Коршиносони фаннӣ конфронсиюни футболи Осиё, Носир Ашшамронӣ муҳоҷими тими миллии Саъудӣ ва бозингари “Ал-ҳилол”-ро ба унвони бартарин бозикуни 2014-Осиё интихоб карданд.
Ба гузориши “Ал-арабия” Ашшамронӣ барои касби ин мақом бо Исмоъил Аҳмад мудофеъи “Ал-айн”-аморот ва низ Халфон Иброҳим аз “Ал-асад”-и Қатар рақобат мекард. Бозингари “Ал-ҳилол”-Саъудӣ ҷоизаи худро дар маросими дар Монел поитахти Филиппин дар ҳузури шахсиятҳои варзиши қораи Осиё ва ҷаҳон дарёфт кард.
Ашшамронӣ панҷумин бозингари Саъудӣ аст, ки ин ҷоизаро дарёфт мекунад. Пеш аз ӯ Ёсир Ал қаҳтонӣ дар соли 2007, Ҳамд Алмунташирӣ дар соли 2005, Навоф Алтимиёт дар соли 2000 ва Саъид Алавирон дар соли 1994 ба унвони бартарин бозингари Осиё муаррифӣ шуда буданд. Ирон дар маросими интихоби бартаринҳои соли 2014-и Осиё бенасиб намонд. Асғари Ҳасанзода беҳтарин бизикуни футболи соли қораи кӯҳан шуд. Аз сӯи дигар тими миллии Фаластин беҳтарин тими Осиё муаррифӣ шуд. Ин тими қаҳрамони мусобиқоти Чаланҷ копи соли 2014 шуда буд. Масъулони конфедеросиюни футболи Осиё ҷоизаи тавсиъаи футбол дар соли 2014-ро ба Қатар эҳдо карданд ва ҷоизаи беҳтарини федератсиюни футболи сол ба Ҷопон расид.