Маъмӯлан ҳар шахсе агар майл ба чизе дошта бошад, дар бораи ҳамон чизи дӯстоштааш бештар сӯҳбат мекунад, зеро зикри дӯстдошта толибро оромиш мебахшад.
Парвардигор аз он чӣ гуфта шуд, бениёз аст, вале аз бандагонаш хислати ҳамида ва накӯиро дӯст медорад ва банда бо анҷоми он амалҳо ризои Худовандро барои худ касб мекунад. Худованд собиронро ба сифатҳои махсус зикр карда, барои онҳо дараҷоти бештареро нисбат додааст. Сабр зидди сифати «ҷазаъ», яъне бетобию бетоқатист, ки он аз суботи нафс ва итминони он буда, бетоқату парешон нагаштан дар мусибатҳост.
Чунончӣ Худованди мутаъол дар каломи покаш мефармояд: «Ва албатта шуморо ба чизе аз тарс», осеби душман ё ғайри он «ва гуруснагӣ ва коҳиш дар амвол», балоҳои табиъӣ ва ғайри он ва он чӣ Худованд бар амволатон аз закот ва монанди он фарз гардонидааст, «ва коҳиш дар ҷонҳо», марг ва кушта шудан, «ва камбудии маҳсулот», расидани офот ё марги фарзандон «меозмоем» ва имтиҳон мекунем. «Ва мужда бидеҳ собиронро», ки дар балоҳо сабр ва шикебоӣ пеша мекунанд.
Сипас Худованди меҳрубон ба муаррифии собирон пардохта мефармояд: «Касоне, ки чун мусибате бар онон расад», мусибат сахтиест, ки инсон аз он озурда ва ранҷур мешавад, ҳарчанд он пешомад кӯчак ҳам бошад, «мегӯянд: мо аз они Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Ӯст». Ин калимот паноҳгоҳи мусибатрасидаву имтҳоншудагон аст, зеро ҷомеъи маънои иқрор ба бандагии илоҳӣ ва эътироф ба ҳашру рӯзи растохез мебошад.
«Бар онон, яъне бар мусибатрасидаҳои собир «салавотест аз сӯи Парвардигорашон», салавот дар ин ҷо ба маънои омурзишу ситоиши некуист, «ва раҳмате», яъне ба ишон ба сурати пай дар пайи меҳрубонӣ аз меҳрубонист ва раҳмате пас аз раҳмат, «ва инонанд, ки роҳёфтаанд» ба сӯи Ҳақ ва савобу хушнудии Худованди мутаъол, (сураи Бақара,155).
«Бигӯ», эй Муҳаммад (с) ин суханамро бар бандагонам: «Имон овардаед, аз Парвардигоратон парво бидоред», бо ба ҷо овардани амрҳо ва он чӣ наҳй кардааст. Ӯ «барои касоне, ки дар ин дунё некӯкорӣ кардаанд, подош некӯст ва замини Худо фарох аст», яъне бояд чунин касе ба он ҷой ҳиҷрат кунад, ки дар он ҷо тоъати Худованди мутаъол ба ҷо орад, амал ба амрҳо кунад ва аз он чӣ наҳй шудааст, дурӣ ҷӯяд. «Ҷуз ин нест, ки собирон музди худро ба тамоми беҳисоб дода мешаванд», яъне Худованд муздашонро дар муқобили сабрашон ба тамомӣ ва бидуни ҳисоб медиҳад. Бидуни ҳисоб, яъне миқдоре, ки ҳеҷ шуморандае онро ба ҳадду марзе маҳдуд наметавонад кард ва ҳеҷ ҳисобгаре онро дар ҳисоб наметавонад овард, (сураи Зумар, 10)
Банда аз ду ҳол холӣ нест. Дар неъматест, ки бояд бар он шукргузор бошад ё дар балову мусибате, ки бояд бар он сабр кунад. Худованд мефармояд: «Эй муъминон аз сабр ва намоз ёрӣ биҷӯед», бар анҷом додани корҳо ва дафъи меҳнату душвориҳо, ки барои шумо пеш меояд.
Сабр бар се навъ аст:
– Сабр бар тарки муҳаррамот ва гуноҳон,
– Сабр бар анҷом додани тоъот ва ибодот, ки савоби бештаре аз аввалӣ дорад, зеро мақсуди аслӣ ҳамон аст,
– Сабр бар мусибату сахтиҳо. «Зеро Худованд бо собирон аст» ва ононро ба матлубашон мерасонад, (сураи Бақара, 135)
Сабр дар аҳодиси набавӣ
Дар аҳодиси мутаъададе аз Расули акрам (с) оид ба фазилати сабр ва мартабаи собирон аз саҳобагони киром, аз Абуяҳё Суҳайб ибни Синон (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Аз ҳоли мусулмонон таъаҷуб мекунам, ки ҳамаи корҳо барояшон хайр аст ва ин вазъ танҳо барои муъмин аст. Агар чизе мояи шодӣ ва суди ӯст ва барояш пеш ояд, шукр мекунад ва хайри ӯ дар он аст. Агар зарар (ва сахтӣ) барояш пеш ояд, сабр мекунад ва хайри ӯ дар ҳамин аст».
Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) бар зане, ки наздики қабре гиря мекард, фармуд: «Эй зан парҳезгор ва сабур бош». Зан гуфт: Аз ман дур шав, зеро ту ба мусибати ман дучор нашудаӣ, вале Паёмбарро нашинохт.
