Симур Ҳерш, рӯзноманигори соҳибноми амрикоӣ дар мақолае давлати Амрикоро ба дуруғгӯӣ дар мавриди қатли Усома писари Лодан, раҳбари “Алқоида” муттаҳам кардааст.
Ба гузориши хабаргузории “euronews”, давлати Амрико дар дуввуми моҳи майи 2011 эълом кард, ки раҳбари “Алқоида” дар ҷараёни як амалиёти вижа тавассути гурӯҳи амрикоӣ дар махфигоҳаш дар рустои Ибитободи Покистон ба қатл расидааст.
Симур Ҳерш дар мақолаи худ навиштааст, ки сервисҳои иттилоотии Покистон дар ин амалиёт бо Амрико ҳамкорӣ дошта ва аз ҳамла ба сохтумони маҳалли паноҳҷӯии Бин Лодан хабардор будаанд.
Вай мегӯяд, махфигоҳи раҳбари “Алқоида” тавассути яке аз мудирони собиқи сервисҳои иттилоотии Покистон ва дар ивази дарёфти бахше аз маблағ, 25 миллион доллар ҷоиза таъйин шуда, ба Созмони иттилоотии Амрико иттилоъ дода шудааст.
Мақомоти Покистон баъди иҷро шудани амалиёт тавассути нируҳои амрикоӣ зимни эътироз ба ин иқдом онро таҷовуз ба хоки Покистон ва нақзи қавонини байналмилалӣ аз тарафи Амрико хонданд.
Амрико дар он ҳангом эълом карда буд, ки кашфи махфигоҳи Бин Лодан дар пайи як амалиёт таҳти фармондеҳии Амрико ва аз тарафи Созмони иттилоотии ин кишвар сурат гирифта ва давлати Покистон дар ҷараёни ин амалиёт набудааст.
Симур Ҳерш дар ин мақола маддаъӣ шудааст, ки Усома бин Лодан дар соли 2006 тавассути сервисҳои иттилоотии артиши Покистон дастгир ва дар хонаи мазкур дар русти Ибитобод зиндонӣ будааст. Вай ҳамчунин дар ин мақола менависад, ки пайкари Бин Лодан бар хилофи он чи ки давлати Амрико мегӯяд ба дарё андохта нашуда, балки тавассути ҳавопаймои амрикоӣ аз баланде бар фарози кӯҳҳои Ҳиндукуш ба берун партоб шудааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти амрикоӣ навиштаи ин рӯзноманигори маъруфро такзиб кардаанд.
Симур Ҳерш, ки 78 сол дорад, яке аз шинохташудатарин рӯзноманигорони ҳоли ҳозир аст. Ӯ дар соли 1969 қатли оми сокинони рустои Ми Ли дар Ветнамро тавассути артиши Амрико фош кард, ки дар натиҷа ба вай ҷоиза доданд.