Categories СИЁСАТ

Шарипов ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва Ҳукумов ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд?

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон расман тасдиқ намуд, ки алайҳи Амонуллои Ҳукуматулло раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, дар робита ба садамаи пурсарусадои фалокатбори шаби 9 октябр парвандаи маъмурӣ боз намудааст.

ВКД мегӯяд, вобаста ба беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишони додан дар таълиму тарбияи фарзанд нисбати волидони Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Ҳамчунин дар сомонаи расмии ин вазорат омадааст, ”нисбати иштирокчии дигари садамаи мазкур Шарипов Умарҷон Давлатмуродович, соли таваллудаш 1992, сокини ш.Душанбе, пеш бо моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 212, қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад.” Аммо то ҳол ин вазорат нагуфтааст, ки Шарипов Умарҷон дар он садама ба кадом ҳайс “иштирок” кардааст.

Хотиррасон менамом, ки тахминан соатҳои 02:30-дақиқаи шаби 8-ум ба 9-уми октябри соли 2013, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт садамаи нақлиётие рух дод, ки бар асари он се нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо рӯзи 11 октябр бо пахши як иттилоия номи соҳиби BMW-еро, ки шаби 9 октябр дар Душанбе се нафар, аз ҷумла писар ва як хеши раҳбари чойхонаи “Роҳат”-ро кушт, эълон кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, соҳиби BMW Расули Амонуллои 16-сола, сокини шаҳри Душанбе, будааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш соҳиби ин BMW Асрор Ҳукумов, бародарзодаи Амонулло Ҳукумов эълон шуда буд.

Садамаи маргбори писари Амонулло Ҳукумов дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор оварадаст. Дар пайи эълони номи Расули 16-сола дар ин садама аксҳои мухталифи ӯ бо мошини БМВ-яш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд. Ин барои бори дувум аст, номи фарзандони Амонулло Ҳукумов дар сархати расонаҳо қарор мегиранд.

Ду соли пеш писари ӯ Рустам Ҳукумов ба далели қочоқи маводи мухаддир дар Русия дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.

More From Author

You May Also Like