Рустами Ваҳҳоб, шоир ва адиби тоҷик 5 майи соли 1960 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омада, соли 1983 бахши филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Дар соли 1984 ба донишгоҳи мазкур ҳамчун аспирант шомил шуд ва шуруъ аз ҳамон сол дар донишгоҳ ба унвони муаллим ва ҳамчунин дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» ба ҳайси мухбир ба кор шурӯъ кард.
Дар солҳои 1991-92 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг» буд. Аз соли 1994 то 2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ буд.
Аз соли 2007 то кунун дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи милии Тоҷикистон кор мекунад. Масъули бахши назм ва нақди адабии маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад.
Соли 2008 дар мавзӯи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ намуда ва ин рисоларо бо такмил ба сурати дастури таълимӣ ба чоп расондааст.
Шоири маъруф ду дафтари шеър интишор кардааст: «Калимаҳо» (1990) ва «Шаҳри Хуршед» (2008). Мавсуф барои маҷмӯаи «Шаҳри Хуршед» барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шудааст.
Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳои ӯ бо унвони «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» воситаи нашриёти «Адиб» ба чоп расида, ҳамчунин мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам (с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст. Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии Рустам Ваҳҳоб дар нашрияҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба чоп расидаанд.
Ҳайати эҷодии ВАО-и ҲНИТ Рустами Ваҳҳобро бо ин рӯзи фархунда табрик ва муборакбод мегӯяд.
Чанде аз абёти Рустами Ваҳҳоб:
Гарчи хони рӯзияш як олам аст,
Ноштои офтоб аз шабнам аст.
*
Ало кабки дарӣ, фарёд дорӣ?
Забони модариро ёд дорӣ?
*
Нон азиз аст, агар гандуму гар ҷав бошад,
Шеър шеър аст, агар куҳна в-агар нав бошад.
*
Аз дасти хушмақолон ҷоне бадар набурданд,
Булбул чи гуфт, к-охир гулҳо зи ханда мурданд?
*
Шикояте агарам ҳаст, он ҳам аз хеш аст,
Чи ҷои шиква зи мардум, дилам зи худ реш аст.
*
Бар нигоҳи гарми ин ойина кам бовар бикун,
Чун бирафтӣ аз бараш, акси ту берун афканад.
*
Хурусе дертар аз хоб барҷаст,
Бизад бонг: «Офтобе рафт аз даст!»
*
Гар дилам рам кард аз тақдир, маъзураш бидор:
Дастае гул ҳар ки додам, риштаи он буд мор.
*
Аз ту моро ҳеч ҷуз дидори ту манзур нест,
Ҳадяи ойина бар ойина ғайри нур нест.
*
Зи мори гурзаву аз шери шарза
Наметарсам, ҳаметарсам зи ҳарза.
*
Ба ҳар роҳе, ки сар монам, саре дар пои ту дорад,
Зи ҳар ҷӯ қатрае ҷӯям, дили дарёи ту дорад.
*
Тоҷиконро дар Ватан душвор афтад иттифоқ,
Сиру Ому бо ҳам ояд дар биёбони Қазоқ.
*
Дили худро ба дарёе бияфкандам, ки пилон ҳам
Канори он намеоянд аз бими наҳангонаш.
*
Чу кӯҳе бош, агар истода бошӣ,
Чу дарё бош, агар уфтода бошӣ.
*
Туро чун сураи Ихлос ман аз ёд медонам,
Агар дар хоб пурсандам, туро аз ёд мехонам.
*
Зи «мониъ» мекашад «маъно» бурун табъи сухангустар,
Ки санги роҳ мавзун мекунад мазмуни дарёро.
*
Пари коҳест бодоварду як олам парешонӣ,
Гаронтар нест дар дунё аз он чи ҳаст маҷҷонӣ.
*
Зи кобуси сиёҳи ноумедӣ
Шавам бедор, аз шодӣ бимирам.
*
Нест унвоне маро бартар зи номи хештан,
Нест инъоме маро волотар аз меҳри Ватан.
*
Камоли раҳмати Парвардгор аст:
Ба ҷони худ на моро ихтиёр аст.
*
Сангҳоро аз ҳарорат мекунад ҳарчанд об,
Шабнами гулҳои сунъиро начинад офтоб.
*
Уммед намемирад, агар чашми таре ҳаст:
«То реша дар об аст, умеди самаре ҳаст».
*
Гар тиҳӣ аз меҳру ёди хеш ё бегонаест,
Дар вуҷуди одамӣ дил нест, як гардонаест.
*
Кӣ хонд дафтари ин боғро ба шаб? Ки саҳар
Ба ҳарф-ҳарфи тараш қатраи сиришки касест.
*
Дар хонаи дил нишасту бинвишт ба дар:
“Ин хона хароб мешавад – зуд гузар!”
*
Маро гӯӣ заминӣ бош, ҷоно,
Замин ҳам дар фалак парвоз дорад.
*
Қалам хомӯш бар коғаз биронад,
Садои пои ӯ сад сол монад.
*
Замона ҳарфи раҳи ростро намешунавад,
Зиҳӣ ба ҳавсалаи истиорагустари мо.
*
Зи нодонӣ бад-он авҷе расидем,
Ки донотар зи худ касро надидем.
*