nahzat.tj
Таҷлили иди саиди Фитр имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар тасдиқ гардид.
Бо қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ 19 август дар як вақт, соати 7. 30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеаи кишвар намози иди саиди Фитр хонда мешавад.
Ҳамчунин Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласа масъалаи мушаххас кардани ҳаҷми закот ва садақаи фитри мусалмонони Тоҷикистонро маълум кардааст., Агар тавони молӣ ва пасандози солонаи фард ба 3 ҳазору 480 доллар (16 ҳазору 878 сомонӣ) баробар бошад, бояд 87 доллар (422 сомонӣ) ба мардуми ниёзманд бидиҳад.
Садақаи фитр барои ҳар нафар ба қиммати гандум, 3 сомонӣ муайян шудааст ва ба шахсе фарз аст, ки соҳиби нисоби закот бошад.