Categories Ахбори рӯз

Рустам Латифзода барканор гардид

Дирӯз, 21-уми июл Рустам Латифзода, раиси ҳукумат дар ноҳияи Восеъ, ки беш аз як сол дар ин симмат аз ҷониби ҷаноби Э.Раҳмон пазируфта шуда буд, боз ҳам бо фармони ишон аз ин мансаб барканор гардид.Нафаре, ки аз ҷониби Ҳизби аграрӣ аз ҳамин ноҳия вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардида буд ва Президенти ҶТ баъди чанде ба курсии раисии ҳукумати ноҳия нишастанашро сазовор донист.
Бо фармони дигари Президенти ҶТ Мӯсо Ғафуров ба таври муваққат ба ин курсӣ такя зад. Аммо маълум нест, ки муваққат такя задан ба курсӣ асл пайдо мекунад ё нафари дигареро ба раиси ҳукумати Восеъ маъқул медонанд.

More From Author

You May Also Like