригадир ва ё миёнараве бо музди ночизе кор кунанд.», илова намуд ҷаноби Амонуллоҳ.

Тоҷик барои дигарон таҳқир аст

Ҳамон гунае ки зикр шуд, бештари муҳоҷирини тоҷик аз надонистани расму ойини кишвари кордеҳ, ки имрӯзҳо Русия гаштааст, ҳатто номи ин миллатро бо тамом паст кардаанд. Аз дигар тараф зиндагии ғайрирасмӣ ва надоштани ҷойи кори муносиб аксар ҷавононро маҷбур сохтааст, ки даст ба корҳои ҷиноӣ ба амсоли дуздӣ роҳзанӣ ва фурӯши маводи мухаддир зананд. Агар дар солҳои аввали муҳоҷират тоҷик гуреза буду баъдан аробакашу “бача”, солҳои ахир бошад ҳамчун дузду роҳзан низ ном баровардааст, ки мавзӯъи алоҳида аст ва хоҳем гуфт. Ҳамаи ин сабаб гаштааст, ки имрӯз ҷойгоҳи кор барои онҳо дар Русия танг гаштааст.

Икроми Файзулло, ки дар Питер кору фаъолият дорад, мегӯяд чанд муддат аст бекорам ва барои тоҷик буданам аз чанд ҷойи муносиб ба касбам, ки ҳисобчӣ ҳастам бенасиб мондаам. “Бо ман вақте суҳбат карданд диданд, ки ман бо забони русӣ озодона “бе акцент” гап мезанам, гуфтанд майлаш ба кор мегирем. Аммо чун ҳуҷҷатҳоямро диданд гуфтанд: “а вы таджик извините мы лиц без гражданства не берём на работу”. Чун ман изҳор кардам, ки тариқи телефон гуфтед, ки шаҳрвандони ИДМ (СНГ)- ро қабул мекунед ва дар инҷо узбаку қирғизу ҳатто бомжхои русро “Таджик” мегӯянд, тоҷик барои инҳо хақорат шудааст.”- меафзояд И. Файзулло.

Ростӣ ин гуфтаҳои муҳоҷирро борҳо дигарон низ гуфтаанд ва тасдиқ низ кардаанд, ки бархе аз мардум “таджик” гуён дигарро паст мезананд. Равшан ва Ҷамшуд, ки номи дуввуми ҳама муҳоҷирин гаштаасту дигар ҳатто оммавӣ ҳам шудааст.

P.S. Интизориҳо кадоманд? То ҳанӯз Ҳеч! Шояд оянда беҳтар шавад. Аммо кунун тоҷик чун ҳамасола мераваду кор мекобаду кор мекунад ё бо пои хеш ва ё пойҳо пеш – пешу савори “сандуқи чӯбин” хоҳад омад.

Ин аст тақдири бистсолаи ин миллат. То дар Ватан дар борааш бештар наяндешанд, ҷойи кори муносибе барояш насозанд ва мисли дигар миллатҳо дар хориҷ пуштибонияш накунанд, чунон хоҳад буду чунин хоҳад монд.

More From Author

You May Also Like