Ба ӯ гуфтанд: Ин Расули Худост, зан (барои узрхоҳӣ) ба хонаи Паёмбар омад ва дар он ҷо дарбоне наёфт, (далил он аст, ки зан Паёмбарро нашинохт, ҳамин рафтори оддӣ ва содаи ишон дар нисбати ҳокимону қудратмандон буд) гуфт: Туро нашинохтам. Паёмбар (с) фамуд: «Сабр танҳо дар оғози мусибат аст (замоне, ки шахс аз вуқуъи он) бо хабар шавад».
Аз Абуҳурарйра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Худованди мутаъол мефармояд: Ман барои бандаи муъмини худ, вақте фарди дилбанд ва баргузидааш аз аҳли дунёро аз ӯ мегирам ва барои ризо ва умеди ҷазо сабр мекунад, подоше ҷуз биҳишт надорам».
Аз Анас (р) чунин ривоят шудаааст, аз Паёмбар (с) шунидам, ки мефармуд: «Худованди мутаъол мефармояд: «Ҳар касеро ба балои кӯрии ду чашм дучор кунам ва сабр кунад, дар ивази ду чашмаш биҳиштро ба ато кунам».
Аз Абдураҳмон ибни Масъуд (р) ривоят шудааст, ки гуфт: (Хуб ба ёд дорам, ки) гӯйё ба Паёмбар (с) нигоҳ мекунам ва ӯ ҳикояти яке аз паёмбаронро бозгӯ мекунад, кӣ: тоифааш ӯро заданду хунолудаш карданд. Ӯ хуни сурашро пок мекарду мегуфт: Парвардигоро, қавми маро ҳидоят кун, чунки онҳо намефаҳманд»!
Аз Абусаъид ва Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Ҳеҷ ранҷу беморӣ, ғаму андӯҳ ва озору азияте ба шахси мусалмон намерасад, ҳатто хоре дар пояш фурӯ намеравад, ҷуз он ки Худованд онро кафораи гуноҳон қарор медиҳад».
Инчунин аз Абуҳурайра (р) ривояте ҳаст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Пурзур ва паҳлавон касе нест, ки шахсеро ба замин бизанад, балки ҳангоми хашм бар худ мусаллату хештандор бошад».
Ривояти дигаре аз Маъоз ибни Анас (р) аст, ки Паёмбар (с) фармуд: «Ҳар касе хашми худро фуру кашад, дар ҳоле, ки қодир ба амал ба муқтазои он бошад, Худованд ӯро дар рӯзи қиёмат дар пеши тамоми мардум даъват мекунад, то он чӣ аз ҳурони биҳиштӣ мехоҳад, интихоб кунад».
Сабр аз дидгоҳи саҳоба (р)
Аз ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) омадааст, ки гуфт: бар ту бод сабр ва бидон, ки сабр ду навъ аст: яке аз дигаре афзалтар. Сабр дар мусибатҳо хуб аст ва афзалтар аз он сабр аст аз он чӣ Худованди мутаъол ҳаром кардааст. Бидон, ки сабр такягоҳу мадори имон аст, бадон чӣ фозилтарин некӯист ва тақво ба сабр бошад.
Ҳазрати Алӣ (р) гуфт, имон бар чаҳор рукн бино карда шудааст: яқин, сабр, ҷиҳод ва адл. Инчунин гуфт: сабр аз имон ба манзалати сар аст аз тан. Касеро сар набошад, тан набувад ва касе сабр надорад, имон надорад.
Абудардо (р) мегӯяд: иълои имон сабр аст бар ҳукм ва ризо ба тақдир.
Қисcае дар бораи сабр
Овардаанд, ки замоне Шиблӣ (р) чун дар бемористон бистарӣ буд, ҷамоъате ба аёдаташ рафтанду пурсид: Шумо кистед? Гуфтанд: дӯстони туем ба заёрат омадаем. Шиблӣ санг сӯи ишон партофтан гирифту онҳо гурехтанд. Пас гуфт: агар дӯстони ман бошед, ба балои ман сабр кунед.
Сабр дар ашъори бузургон
То касе сабрро сармашқи ҳаёти худ насозад, ба мартабаҳои арҷманд ноил намегардад ва то вақте одамизод ҷоми балоро сар накашад, қатрае аз шароби муҳаббати илоҳӣ насибаш нахоҳад гашт. Ҳофизи лисонулғайб гуфтааст:
Нозпарварди танаъум набарад роҳ ба дӯст,
Ошиқӣ шеваи риндони балокаш бошад.
Ё дар ҷои дигар:
Тариқи ишқи ҷонон ҷуз бало нест,
Замоне бе бало будан раво нест.
Бало каш то лиқои Ӯ бубинӣ,
Ки марди бе бало марди Худо нест.
Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Ҳазрати Мавлоно мефармояд:
Гуфтамаш ин қадар озори дили зор макун,
Гуфт, агар ёри манӣ, шиква зи озор макун.
Гуфтам аз дарди дили хеш ба ҷонам чӣ кунам,
Гуфт то ҷон бувадат дарди дил изҳор макун.
ё
Сабр талх омад валекин оқибат,
Меваи ширин диҳад пурманфиъат.
Муҳиддин Асозода