nahzat.tj
02.04.2012, 14:17
Дирӯз 1 апрели 2012-и соли равон, мулоқоти раҳбари ҲНИТ ва вакили МН, Муҳиддин Кабирӣ бо тоҷикистонии муқими Туркия дар минтақаи Фотеҳ воқеъ дар шаҳраки зебои Истамбул доир гардид.
Дар ин вохурӣ беш аз 60 нафар аз ҷумла донишҷуён, муҳоҷирони корӣ ва тоҷирони тоҷикистонии муқими Туркия ва инчунин меҳмонон аз кишвари Афғонистони ҳамсоя ширкат карданд.
Мавзӯъҳое мисли вазъияти донишҷуён ва муҳоҷирони кории тоҷик дар Туркия ва дар умум вазъи феълии кишвар ва бахусус қонунҳои ахир, ки дар кишвар ба тасвиб расиданд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳудуди ним соат Муҳиддин Кабирӣ суханронӣ намуда, яку ним соат суолу ҷавоб сурат гирифт.
Яке аз масъулини тадорукоти ин вохурӣ ҳадаф аз ин вохуриро сиёсати инсонмеҳварии ҳизб ва бетараф набудан дар тақдири ҳар як тоҷикистонӣ, ки дар дохил ва ё хориҷи кишвар аст арзёбӣ карда, гуфт: «Инро мо масъулият медонем.»
Раҳбари ҲНИТ барои ширкат дар конфронсе, ки дар кишвари Шветсария баргузор хоҳад шуд аз тариқи Туркия сафар кард ва аз фурсат истифода бурда, чунин вохурӣ баргузор гардид.
Муълумоти бештар дар бораи ин вохурӣ баъдтар нашр хоҳад шуд.