Баъд аз суханронии Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини аввали раиси ҲНИТ дар ҷаласаи саркумитаи Маҷлиси намояндагон баҳсу баррасии лоиҳаи тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни интихоботи парлумонӣ доир гардид. Ин ҳам дар ҳолест, лоиҳаи мазкур аз ҷониби вакилони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар парлумон пешниҳод шуда буд.
Саидумар Ҳусайнӣ дар робита ба ин масъала гуфт, лоиҳае, ки кунун баррасӣ шуд, ҳудуди ду моҳ қабл пешниҳод гашта буд. Бо вуҷуди ин “қариб ҳамаи вакилон ба тамоми бандҳои лоиҳаи пешниҳодшудаи мо эрод гирифта, мухолифати худро ҷиҳати он изҳор карданд. Ҳол он ки далелҳои пешниҳоднамудаи вакилон бемантиқ буданд.
Ба гуфтаи ин вакили ҲНИТ, вукалои парлумон гӯё бандҳои алоҳидаи лоиҳаро мухолиф ба муқаррароти дигар қонун гуфтаанд, дар ҳоле ки таҳқиқи муаллифони лоиҳа собит намудааст, далоили ҳамтоёнашон асос надоштаанд. Дар ҳамин ҳол, Саидумар Ҳусайнӣ супоришӣ будани чунин як мавзеъгирии вакилони парлумонро рад намекунад. Зеро “ҳудуди даҳ вакил мухолифати ғайримантиқии худро мефаҳмиданд, аммо парвое надоштанд”, афзуд ӯ.
Бояд гуфт, иддае аз вакилон, ба монанди Галия Рабиева ба лоиҳа мухолифати шадид нишон додаанд. “Аз ҷумла нисбат ба банди аввали пешниҳоди мо, ки он бобати панҷ соли ахир хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ кардани шаҳрвандон буд. Ба андешаи мо, ҳар як шаҳрванд новобаста аз он ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ кардааст, ҳуқуқи интихоб кардану интихоб шуданро дорад” гуфт, С. Ҳусайнӣ ва афзуд, “дар ҳоли баррасии ин нуқта танҳо як вакил аз шуъбаи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагон моро ҷонибдорӣ кард. Ӯ гуфт, “шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар хориҷи кишвар фаъолият намоянд ва набояд мо ҳуқуқи чунин шаҳрвандонро маҳдуд кунем”. Вале Галияи Рабиева бо ҳассосият мегуфт, “мо ҳеҷ гоҳ иҷозат намедиҳем, ки касе панҷ соли ахир дар хориҷ зиндагӣ кардааст, дар кишвари мо номзад шавад”. Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз якуним миллион шаҳрванди мо дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад”.
Банди асосии лоиҳа – «ворид намудани намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ба комиссияҳои интихоботии участкавӣ ба ҳайси аъзо» ҷиддан рад карда шудааст. Вакилон пазириши ин бандро ба риоя нагаштани адолат дар интихобот арзёбӣ намудаанд. Ҳамчунин намояндаи ҳукумат низ гуфтааст, намояндагони участкаҳои интихоботӣ набояд аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ бошанд. Чунин як мавқеъгирӣ дар ҳолест, ки беш аз навад дарсади аъзои участкаҳои интихоботӣ намояндагони ҳизби ҳокиманд.
Дар ҷаласа ду банди лоиҳаи ҲНИТ-ро қисман қабул карданд, ки якеаш “баргардонидани гаравпулӣ ба номзад дар сурати гирифтани 10%-и овозҳои интихобкунандагон» ва дигари он «бо қалами ранга пур кардани протоколҳо” будааст. Аммо нисбат ба дигаре аз бандҳои боқимондаи ислоҳотӣ вакилон розигӣ надодаанд ва пешниҳодҳои асосии лоиҳа қабул нагардидаанд.
“Ҳатто дар бораи ширкат кардани намояндаҳои аҳзоб дар участкаҳои интихоботӣ гуфтанд, ки қонун ширкати онҳоро манъ накардааст, ҳар касе мехоҳад, ширкат кунад, вале дар ҷараёни интихобот ҳеҷ гоҳ ин амал сурат намегирад, балки тақаллубкориҳо бараъло ба назар мерасанд. Ман далел овардем, ки худи банда дар шаҳри Душанбе номзад будам, ба участкаи интихоботӣ намояндаи ҳизбӣ пешниҳод кардем, вале ҳавзаи интихоботӣ ин пешниҳоди моро рад кард. Аз ин рӯ, ин нуқта бояд дар қонун дарҷ гардад, то намояндагони аҳзоби сиёӣ бо такя ба қонун дар интихобот иштироки фаъолона намуда тавонанд… Ҳарчанд талош менамудем, ки фаҳмонем бандҳои пешниҳоднамудаи мо кори интихобкунандагонро осон мегардонад, вале мутаассифона, кӯшишу талошҳои мо бенатиҷа анҷом ёфтанд”, гуфт ҷаноби Ҳусайнӣ.
Categories
ТАҲЛИЛ