Ҳаким Саноӣ, ки номи комилаш Абдулмаҷд Маҷдуд ибни Одам аст, дар шаҳри Ғазна тақрибан дар солҳои 1079-1080 таваллуд ёфтааст ва дар ҳамон ҷо дар соли 535 ҳиҷрии қамарӣ (1140-1141 мелодӣ) зиндагиро тарк намудааст.
Шахсияти Саноӣ аз чанд ҷиҳат барои мо шоистаи омӯзиш аст. Аввалан ӯ як марди озодандеш, боғурур ва мунаққиди иллатҳои замони худ мебошад. Cониян, Саноӣ як шахсияти барҷастаи тасаввуф аст, ки дар рушду паҳн намудани он дар мамолики форсизабон нақши равшан бозидааст. Солисан, ӯ шоири орифест, ки тасаввуфро дар шакли тоза, дар либоси маснавиҳои бузургҳаҷм пироста, андешаҳои фалсафиро дар назми форсию тоҷикӣ ғунҷонид ва поягузори достонҳои ирфониву дидактикӣ гардид.
Оғози фаъолияти Саноӣ чун шоири касбӣ дар дарбори Ғазнавиён буда, дар овони ҷавонӣ шоҳ Иброҳими Ғазнавӣ, Масъудшоҳи Ғазнавӣ ва аҳли дарбори онҳоро васф мекард. Аммо баъд аз гузаштани андак муддате виҷдони ӯ бо мадҳи зимомдорони замон муросо накард ва инқилоби ботинӣ дар вай ғалаба кард ва билохира аз мадҳу санои онҳо даст кашид.
Зиндагии Саноӣ чунон фақирона будааст, ки ҳатто либоси танаш низ аз они худаш набудааст:
Валлаҳ, ки аз либос ҷуз аз рӯи орият
Бар фарқи ман амомаву бар по изор нест.
Баъдан Саноӣ ба Хуросон рафта, ба ҳалқаи сӯфии машҳур Абуюсуфи Ҳамадонӣ мепайвандад. Солҳои зиёде дар Балх зиндагӣ кард. Аммо аз баъзе бузургони он ҷо озор дида, ба Сарахс рафт ва дар шахси қозиюлқузоти Хуросон ибни Мансури Сарахсӣ пуштибоне ёфт. Соли 1126 ба Ғазна баргашт. Дар ҳамин айём дӯсташ Аҳмад ибни Масъуди Теша аз ӯ ҷамъ овардани ашъори парешонашро хоҳиш кард ва шоир девонашро мураттаб сохт. Ӯ ба муҳокимаҳои амиқи ирфониву фалсафӣ низ машғул шудааст.
Мероси Ҳаким Саноӣ иборат аст: 1. «Девон»-и шоир аз рӯи чопи Мударриси Разавӣ, ки дорои 13346 байт мебошад; 2. Маснавии «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа ва шариат-ут-тариқа», ки аз 10 ҳазор байт иборат аст; 3. Маснавии «Сайр-ул ибод илал маод» (776 байт); 4. Маснавии «Ақлнома» (140 байт); 5. Маснавии «Саноиобод» (544 байт); 6. «Номаҳои Саноӣ», ки маҷмуаи кӯчаки мактубҳои ӯст; 7. «Тариқат-ут-таҳқиқ» (873 байт).
Абдулмаҷди Саноӣ бо истифода аз тасаввуф шоҳону зимомдорони замонашро гоҳо насиҳат ва гоҳо сахт танқид мекунад ва аз миру шоҳ тарсе надорад.
Бояд тазаккур дод, ки ба нашр расидани китобчаи «Ҷаҳонбинии оянда», ки аз ҷониби равшанбини торикандеш Комил Бекзода ва ҳамандешаҳои ӯ ба дасти чоп расидааст, ягон мусалмони воқеиро бетараф гузошта наметавонад. Охир, дар он мавҷудияти Парвардигор инкор гардида, дини мубини ислом таҳқиру таҳвин шудааст.
