Categories Uncategorized

Генерали Рус шоеаи кушта шуданаш дар Сурияро рад кард

nahzat.tj


Генерал Владимр Петрович, ки ба унвони мушовири Вазорати дифои Сурия дар Димишқ ба сар мебурд, хабари кушта шудани худ ба дасти мухолифини Башор Асадро рад кард.

Артиши озоди Сурия рӯзи чаҳоршанбе 08 – августи соли равон элон кардааст, ки дар амалиёти муваффаққиятомезе, Генерал Петровичро ба қатл расонидааст ва корти шиносоии ӯро ба ҳамроҳи расмҳое аз ӯ бо собиқ вазири дифоъ ва мақомоти низомии Сурия интишор кардааст.

Аммо Генерал Пеирович чанд соат баъд аз нашри ин хабарҳо элон кардааст, ки саломат аст ва дар Маскав ба сар мебарад. Аз ин ки интишори хабари кушта шудани ӯ боиси нигаронии дӯстонаш шудааст изҳори нигаронӣ кардааст.

Генерал Владимир Петрович, дар баёнияаш, таъкид кардааст: «Шоеаи кушта шуданамро такзиб мекунам, наздикон, дӯстон ва ҳамкорони зиёде барои итминон аз саломат будани ман тамос гирифтанд. Мехоҳам таъкид кунам ки ман зинда ҳастам ва дар Маскав зиндагӣ мекунам.»

Ин дар ҳолест, ки артиши озоди Сурия эълон карда буд, ки генерали рус ба ҳамроҳи мутарҷими худ ба қатл расидааст

More From Author

You May Also Like