Як хислати пурқимат инсон босубот ва собир будан аст. Сабурӣ ин аломати ҳашамату камолоти инсон ва нишондиҳандаи сардории рӯҳ бар тан мебошад. Инчунин Сабур яке аз номҳои Худованд аст, вақте банда хато кард, Худованд дарҳол ӯро ҷазо намедиҳад, балки сабр фурсат медиҳад барои фаҳмидани хатову ислоҳи он. Ин моем, қисме аз бандагон, ки сабр менамояду надорему шитобкорӣ мекунем, вале баъд пушаймон мешавем, ҳатто бори дигаре душворӣ пеш ояд, боз ҳам сабрро пеш намегирему маъюс мешавем.
Аз Пайғамбари Худо (с) пурсиданд: кадом гурӯҳи одамон бештар имтиҳон карда мешаванд?
Пайғамбар гуфт: аввал пайғамбарон, дувум, касоне, ки имони қавӣ доранд, сипас онҳое, ки имонашон заифтар аст… Ҳар кас мувофиқи дараҷаи имонаш имтиҳон карда мешавад. Инсон то замоне имтиҳон карда мешавад, ки ӯ дар рӯи замин бегуноҳ мегардад (Ибни Ҳиббон).
Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки мақсад аз имтиҳон ошкор кардани камбудию норасоиҳои банда мебошад, то ислоҳ шавад ва аз гуноҳ пок гардад. Пас сабр чизест, ки инсон дар ҳаёти заминӣ ва дини худ ба он ниёз дорад ва бояд ҳамаи орзу ва корҳои худро дар асоси он иҷро кунад.
Худованд хабар медиҳад, ки ҳар як шахс, албатта, имтиҳон карда мешавад ва мо бояд ҳамеша омодаи он бошем: «Ва шуморо меозмоем, то муҷоҳидон ва собиронатонро маълум дорему хабарҳоятонро ошкор кунем» (сураи «Муҳаммад», 31).
Амрҳои Худоро иҷро ва аз манъкардаҳояш парҳез кардан фарз аст, вале иҷрои онҳо барои инсон душвориҳои худро доранд. Зеро дар иҷрои онҳо ба инсон нафс, ҳавою ҳавасаш ва шайтон муқовимат мекунад. Барои иҷрои ин амалҳо бояд кӯшиш намоем, то ин душманони ҷони худро ноумед созем. Худованд мефармояд: «Ман худамро бегуноҳ намедонам, зеро нафс одамиро ба бадӣ фармон медиҳад» (сураи «Юсуф», 53).
– «Эй Довуд, Мо туро халифаи рӯи замин гардонидем. Дар миёни мардум ба ҳақ доварӣ кун ва аз пайи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Худо бероҳ созад. Онон, ки аз роҳи Худо каҷрав шаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро аз ёд бурдаанд, ба азобе сахт гирифтор мешаванд» (сураи «Сод», 26).
– «Шайтон душмани шумост, ӯро душман гиред. Шайтон фармонбарони худро даъват кунад, то ҳама аз дӯзахиён бошанд», (сураи «Фотир», 6).
Ҳамин душманон, ба назари мо, иҷрои амрҳои Худоро душвор ҷилвагар месозанд, то аз иҷрояшон саркашӣ намоем. Чизҳоеро зебову осон ба назар меоранд, ки иҷрояшон манъ карда шудаанд. Ин душманон монда нашуда, моро шабу рӯз аз роҳи ҳақ гардониданӣ мешаванд. Пас, бояд дар роҳи ҳақ устувору собитқадам бошем ва сабр кунем, чӣ хеле Худованд мефармояд: «Чизеро, ки ба ту ваҳй мешавад, пайравӣ ва сабр кун, то Худо доварӣ кунад, ки Ӯст беҳтарини доварон» (сураи «Юнус», 109).
Касе дар ин дунё дарду душвориро ҳис мекунад ва онро бо сабр пушти сар мегузорад, назди Худованд мақоми баландтарро сазовор аст. Аҷре, ки барои сабркунандагон дода мешавад, аз аҷри амали дигари солеҳин ба маротиб болост.
Дар ҳадис мехонем: «Дар Рӯзи қиёмат аҳли офият орзу мекунанд, ки кош ба мо ҳам аз аҷри сабркунандагон насиб мешуд» (Имом Тирмизӣ).
Пас, собирин қаноату оромӣ, хушбахтиву дастгирии Парвардигорро дар ин дунё ва саодати абадиву аҷри беҳисобро дар он дунё ба даст меоранд. Худованд хабар медиҳад: «Бигӯед, эй бандагони Ман, ки имон овардаед, аз Парвардигори худ битарсед. Барои онон, ки дар ҳаёти индунёӣ некӣ кардаанд, подош (ҷазо)-и нек аст. Ва замини Худо паҳновар аст, музди собирон беҳисобу комил адо мешавад» (сураи «Зумар», 10).
Худоё, моро аз ҷумлаи собитқадамону собирин гардон, омин!
Бобои Шарофиддин