Ҳоло мо аз ашъори Саноӣ қасидаеро меорем, ки он афкори ашхоси худобехабарро ботилу бепоя медонад.
Дар батлони ҳуҷҷати даҳриён
Эй хирадманди муваҳҳид, покдини ҳушёр,
Аз имоми дини Ҳақ як ҳуҷҷат аз ман гӯш дор.
Он имоме, к-ӯ зи ҳуҷҷат бехи бидъатро биканд,
Нахли дин дар бӯстони илм з-ӯ омад ба бор.
Он ки дар пеши саҳобон фазли ӯ гуфтӣ Расул,
То қиёмат дод илмаш кори халқонро қарор.
Шамъи ҷаннат хонд Уммарро набӣ якбору бас,
Буҳанифаро чароғи умматон гуфт ӯ се бор.
Чун падид омад ба Куфа, Буҳанифа-тоҷи дин,
Он ки шуд аз илми ӯ дини Муҳаммад ошкор.
Гуфт: гардад умматам ҳафтоду се фирқа ба ҳам,
Ҳаст як он аҳли ҷаннат, марҷаъи дигар ба нор.
Буҳанифа сарвари он қавми аҳли ҷаннат аст,
Мулҳиду аҳли ҳаво аз вай шавад мақҳуру хор.
Маънии се бор гуфтан Буҳанифаро чароғ,
Мозию мустақбалу ҳол аз улумаш дар ҳиҷор.
Он кӣ рафту ин ки ояд в-он ки бинад рӯи ӯ,
Ҳар серо з-ӯ рӯшноӣ, ҳар серо илмаш ҳисор.
Даҳрие омад ба наздики халифа ногаҳон:
Буғздине, мубғизе, шӯхе, палиде нобакор.
Ин чӣ банд аст аз шариат бар танаш гуфт, эй амир,
Ёфтасти подшоҳӣ, хуш хӯру беғам гузор.
Рӯзаву ақду никоҳу дур будан аз мурод,
Ҳаҷҷу ғазву умраву ин амрҳои бешумор.
Хештан ранҷа чӣ дорӣ, чун ба олам нангарӣ,
То бидонӣ, к-ин қадим асту надорад Кирдигор.
Гуфт: расми шаръу суннат ҷумла тазвиру риёст,
Сар ба сар гетӣ қадим асту надорад Кирдигор.
Омадӣ ту бехабар в-аз хеш рафтӣ бехабар,
Н-омад аз рафта яке аз мову рафта сад ҳазор.
Ҳаст олам чун чарогоҳеву мо чун мунзилӣ,
Чун бирафт ин мунзилӣ, гирад дигар кас марғзор.
Табъу охшиҷу ҳаюлоро шиносем асли кавн,
Ҳар киро ин мункир ояд, ақли ӯ дорад ғубор
Хонае дидам ба Юнон дар ҳаҷар карда ба нақш:
Сурати афлоку таърихи бинояш бар канор.
Наср воқеъ дар ҳамал канда, ки таърих ин будаст,
Кист, к-ӯ гӯяд, ки ман донам, мар инро худ шумор.
К-ӯ мунаҷҷим? К-ӯ мусоҳиб? К-ӯ биё маълум кун,
Ибтидо пайдо куну мар интиҳоро ҳуҷҷат ор.
Он кӣ гуфт: аз гоҳи Одам панҷ понсад беш нест,
Нақш воқеъ дар ҳамал чун кардаанд он ҷо нигор?
Ин ҳама зарқу фусун асту дурӯғу шуъбада,
Ҳиллату найранг донад ин суханро ҳушёр.
Гуфт амиралмӯъминин, к-эй марди пурдаъвӣ бибош,
То биёяд он имоми ростин, фахри диёр.
Гар битобӣ рӯй аз ӯ, гардӣ ҳазимат дар сухан,
Бар сари дорат кунам, то аз ту гиранд эътибор.
Гар зи ту Нуъмон ҳазимат гираду гардад хамӯш,
Муътамад гардӣ марову ҳам ту бошӣ мири бор.
