Яке аз ширкатҳои таҳияи маҳсулоти ороиш лаки наве барои нохун эҷод карда, ки бо омӯзаҳои исломӣ созгор аст.
Ба гузориши “Аларабия”, ширкати “Энҷалут”, ки созандаи маводи ороишӣ аст, муваффақ шудааст як навъи лаки нохун тавлид кунад, ки аз рӯи он об ба нохунҳо мерасад.
Аз ин сабаб бонувони мусалмон барои ҳар бор таҳорат гирифтан маҷбур намешаванд, ки лакҳои худро пок кунанд.
Ширкати мазкур номи 02М – ро барои худ интихоб кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин лаки нави нохун аз моддаҳое тавлид ёфта, ки расидани обро ба нохун роҳ медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз ширкатҳои хитоӣ ҳам ахиран муваффақ шуда, то лаки нохунеро тавлид намояд. Ин навъи лаки хитоӣ низ барои таҳорат кардан монеъ намешавад. Бинобар ин гузориш, номи лаки хитоиро, ки барои нохун эҷод шудааст, “моникюри исломӣ” ном гузоштаанд.