Categories Uncategorized

Лоиҳаи Консепсияи ИНИТ қабул шуд

Имрӯз, 20-уми августи соли 2013 лоиҳаи Консепсияи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз тарафи гуруҳи кории ин Иттиҳод бо даровардани тағйироту иловаҳои ниҳоӣ бо аксарияти оро қабул шуд.

Интизор меравад, ки матни Консепсияи ИНИТ имрӯз дар ВАО нашр шавад ва дар ҷаласаи навбатии ин Иттиҳод, ки рӯзи шанбе 24-уми августи 2013, соати 10:00 дар қароргоҳи марказии ҲНИТ баргузор мегардад, ба имзо хоҳад расид.

Дар ҷаласаи гуруҳи кории Иттиҳод Маҳмадалӣ Ҳаит – ҳамоҳангсози ИНИТ ва муовини раиси ҲНИТ, Раҳматилло Зоиров – раиси ҲСДТ, Маҳмудҷон Қосимов – сиёсатмадор, Саидиброҳими Муҳаммадназар – мушовири сиёсии раиси ҲНИТ, Ҳоҷимуҳаммад Умаров – иқтисоддон, Ойинниҳол Бобоназарова – ҳуқуқдон ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, Амнияти Абдулназар – узви Садорати ҲСДТ ва Ҳикматуллоҳи Саид – раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Ваҳдат” ширкат варзиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз нашри лоиҳаи Консепсияи мазкур дар ВАО, пешниҳодот, тағйироту иловаҳо ва тарҳи алоҳидае аз тарафи шаҳрвандон ба гуруҳи корӣ ирсол гашт ва онҳо дар матни Консепсия вобаста ба аҳамияташон ворид гаштанд.

Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи ҶТ асосан аз ҲНИТ, ҲСДТ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсиятҳои мустақили ҷомеъаи шаҳрвандӣ иборат буда, аз моҳи июни соли ҷорӣ кори худро бо номи “Мушовараи васеъ” барои ҳамкорӣ ва баҳсу баррасии масоили интихоботи президентии соли 2013 шуруъ кард.

Аммо баъди як моҳи фаъолият, дар таърихи 27-уми июли соли 2013, “Мушовараи васеъ” ба “Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи ҶТ (ИНИТ)” тағйири ном кард.

Манбаъ: Сомонаи Наҳзат

More From Author

You May Also Like