Чокареро номзад кард ӯ, ки Нуъмонро бихон,
То кунад бо ин ҷадал дар пеши тахти шаҳриёр.
Рафт қосид, чун бидид он кони илму фазлро,
Гуфт: омад мулҳиде дар пеши хусрав хоксор.
Мечунин гӯяд, ки зарқ аст ин мусулмонию фан,
В-ин шариат чун ридое, к-аш на пуд асту на тор.
Гуфт амиралмӯъминин, то ҳозир ояд пеши ӯ
Дини Эзидрову шаръи Мустафоро пушту ёр.
Гуфт қосидро имоми дин: чу бигзорам намоз,
Пеши миралмӯъминин оям, варо гӯ: чашм дор.
То намози шом н-омад Буҳанифа пеши шоҳ,
Чира гашта даҳрӣ он ҷо, шоҳ буд дар интизор.
Ҳар замон гуфтӣ ба шаҳ он мулҳиди баттоли шум:
Мебитарсад аз ман ӯ, з-он шуд ниҳон аз изтирор.
Кист дар гетӣ, ки ёрад гуфт бо ман ин сухан,
Кист дар олам, ки ӯ аз ман надорад алҳазор!
Гуфт: шоҳо, мебифармо, то биёранд ин замон
Мутрибони хушлиқои хубрӯи номдор.
Он кӣ медоранд рӯза, гӯяд ар ӯрост музд,
Соғаре май бояду маъшуқи зебо дар канор.
Ӯ чи донад рӯзаву тоот, иду ҳаҷҷу ғазв,
Иди ӯ ҳар рӯз бошад, рӯза ӯро дар чӣ кор?
Андарин буданд ногаҳ, к-андар омад марди дин,
Шод гашт аз вай халифа, даҳрияк дармондавор.
Гуфташ аз ҳиҷлат, ки: эй Нуъмон, чаро дер омадӣ?
Дод Нуъмонаш ҷавобе пурмаонӣ мардвор.
Гуфт: ҳолӣ, чун шунидам амри шаҳ, бархостам,
Рух ниҳодам сӯи қасру тахти шоҳи тоҷдор.
Чун расидам бар канори Даҷла, киштӣ рафта буд,
Буд нахле мункар он ҷо, тахтҳо шуд бар қатор.
Дарҳам омад киштие, шуд дарзҳояш нопадид,
Худ ба худ биншаст он ҷо бар карони рӯдбор.
Ҳалқаҳои оҳанин дидам зи санг омад бурун,
Андар омад дар марору киштие шуд пойдор.
Киштӣ он гаҳ пеш омад, ман нишастам андар ӯ,
З-ин сабаб таъхир афтод, эй писар, маъзур дор.
Гуфт мулҳид: шарм дор, эй Буҳанифа з-ин дурӯғ,
Ҳуҷҷате овардаӣ, к-ин кас надорад устувор?
Гуфт он гаҳ Буҳанифа, он имоми дини Ҳақ
Мар амиралмӯъмининро: к-эй амири бовиқор.
Хасм мегӯяд, ки сонеъ нест, олам буд қадим,
Ин зи табъ асту ҳаюло, нест инро Кирдигор.
Он гаҳе мункир ҳамегардад, ки маснуотро
Сонеъе бояд, магар девона аст ин, гӯш дор.
Тахтаеро сонеъе гуфтӣ, ки мебояд қадим,
Менадорад устуворам, ман раво дорам мадор.
Эй саги зиндиқи кофар, харбати машъуми дун
Менабинӣ фавқу таҳту кӯҳу саҳрову биҳор.
Гоҳ абру гаҳ кушода, гоҳ хушку гоҳ нам,
Гоҳ барфу гоҳ борон, гоҳ равшан, гоҳ тор.
Менабинӣ бар фалак ин хусрави сайёрагон,
Моҳу анҷумро ҳаме дорад аз ӯ равшан чу нор?
Ҳафт кавкаб бар фалак гашта мубайин дар замин,
Дар даҳу ду бурҷ пайдо, баста ин лайлу наҳор.
