Имрӯз дар қароргоҳи ҲНИТ бахшида ба рӯзи ҷавонон вохӯрии ҷавонон бо раиси бахши ҷавонони ҲНИТ Қиёмиддин Авазов баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷавонони фаъоли ҲНИТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷониби масъулини ин бахш ба аҳли толор барномаи фарҳангие пешниҳод гашт, ки паҳлӯҳои гуногуни зиндагии ҷавонони имрӯзро мунъакис менамуд.Раиси бахши ҷавонони ҲНИТ Қиёмиддин Авазов афзуд, ки ҷавонони мо бояд барои расидан ба дастовардҳои замони муосир саъю талош намоянд. Сипас, чанд тан аз ҷавонони фаъол дар бораи омӯхтани илму дониш, маърифати исломӣ ва бархӯрди созанда дар ҷомеа андешаҳояшонро ба аҳли нишаст ироа намуданд.
Дар фарҷоми нишаст барои ғолибони озмуни шоҳмот, ки бозӣ тӯли як ҳафта ба хотири рӯзи ҷавонон дар байни шавқамандони ин намуди варзиш ҷараён дошт ҷамъбаст гаридид. Тибқи натиҷагирии ҳакамон ба ғолибони ҷойи аввал бозии шоҳмот Ҳалимов Илҳомҷон, ҷойи дуввум Азизов Рустам ва бозии шашка ҷойи аввал Шарипов Сайидмурод, ҷойи дуввум Муҳаммадкарими Орзу тӯҳфаҳои хотиравии таъсис додаи бахши ҷавонони ҲНИТ супурда шуд. Ҷавондухтарон Озодамоҳи Файзалӣ, Набиева Умеда, Маҳмудова Заҳро ва Файзиева Сабоҳат аз ҷониби бахши ҷавонони ҲНИТ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ гаштанд.
Categories
Ахбори рӯз