Categories СИЁСАТ

Р. Қодиров: халифа Абубакр Бағдодиро ба назди ман биёваред

Р. Қодиров: халифа Абубакр Бағдодиро ба назди ман биёваред

Президенти Чеченистон дирӯз дар як суҳбаташ бо хабарнигорон гӯфтааст, ки неруҳои амниятиаш дар таъқиби Абубакр Бағдодӣ ҳастанд. Ба гфтаи ӯ халифаи худхондаи ДИИШ пас аз хутбаи охираш нопадид шудааст ва неруҳои ӯ талош мекунанд то ӯро пайдо намоянд, зеро ӯ ҷосуси созмон амнияти Амрико мебошад ва бояд моҳияти вай ошкор шаваду барои куштори мусалмонҳо узрхоҳӣ намояд.

Қодиров пештар гуфта буд, ки “Девид Петреус” раиси собиқи CIA худаш Бағдодиро барои ҳамкорӣ истихдом карда буд”.

Президенти Чеченистон дар идомаи суҳбаташ ба хабарнигорон гӯфтааст мо метавонем пеши роҳи нуфузи ДИИШ дар миёни ҷавононамонро бигирем, вале мушкил ин аст, ки ҳар касе аз тариқи интернет метавонад таблиғоти ин гурӯҳро тамошо кунаду ба он бипайвандад. Бинобарин ба урдуи тарафдорони маҳдуд кардани интернет дар Русия пайвастааст.

Ин суханони президент дар ҳоле аст, ки ҳазорон нафар аз ҷавонони кишвараш дар канори Абубакр Бағдодӣ меҷанганд. Ба назар мерасад мисли дигар ҳамтоёнаш ҷаноби Қодиров низ тавони муқобилаи ба мисл ё хунсо кардани таблиғоти ДИИШ-ро надорад ва танҳо роҳро маҳдуд кардани озодиҳову васоил медонад. Аммо таҷриба нишон додааст, ки ин роҳи ҳал чандон корсоз нахоҳад буд, балки бояд огоҳии насли ҷавонро бо роҳҳои мухталиф боло бурд ва воқеиятҳои исломро ба онҳо омӯзонд, то худашон роҳи дурустро ташхис дода тавонанд.

Албатта дар ҳоли ҳозир амнияти нисбии Чеченистон ҳам шояд ба хотири вуҷуди ДИИШ ва дигар созмонҳо бошад, зеро ҷавонони ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар берун машғули мубориза ҳастанд ва Қодиров оромона ҳукумат меронад. Агар ҳамаи неруҳои чечение, ки дар хориҷ меҷанганд ба ин кишвар бираванд маълум нест вазъиятион чигуна хоҳад шуд.

Пайвастани ҷавонон аз кишварҳои мухталиф аз ҷумла Тоҷикистон ҳам ба ДИИШ нигаронии масъулонро барангехтааст, вале то ҳол танҳо аз василаҳои маҳдуд кардану мамнуъ кардан истифода шудааст ва аз дигар роҳҳо ё истифода нашудааст ва ё камтар истифода кардаанд.

More From Author

You May Also Like