Моҳ дар афзоишу нуқсону хур бар ҳоли хеш,
Сӯи маснуот шав, он гаҳ саноеъ кун назор.
Эй саги нодон, ба худ андар нигаҳ кун соате,
То бубинӣ қудраташ, мӯъмин шавӣ, эй дилфигор.
Қудрати Ҳақ аҷзи ту бар ранги рӯят зоҳир аст,
Мекунад озодии мӯи сияҳ кофурвор.
Қатраи об омад андар кӯзае, к-аш сарнагун,
Сурате зебо падид овард аз вай беавор.
Одамӣ дар рӯшноӣ санъаташ пайдо кунад,
Кори сонеъ бар хилофи ин бувад, андеша дор.
Дар се торикӣ нигорад сурате чун одамӣ,
Он гаҳе бар вай падид орад хату зулфу узор.
Нутқу гӯёиву биноиву самъ орад падид
Ҳафт чашма дар ба дасте устухону пора пор.
Оби чашмат шӯр карду оби гӯшат талху хор,
Оби бинӣ мунқабиз, оби дашонат нӯшбор.
Оби чашмат шӯр аз он омад, ки пеҳ ганда шавад
Гар набошад талх, зи вай роҳ ёбад мӯру мор.
Дар даҳонат об хуш омад, бидонӣ тамъ чист,
Чанд гӯям з-ин далолаш кун бар ин бар ихтисор.
Сонеъе бояд ҳакиму қодиру қоим ба зот
То падид ояд зи сунъи вай бутони Қандаҳор.
Табъи нодон кай падид орад ҳакиму файласуф
Ақл аз ту кай падирад ин суханро бар мадор.
Ин мухолиф табъҳо бо якдигар чун сохтанд,
Обу оташ, хоку бод, эй мулҳидак, ҳуҷҷат биёр.
Он чи мегӯяд: бидидам ман ба Юнон хонае,
Ин чи ҳуҷҷат бошад, он ҷо сурате кардаст кор.
Рав бигӯ: Эзид яке, қоим ба зоту лам язал,
Қодиру муътиву доно Холиқи барру биҳор.
Мо набудем, ӯ падид овардмон аз чор табъ,
Муҳдас омад чор табъу чор фасли рӯзгор.
Биграв, эй мулҳид, ба Қуръон, «Қулҳуваллоҳ» ёд гир,
Чанд бошад бар сарат аз ҷаҳлу куфру шак фасор.
Чун шунид ин ҳуҷҷат аз вай, даҳрияк хомӯш гашт,
Кард ҳар як кор ӯро, пас бикардандаш ба дор.
Гуфт Нуъмон: «Эй халифа, баъд аз ин чун ин
макун,
Мулҳидонро пеши худ маншон аз ин пас зинҳор.
Ибни амми Мустафоӣ, теғ аз ӯ мероси туст,
Мезан акнун бар сари мулҳид чу Ҳайдар Зулфиқор.
Ҳар чи фармояд туро Қуръону ахбори Расул,
Андар ӯ овезу мулҳидро зи маҷлис дур дор».
Гуфт: пазируфтам зи ту, эй ҳуҷҷати дини Худой,
Шод бош, эй Буҳанифа, эй имоми бурдбор.
Эй Саноӣ, шукри ин донӣ, ки битвонӣ гузорд,
Дини ислому имоми олими парҳезгор.
Гар Саноӣ мустаҷиб гардад ба оташ, бегумон,
З-ин маноқиб раста гардад, эй бародар, гӯш дор.
Худованд мефармояд: «Ҳамоно биёфаридем барои дӯзах, бисёре аз ҷинҳо ва одамиёнро, ки дилҳошон сухани ҳақро намефаҳмад ва чашми ҳақбин надоранд ва гӯшҳояшон ҳам ҳақношунав аст, инҳо монанди ҳайвонанд, балки беақлу бехирад ва гумроҳтар аз ҳайвонанд ва онҳо бехабаранд (аз бехирадиву гумроҳии хеш)» (Сураи «Аъроф», ояи 179)
Таҳияи
Саидмурод Шарифов